Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамчун санади ҳуқуқии фарогири манфиатҳои тамоми сокинони мамлакат дар таърихи давлатдории миллати куҳанбунёдамон аҳамияти махсус дорад. Он пеш аз ҳама, ба истиқлолияти давлатии Тоҷикистон асоси ҳуқуқӣ гузошта, сиёсати давлатдории миллиамонро ба низом дароварда, ҷумҳуриро ба шоҳроҳи сифатан нави давлатдорӣ ворид намуд.
Дарвоқеъ, Конститутсия ҳама гуна хаёли хом ва андешаҳои носолими душманони давлат ва миллати моро ботил баровард ин санади олии ҳуқуқӣ дар баробари ба Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳукми конститутсионӣ бахшидан, тақдири ояндаи давлат ва миллатро муайян кардан, халқи тоҷикро қувваи асосӣ ва пешбарандаи ҳаёти ҷомеа ва давлат эълон доштан, ҳаёти сиёсию иҷтимоиро аз се унсур – манфиати шаҳрванд, ҷомеа ва давлат баҳо додан, инчунин дар таърихи навини давлатдорӣ ҳамчун ғалабаи нахустини ақли солим ва хиради азалии халқи тоҷик аз болои қувваҳои сиёҳкори аҳриманӣ ва зулмот, ки мехостанд тавассути ҷанги шаҳрвандии таҳмилӣ шаҳди истиқлолияти миллии моро кашида гиранд, арзёбӣ мегардад.
Истиқлоли давлатии Тоҷикистон тавассути Конститутсияи соли 1994 аз нигоҳи ҳуқуқӣ ба расмият дароварда шуд. Роҳу равиши зиндагӣ ва тартибу усули рушди конститутсионӣ баъди қабули Конститутсияи соли 1994 бори дигар собит намуд, ки ҳаёти сиёсӣ ва иҷтимоию иқтисодии кишвар берун аз чорчӯбаи Конститутсия наметавонад орому пурмаҳсул ҷараён гирад. Зиёда аз ин, кулли дигаргуниҳое, ки таи солҳои охир дар мамлакат сурат гирифтанд, бидуни Конститутсия ва ислоҳоти баъдинаи конститутсионӣ ба амал омаданашон ғайриимкон буд. Илова ба ин, Конститутсияи соли 1994 нисбат ба вазифаҳои ҳуқуқию муассисиаш аз ҳама беҳтару саривақтӣ вазифаи муттаҳидгардониро ба иҷро расонид. Дар марҳилаи хеле ҳассоси сиёсиву иҷтимоӣ қабул шудани Конститутсия он ба марказе табдил ёфт, ки дар меҳвари он қувваҳои солими ҷомеа падидаи хеле нодири охири асри XX фарҳанги сулҳи тоҷиконро эҷод ва дар амал татбиқ намуданд. Аз рӯи анъана, конститутсияҳо дар давраҳое қабул мегарданд, ки давлату ҷомеа аз як сатҳи инкишоф ё худ сохти ҷамъиятӣ ба сатҳи дигари инкишоф гузариш мекунад.
Бояд қайд кард, ки барои тақвияти истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва ваҳдати халқи Тоҷикистон Конститутсияи соли 1994 боэътимодтарин омил ва санади ҳуқуқии ташаккули давлатдории миллӣ мебошад. Агар ба инобат бигирем, ки тибқи назарияҳои навтарини иҷтимоӣ баробари унсурҳои асосии ташаккулдиҳандаи миллат (умумияти ҳаёти иқтисодӣ, ҳудуди ягона ва хусусиятҳои муайяни равонӣ), инчунин зарурати давлатдории миллӣ низ махсус қайд мегардад, аҳамияти фавқулодда ва бузурги Конститутсия дар таҳкими пояҳоя иҷтимоию иқтисодӣ, ҳуқуқӣ ва мафкуравии давлати навистиқлоли тоҷикон тавассути тағйирнопазир эълон шудани на танҳо шакли идора, балки моҳияти ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ, демократӣ ва иҷтимоии давлат ба таври барҷаста аён мегардад.
Воқеан, ҷавобгӯи демократия будани ин ё он конститутсия аз мундариҷаи демократӣ доштани он бармеояд. Қабл аз ҳама, Конститутсия бояд ба рушди мунтазаму устувори ниҳодҳои бунёдии демократӣ мусоидат кунад, ки интихоботи озоду шаффоф, интихобӣ будани ашхоси мансабдор, озодии афкор, дастрасӣ ба сарчашмаҳои алтернативии иттилоот, ҳуқуқҳои умумии шаҳрвандӣ, мухторияти иттиҳодияҳо (ҳизбҳои сиёсӣ, гурӯҳҳо аз рӯи маифиат, ҷамъиятҳои шаҳрвандон ва ғ.) ба онҳо шомиланд. Ғайр аз ин, ҳукуқҳои асосӣ, мувозинати манфиатҳо, ҳисоботдиҳӣ, намояндагӣ, мусолиҳакорӣ, идоракунии пурсамар, баровардани қарорҳои босалоҳият, шаффофият ва ошкорбаёнӣ – омилҳое мебошанд, ки аз рӯи сабт ва кафолати таъмини онҳо дар қонунҳои асосӣ инкишофи демократӣ бебозгашт хоҳад шуд. Ҳатто аз рӯи ин назария метавон бо гузашти солҳо ба Конститутсияи Тоҷикистон баҳои мусбат дод.
