Дар факултети забонҳои Аврупои Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода бо роҳбарии куратори гуруҳи 5102 тв, ассистенти кафедраи забонҳои романӣ-германӣ Ҳувайдо Миров дарси кушоди тарбиявӣ дар мавзӯи «Меҳргон ҷашни таърихии мардуми ориёӣ» баргузор гардид.
Мақсади асосии ташкил ва баргузор намудани ин гуна дарсҳои кушод худшиносии миллӣ, эҳтиром ба арзишҳои фарҳангиву таърихии миллати тоҷик, тарғиби анъана ва суннатҳои аҷдодӣ, ошно намудани донишҷӯён бо таърихи пайдоиш ва аҳаммияти ҷашни Меҳргон мебошад.
Дар рафти дарс донишҷӯён дар бораи таърихи пайдоиш, суннатҳои қадима ва аҳаммияти фарҳангиву иҷтимоии ҷашни Меҳргон маълумот пешниҳод намуданд. Зимни баромадҳо доир ба нақши ин ҷашни бостонӣ андешаҳои ҷолиб баён гардида, суханронӣ бо забонҳои хориҷӣ, сурат гирифт.

