НАМОЯНДАИ ШУРОИ БРИТАНИЯ (BRITISH COUNCIL) БА ДОНИШГОҲ ТАШРИФ ОВАРД

Директори минтақавии Шурои Британия (British Council) дар Ӯзбекистон ва кластери ин ниҳод барои минтақаи Осиёи Марказӣ Майкл Ҳоулгейт ва менеҷери лоиҳаи AELLCA дар Тоҷикистон Алишер Ҷаборов ташриф оварда бо ректори Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода профессор Гулназарзода Жило мулоқоти судманд доир намуданд.

Ташрифи мазкур дар доираи татбиқи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти байналмилаликунонии таҳсилоти олии касбӣ ва таҳкими робитаҳои устувори байналмилалӣ, аз ҷумла, иштироки Донишгоҳ дар лоиҳаи байналмилалии «Суръатбахшии омӯзиши забони англисӣ дар Осиёи Марказӣ» – AELLCA (Accelerating English Language Learning in Central Asia) сурат гирифт.

Мулоқот бо намояндагони Британияи Кабир бо муаррифии фаъолияти Донишгоҳ оғоз гардида, дар ҷараёни он масъалаҳои татбиқи лоиҳаи байналмилалии AELLCA, имкониятҳои муассиса ҷиҳати ҳамкорӣ бо донишгоҳҳои Британияи Кабир ва нақшаҳои минбаъда дар доираи лоиҳаи мазкур баррасӣ гардиданд.

Баъди мулоқоти расмӣ меҳмонон аз факултети равияи омӯзгории забони англисӣ дидан карда, бо донишҷӯён ва омӯзгоронифакултети мазкур суҳбати озоду самимӣ доир намуданд.

Зимни суҳбат бо омӯзгорон масъалаҳои татбиқи лоиҳаи AELLCA, иштироки омӯзгорон дар лоиҳа, аҳаммияти он дар такмили ихтисоси омӯзгорон ва баланд бардоштани сатҳи дониши забони англисии онҳо баррасӣ гардиданд.

Дар қисмати ҷамъбастии мулоқот ба нишони эҳтироми мутақобила ва таҳкими равобити фарҳангӣ ба меҳмонон тарҷумаҳои асари Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Забони миллат – ҳастии миллат”, бо забони англисӣ тақдим гардид.