Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ташаккули давлатдории миллӣ, эҳёи арзишҳои таърихиву фарҳангӣ ва муайян намудани роҳи мустақили рушди кишвар заминаи нав фароҳам овард. Вале солҳои аввали соҳибистиқлолӣ бо вазъи ниҳоят мураккаби сиёсию иҷтимоӣ, нооромӣ ва муқовиматҳои дохилӣ ҳамроҳ буданд. Дар чунин шароит масъалаи ҳифзи давлат, барқарор намудани оромӣ ва ба ҳам овардани ҷомеа ба вазифаи сарнавиштсози роҳбарияти кишвар табдил ёфт. Маҳз дар ҳамин марҳилаи ҳассоси таърихӣ Пешвои миллат – Эмомалӣ Раҳмон ба арсаи роҳбарии давлатӣ ворид шуда, масъалаи сулҳ, субот ва ваҳдати миллиро ҳамчун ҳадафи асосии сиёсати давлатӣ қарор дод.
Пешвои миллат – Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали ба зимма гирифтани роҳбарии давлат масъулияти бузурги барқарор намудани пояҳои давлатдорӣ ва ҳифзи ягонагии ҷомеаро эҳсос мекард. Воқеияти он солҳо нишон медод, ки идомаи нооромӣ метавонист ба ҳастии давлат, амнияти шаҳрвандон ва ояндаи миллат хатари ҷиддӣ эҷод намояд. Аз ин рӯ, мавқеи сиёсии ӯ ба зарурати қатъи низоъ, бозгардонидани мардум ба зиндагии осоишта ва таҳкими ҳокимияти қонунӣ асос меёфт. Ин мавқеъ на танҳо муносибати сиёсӣ, балки интихоби масъулонае буд, ки манфиатҳои умумимиллиро аз ҳар гуна манфиати маҳдуд болотар мегузошт.
Нақши Пешвои милат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин раванд пеш аз ҳама дар он зоҳир гардид, ки ӯ роҳи сулҳу созишро ҳамчун роҳи ягонаи наҷоти кишвар интихоб намуд. Дар шароите, ки эҳсосоти ҷудоихоҳӣ, нобоварӣ ва зиддиятҳои сиёсӣ ҷомеаро фаро гирифта буданд, ӯ пайваста ба ҳамдигарфаҳмӣ, сабру таҳаммул ва авлавият додани манфиати Ватан даъват мекард. Ин даъватҳо тадриҷан ба самти муайяни сиёсати давлатӣ табдил ёфтанд. Ҳадаф танҳо қатъи муқовимат набуд, балки фароҳам овардани заминаи устувор барои сулҳи пойдор ва зиндагии муштараки шаҳрвандони кишвар буд.
Сиёсати сулҳофарии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти пайгирона, иродаи сиёсӣ ва омодагӣ ба ҳалли масъалаҳои печида тавассути гуфтушунид тавсиф меёбад. Ӯ масъалаи музокироти байни тоҷиконро дар маркази таваҷҷуҳи худ қарор дода, барои пеш бурдани он аз тамоми имкониятҳои сиёсӣ ва дипломатӣ истифода намуд. Дар вохӯриҳо ва гуфтушунидҳои марҳилавӣ мавқеи роҳбари давлат ба ҳифзи истиқлолият, тамомияти арзӣ, волоияти қонун ва барқарор намудани сулҳи шаҳрвандӣ такя мекард. Пайгирии ҳамин принсипҳо имкон дод, ки роҳи ҳалли сиёсӣ тадриҷан устувор гардад.
Дар баробари корҳои марбут ба музокирот, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таҳкими сохторҳои давлатӣ, барқарор кардани фаъолияти мақомоти идоракунӣ ва фароҳам овардани заминаи ҳуқуқии давлатдорӣ аҳамияти аввалиндараҷа медод. Қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 1994 барои таҳкими пояҳои ҳуқуқии ҷомеа аҳамияти бузург дошт. Конститутсия арзишҳои сулҳ, ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, ягонагии давлат ва масъулияти мақомоти ҳокимиятро муқаррар намуд. Ин заминаи ҳуқуқӣ ба раванди барқарорсозии давлатдорӣ ва таҳкими эътимоди ҷомеа мусоидат кард.
