Рисолаи доктории Ҳурлиқо Қаюмова – мудири кафедраи методикаи таълими забонҳои хориҷӣ тасдиқ гардид. Бояд ёдовар шуд, ки Ҳурлиқо Қаюмова рисолаи докторияшро 6 августи соли 2026 дар мавзуи “Нақши анъанаҳои халқи тоҷик дар ташаккули тарбияи ватандӯстӣ, сулҳпарварӣ ва таҳаммулпазирии хонандагони хурдсол” дар Шурои диссертатсионии назди Академияи таҳсилоти Тоҷикистон ҳимоя карда буд.
Раёсати Донишгоҳ ва ҳайати омӯзгорони кафедраи методикаи таълими забонҳои хориҷӣ муаллимаи гиромиро ба ин дастоварди илмӣ табрик гуфта, таманно доранд, ки дар ҷодаи илм муваффақияти боз ҳам бештарро соҳиб гардад.