Шоми 1 – уми ноябри соли 2026 бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, сиёсӣ ва ҳисси ватандӯстии донишҷӯёни муқими хобгоҳ мулоқоти судманди намояндагони Дастгоҳи марказии созмони Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон – Ҷамолиддинзода Бадриддин ва Набиев Ҷамолиддин баргузор гардид.
Вохӯриро мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Донишгоҳ Гадозода Шоҳрух ҳусни оғоз бахшида, доир ба дастгириҳои пайвастаи давлату Ҳукумат нисбат ба ҷавонон, фароҳам овардани шароити мусоид барои таҳсил, зиндагӣ дар хобгоҳ ва нақши фаъоли донишҷӯён дар пешрафти ҷомеаи муосир ибрози андеша намуд.
Сипас, Ҷамолиддинзода Бадриддин баромад карда, дар мавзӯи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, моҳият ва арзиши он дар ҳаёти ҳар як шаҳрванд, инчунин нақши ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз дар таҳкими сулҳу субот ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон муфассал суханронӣ кард.
Дар фарҷоми вохӯрӣ донишҷӯён ба саволҳои худ вобаста ба самтҳои гуногуни фаъолияти ҷавонон ва қонунгузорӣ аз ҷониби масъулин посухҳои мушаххас гирифтанд.