Ҳар як қадами роҳи сулҳ ба фаъолияти бевоситаи Пешвои миллат – Эмомалӣ Раҳмон ва устувории мавқеи сиёсии ӯ пайванд дошт. Ӯ аз роҳбарони давлатӣ ва аҳли ҷомеа талаб мекард, ки дарки манфиати умумимиллиро аз манфиатҳои шахсӣ, маҳаллӣ ва гурӯҳӣ боло гузоранд. Дар чунин мавқеъ мафҳуми ваҳдати миллӣ танҳо як шиори сиёсӣ набуд; он ба барномаи амалии барқарор намудани эътимод, пешгирӣ аз парокандагӣ ва муттаҳид сохтани ҷомеа табдил ёфт. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист ин мафҳумро ба яке аз арзишҳои асосии зиндагии сиёсию маънавии кишвар мубаддал намояд.
Музокироти сулҳ тадриҷан ба марҳилаҳои муайян ворид шуданд. Дар ҳар марҳила масъалаҳои оташбас, амнияти шаҳрвандон, бозгашти сокинони муҳоҷиршуда, барқарор намудани ҳаёти осоишта ва кафолатҳои иҷрои созишҳо баррасӣ мегардиданд. Пешвои миллат – Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун роҳбари давлат ба он мекӯшид, ки ҳар гуна қарор ба таҳкими сулҳ ва нигоҳ доштани манфиатҳои давлат хизмат кунад. Ин муносибати масъулона ба раванди гуфтушунид мазмуни амалӣ бахшида, барои расидан ба созишҳои муҳим шароит фароҳам овард.
Марҳилаи муҳими ин талошҳо ба солҳои 1996–1997 рост меояд. Дар ин давра иродаи сиёсии роҳбари давлат, сабру таҳаммул дар масъалаҳои душвор ва кӯшиши бартараф намудани монеаҳои мавҷуда аҳамияти хос дошт. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳо ва мулоқотҳои худ пайваста таъкид мекард, ки сулҳ барои Тоҷикистон интихоби ногузир ва ҳифзи он вазифаи ҳар як шаҳрванди кишвар аст. Чунин мавқеъ барои фароҳам омадани фазои эътимод ва наздик шудани ҷонибҳо ба ҳалли масъалаҳои асосӣ мусоидат намуд.
Натиҷаи муҳими фаъолияти сулҳофарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон 27 июни соли 1997 дар шаҳри Москва гардид. Ин санади таърихӣ оғози марҳилаи нави ҳаёти сиёсӣ ва иҷтимоии ҷумҳурӣ буд. Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар имзои он ва муайян намудани самти минбаъдаи татбиқи муқаррароти созишнома нақши ҳалкунанда дошт. Имзои Созишномаи умумӣ нишон дод, ки сиёсати пайгиронаи сулҳ, муросо ва ҳифзи манфиатҳои давлат метавонад ҷомеаро аз вазъи душвор ба сӯи субот роҳнамоӣ кунад.
Аммо нақши Пешвои миллат танҳо бо имзои санади сулҳ анҷом наёфт. Марҳилаи баъди имзои Созишномаи умумӣ барои пойдор сохтани натиҷаҳои бадастомада саъю кӯшиши бештар талаб мекард. Роҳбари давлат вазифаи татбиқи муқаррароти созишнома, барқарор намудани фаъолияти мӯътадили ниҳодҳои давлатӣ, таҳкими амният ва ба эътидол овардани ҳаёти ҷомеаро дар меҳвари сиёсати худ қарор дод. Дар ин давра иҷрои тадриҷии вазифаҳои барқарорсозӣ, таъмини амният ва рушди кишвар идома ёфт.