Аз таҳлили ҳамаҷонибаи Конститутсия чунин хулоса мешавад, ки моҳияти давлатдории миллиро ҳам ба маънои миллӣ ва ҳам ба маънои умумишаҳрвандӣ дарк кардан лозим аст. Ғайр аз ин, халқро соҳибихтиёр эълон кардани Конститутсия, пеш аз ҳама, ба халқи тоҷик имконияти васеъ фароҳам меорад, ки маҷмӯи масъалаҳоро марбут ба бунёди давлати миллӣ ҳал кунад, зеро дар Тоҷикистон халқиятҳои миллӣ мавҷуданд ва миёни онҳову миллати таҳҷоӣ ҳеҷ гуна асос барои ихтилоф вуҷуд надорад. Ғайр аз ин, дар қисми дуюми моддаи аввал давлати иҷтимоӣ будани Тоҷикистон зикр шудааст ва аз ин меъёр низ хулоса мешавад, ки давлат барои ҳар як инсон ва ҳар як шаҳрванд новобаста аз (миллату нажод, мазҳабу забон ва мавқеи иҷтимоӣ, ҳуқуқу озодӣ, шароити зиндагӣ ва инкишофи озодонаи баробарро таъмин мекунад.
Ҳамасола рӯзи 6 ноябр – дар рӯзи қабули Конститутсия сарвари давлат бо суханони табрикотӣ баромад намуда, аз аҳамияти ин санади сарнавиштсоз сухан меронад. Ҳамин тавр, Эмомалӣ Раҳмон дар баромади худ бахшида ба 15 солагии Конститутсияи Тоҷикистон қайд намуд, ки 6 ноябри соли 1994 аввалин маротиба дар таърихи давлатдории тоҷикон худи халқ бо дарки масъулияти баланд дар назди наслҳои гузашта, имрӯза ва оянда роҳи раъйпурсии умумихалқиро пеш гирифта, қонуни барои халқи тоҷик сарнавиштсоз – Конститутсияи Тоҷикистонро қабул намуд.
Соли 2003 якқатор санадҳои ҳуқуқӣ, аз ҷумла дар бораи нақши занон дар ҷомеа, соли 2004 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи боздошти муваққатии татбиқи ҳукми қатл дар Тоҷикистон» қабул карда мешавад, ки ҳуқуқ ба ҳаётро пурра кафолат медиҳанд. Ин муҳимтарин рамзи ислоҳоти конститутсионӣ дар мамлакт гардид.
Баромади сарварри давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи бахшида ба 18 солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷолиби диққат аст. Дар он роҳбарияти сохторҳои қудратӣ, мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла мақомотҳои амният ва судӣ, Шӯрои адлия, прокуратура, Вазорати корҳои дохилӣ, сохторҳои гуногуни ҳарбӣ ва дигар шахсони масъул ширкат варзиданд.
Сарвари давлат аз рӯзҳои аввали душвори истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, аз ҷумла бӯҳрони конститутсионӣ, муфлисшавии ҳокимияти давлатӣ, фазои холӣ ва натиҷаи ҷанги беамони шаҳрвандӣ сухан карда, чунин қайд намуд: «Раъйпурсии умумихалқӣ барои таҳия ва қабули Конститутсияи Тоҷикистони соҳибихтиёр омили асосии мустаҳкам намудани давлатдории навини тоҷикон гардид».
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараёни суханронии худ ёдовар шуд, ки «Азбаски мақсади асосии давлати мо сохтмони ҷомеаи ҳуқуқӣ, демократӣ ва иҷтимоӣ мебошад, Конститутсияи нави Тоҷикистон, ки дар худ тамоми арзишҳою анъанаҳои волои миллӣ ва инсондӯстиро таҷассум менамояд, дар асоси изҳори иродаи халқ қабул гардида аст».
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси бошукӯҳи бахшида ба 20 солагии Конститутсияи Тоҷикистон, ки дар шаҳри Душанбе баргузор гардида буд, бори дигар аз аҳамияти бузурги Қонини асосӣ барои давлату миллат ёдоварӣ намуд. Албатта ӯаз аҳамияти таърихии Конститутсияи давлати соҳибистиқлол, нақши он дар сохтмони давлатдории тоҷикон ёдрас шуд. Ба ақидаи сарвари давлат «Конститутсия – ин санади тақдирсозест, ки танҳо ва танҳо ба шарофати ақлу заковат, шуҷоату мардонагии халқ ба даст омада, маданияти баланди ҳуқуқии халқро ифода менамояд, он тавонист, ки асосҳои истиқлолияти давлатиро мустаҳкам намояд».
