ТАКМИЛИ ОМӮЗИШИ ЗАБОНИ РУСӢ ДАР РАВАНДИ ТАЪЛИМ

Бо мақсади иҷро намудани “Барномаи давлатии такмил ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ” ва дар асоси нақшаи-чорабиниҳои кафедраи методикаи таълими забон ва адабиёти рус барои соли таҳсили 2026-2027 дар факултети забон ва адабиёти руси Донишгоҳ мизи мудаввар дар мавзуи “Методика преподавания русского языка и литературы в условиях цифровой трансформации образования” баргузор гардид.

Дар мизи мудаввар муовини декани факултети забон ва адабиёти рус Меҳроҷиддин Бобобекзода, мудири кафедраи методикаи таълими забон ва адабиёти рус Ганҷина Тағозода ва омӯзгорону донишҷӯён иштирок намуданд.

Ҳамчунин дар раванди баргузории мизи мудаввар н.и.п., дотсент Мавлуда Товбаева дар мавзуи “Интеграция традиционных приёмов и цифровых ресурсов при обучении русскому языку в национальной школе”, н.и.п., дотсент Насима Заробекова дар мавзуи “Методы использования цифровых технологий в подготовке будущих учителей к профессиональной деятельности” ва дигар омӯзгорону донишҷӯён баромад намуданд.

Мақсад аз баргузории мизи мудаввар омӯзиши забонҳои хориҷӣ, махсусан забони русӣ ва татбиқи технологияҳои муосир дар раванди таълим мебошад.