Яке аз самтҳои муҳими сиёсати баъдиҷангӣ бозгардонидани мардум ба зиндагии осоишта, фароҳам овардани муҳити эътимод ва бартараф намудани оқибатҳои иҷтимоиву иқтисодии низоъ буд. Пешвои миллат – Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид менамуд, ки сулҳ бояд ба беҳбудии воқеии рӯзгори мардум, рушди маорифу фарҳанг, иқтисод ва таҳкими амнияти иҷтимоӣ оварда расонад. Бо ҳамин роҳ мафҳуми ваҳдат аз доираи сиёсӣ берун рафта, ба арзиши муҳими иҷтимоӣ ва маънавии ҷомеа табдил ёфт.
Дар заминаи сиёсати муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ваҳдати миллӣ ҳамчун пояи устувори давлатдорӣ маънои амиқ пайдо кард. Он пеш аз ҳама муттаҳидии шаҳрвандонро дар атрофи давлат, эҳтироми қонун, ҳисси масъулият дар назди Ватан ва ҳифзи арзишҳои умумимиллӣ ифода менамояд. Барои ҷомеае, ки солҳои нооромиро аз сар гузаронида буд, чунин фаҳмиши ваҳдат аҳамияти сарнавиштсоз дошт. Он имконият дод, ки шаҳрвандон ба ояндаи кишвар бо эътимод нигаранд ва дар корҳои созандагӣ фаъолона ширкат варзанд.
Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сиёсати пайгиронаи худ тавонист ваҳдати миллиро ба омили муттаҳидсозандаи ҷомеа табдил диҳад. Ҳар сол таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ на танҳо ёдоварӣ аз як санаи таърихӣ, балки таъкиди аҳамияти сулҳ, ҳамдигарфаҳмӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ мебошад. Дар суханрониҳои роҳбари давлат ҳамеша андешаи ҳифзи дастовардҳои сулҳ, пешгирӣ аз ҳама гуна низоъ ва тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи ватандӯстӣ ҷойгоҳи махсус дорад. Ин равиш барои устувор гардидани фарҳанги сулҳ дар ҷомеа мусоидат менамояд.
Аҳамияти фаъолияти Пешвои миллат дар таҳкими сулҳ аз он ҳам бармеояд, ки пас аз ба эътидол омадани вазъи сиёсӣ Тоҷикистон имконият пайдо кард ба корҳои созандагӣ, рушди иқтисодӣ, бунёди инфрасохтор, пешрафти маориф ва фарҳанг таваҷҷуҳи бештар диҳад. Суботи сиёсӣ барои пешрафти ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ шарти зарурӣ гардид. Аз ин рӯ, ваҳдати миллӣ ҳамчун натиҷаи сиёсати сулҳофаронаи роҳбари давлат ба яке аз заминаҳои муҳими рушди минбаъдаи кишвар табдил ёфт.
Таҷрибаи Тоҷикистон собит сохт, ки ҳифзи давлатдорӣ ва сулҳи шаҳрвандӣ роҳбарияти дурандеш, иродаи қавии сиёсӣ ва ҳисси баланди масъулиятро талаб мекунад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар лаҳзаҳои бисёр душвори таърихи навини кишвар тавонист роҳи сулҳу суботро интихоб намуда, ҷомеаро ба сӯи ҳамдигарфаҳмӣ ва созандагӣ раҳнамун созад. Нақши ӯ дар ин раванд дар қабули қарорҳои муҳим, пеш бурдани сиёсати сулҳ, таҳкими давлатдорӣ ва ташаккули ғояи ваҳдати миллӣ ифода меёбад.
Ҳамин тавр, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун сарвари сиёсатмадоре шинохта мешавад, ки дар заминаи ваҳдат миллатро ба ҳам овард. Саҳми ӯ дар барқарор намудани сулҳ, таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва табдил додани ваҳдати миллӣ ба арзиши муҳими ҷомеа дорои аҳамияти таърихӣ аст. Имрӯз сулҳу суботи Тоҷикистон ва имконияти идомаи корҳои созандагӣ ба таҷрибаи сулҳофарӣ ва сиёсати муттаҳидсозандаи роҳбари давлат пайванд доранд. Ҳифзи ин дастовард вазифаи умумии ҳар як шаҳрванди кишвар мебошад.
Мирова Нағзигул, муаллими калони кафедраи фалсафа ва сиёсатшиносӣ.