Ба муносибати 20 солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2014 таҳти рақами № 163 дар толори Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони мақомотҳои гуногуни ҳокимияти давлатӣ, олимон ва муттахассисони соҳаи ҳуқуқ, намояндагони мақомотҳои назорати конститутсионии давлатҳои хориҷа ва ташкилотҳои байналмиллалӣ конференсияи байналмиллалӣ дар мавзӯи «Нақши Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сохтмони давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, иҷтимоӣ, дунявӣ ва ягона», баргузор гардид.
Дар маросими 21 солгарди санади тақдирсози кишвар аз таърихи қабули он, дастоварҳои ноилгардида дар 21 – соли амали Конститутсия, нақши Конститутсия дар сохтмони давлати демокративу ҳуқуқбунёд ва таъсиси ҷомеаи адолатпарвар ёдоварӣ гардид.
Дар рафти гузариши чорабинии сатҳи байналмиллалӣ Раиси Суди Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳкам Маҳмудзода бо маърӯза дар мавзӯи «Нақши Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таъсиси давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, ягона ва унитарӣ» баромад намуда, дар суханронии худ ӯ аз аҳамияти таърихии Конститутсия ҳамчун дастоварди боарзиши истиқлолияти давлатӣ ва аҳамияти санади сиёсӣ – ҳуқуқӣ дар барпошавии давлатдории навини тоҷикон сухан кард.
Дар конференсия дигар маърӯзаҳои ҷолиби диққат оиди Конститутсия, аз ҷумла дар мавзӯъҳои: «Таърихи таҳия ва қабули Конститутсия», «Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Конститутсияҳои дигар давлатҳои Осиёи Марказӣ дар тӯли 20 сол», «Конститутсия ва рушди қонунгузорӣ» ва дигар мавзӯъҳои мухталиф, шунида мешавад. Дар ҳамаи ин суханрониҳо нақш ва хусусиятҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд карда шуд.
Ҳамин тавр, Конститутсияи нави тоҷикон аҳамияти бузург дорад. Он пеш ҳама дар он зоҳир мегардад, ки баъди қабули Қонуни Асосӣ дар системаи сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронидани ислоҳотҳои васеъи сиёсӣ ва иҷтимоию иқтисодӣ оғоз мегардад, аз он ҷумла баргузории интихоботи президентӣ ва парламентӣ. Он ба тамоми дунё хабар медиҳад, ки дар Саёра давлати ҷавони ҳуқуқбунёд, демократӣ, иҷтимоӣ ва ҳуқуқӣ – Давлати тоҷикон – қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ, мавҷудият ва рушд менамояд. Он роҳҳои инкишофи конститутсионии давлат, самти рушди сохтмони демократии кишвар ва муносибатҳои бозорӣ – иқтисодиро муайян намуда, таҳкурсиро барои меъёрикунонии ҳаёти ҷамъиятӣ – сиёсии кишвар гузошт.
Хулоса, барои ҳар як давлат қабули Конститутсия лаҳзаи басо муҳими таърихӣ ба ҳисоб меравад. Шароит ва омилҳои гуногуне, ки дар давлат бавуҷуд меояд, ҳамеша ба рушди раванди конститутсионии он таъсир мерасонад. Аз ин рӯ, Қонуни асосӣ санади асосии давлат ва ҷомеа ба ҳисоб меравад.
Мақсади ҳар як Конститутсия дар он ифода меёбад, ки он ҳамаи дастовардҳои давалатро дар марҳилаи муайяни таърихӣ расмӣ мегардонад, ҳамчунин дар назди давлат ва ҷомеа вазифаҳои нав мегузорад. Ҳамаи Конститутсияҳое, ки Тоҷикистон қабул намудааст, марҳилаи нави рушди давлату ҷомеаро дар бар мегирад. Конститутсия дар силсилаи асноди қонунгузории давлат мақоми муайянкунандаро ишғол менамояд. Зеро маъёрҳои Сарқонун эътибори олии ҳуқуқӣ дошта, комилан бо муқаррароти умумипазируфташудаи ҳуқуқи байналхалқӣ мутобиқ мебошанд.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи дастовардҳои бузурги мардуми Тоҷикистон буда, заминаи ҳуқуқии бунёди давлати тозабунёд ва соҳибистиқлоли тоҷикон, шакли ифодаи ҳуқуқии ормонҳои давлатдории миллӣ, ҳимояи ҳадафҳо ва манфиатҳои миллӣ, осори таърихӣ ва фарҳангии миллӣ мебошад.
Толипова Сайёра, н.и.т. муаллими калони кафедраи муносибатҳои байналмилалӣ ва ҳуқуқ.