ОМӮЗГОР ПАЙВАНДГАРИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ ДАР ТАМАДДУНИ БАШАРӢ

Омӯзгор пайвандгари арзишҳои миллӣ ва башарӣ маҳсуб меёбад. Илова бар ин омӯзгор дар ташаккули ҷаҳонбинӣ, худшиносӣ, масъулияти иҷтимоӣ, фарҳанги маънавӣ ва муносибати ахлоқии насли наврасу ҷавон саҳми назаррас мегузорад. Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва густариши технологияҳои иттилоотӣ аҳаммияти ҳамоҳангсозии арзишҳои миллӣ бо арзишҳои умумибашарӣ бештар гардида, аз омӯзгор сатҳи баланди фарҳанги касбӣ, ҷаҳонбинии илмӣ ва масъулияти ахлоқӣ талаб карда мешавад.

Омӯзгор дар ҳама давру замон яке аз муҳимтарин тарбиятгарони инсон ва пайвандгари таҷрибаи маънавии ҷомеа ба наслҳои оянда шинохта шудааст. Агар мактабро фазои ташаккули шахсият арзёбӣ намоем, омӯзгор дар меҳвари ин раванд қарор дошта, тавассути дониш, рафтор, гуфтор ва муносибати касбии худ ба ҷаҳонбинии хонанда таъсир мерасонад. Аз ҳамин ҷиҳат, масъалаи нақши омӯзгор дар интиқоли арзишҳои миллӣ ва башарӣ масъалаи иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва ахлоқӣ низ мебошад.

Арзишҳои миллӣ маҷмӯи он унсурҳои маънавӣ, таърихӣ, фарҳангӣ ва ахлоқие мебошанд, ки ҳувияти як миллатро ташаккул медиҳанд. Забон, фарҳанг, хотираи таърихӣ, анъанаҳои созанда, эҳтиром ба Ватан, худшиносии миллӣ, эҳтироми калонсолон, масъулият дар назди ҷомеа ва арҷгузорӣ ба мероси гузашта аз ҷумлаи чунин арзишҳо мебошанд. Омӯзгор ин арзишҳоро бештар тавассути намунаи шахсӣ ва муносибати рӯзмарраи худ ба хонанда интиқол медиҳад.

Дар баробари ин, инсони муосир танҳо дар доираи арзишҳои миллӣ ташаккул намеёбад. Ӯ узви ҷомеаи ҷаҳонӣ низ мебошад. Аз ин рӯ, эҳтироми ҳуқуқ ва қадру манзалати инсон, адолат, озодии фикр, таҳаммулпазирӣ, сулҳ, масъулият, ҳамдигарфаҳмӣ, ҳифзи муҳити зист ва ҳамзистии фарҳангҳо ҳамчун арзишҳои умумибашарӣ бояд дар раванди таълиму тарбия ҷойгоҳи муносиб дошта бошанд.

Вазифаи муҳими омӯзгор аз он иборат аст, ки робитаи дохилии онҳоро ба хонанда нишон диҳад. Муҳаббат ба фарҳанги миллӣ набояд бо инкори фарҳанги дигар миллатҳо ҳаммаъно гардад; худшиносии миллӣ бояд бо эҳтиром ба дигарон, масъулият дар назди ҷомеаи худ бошад бо дарки масъулияти умумиинсонӣ ҳамоҳанг карда шавад.

Дар чунин раванд омӯзгор бояд худ соҳиби фарҳанги баланди ахлоқ бошад. Хонанда рафтори ӯро мушоҳида мекунад. Агар омӯзгор аз адолат сухан бигӯяд дар муносибат бо хонандагон табъиз нишон диҳад, ё аз эҳтироми инсон ҳарф занаду шахсияти шогирдро таҳқир кунад, таъсири тарбиявии сухани ӯ заиф мегардад. Аз ин рӯ, арзиш пеш аз он ки ба мавзӯи дарс табдил ёбад, бояд ба меъёри рафтори худи омӯзгор мубаддал гардад.

Дар шароити ҷаҳонишавӣ ин масъулият боз ҳам меафзояд. Имрӯз хонанда аз шабакаҳои иҷтимоӣ ва фазои рақамӣ бо садҳо намунаи арзишӣ рӯ ба рӯ мегардад. Дар чунин муҳит омӯзгор наметавонад нақши интиқолдиҳандаи маълумотро иҷро намояд. Ӯ бояд хонандаро ба таҳлил, муқоиса, интихоб ва арзёбии ахлоқии иттилоот омӯзонад, то шахс тавонад байни арзиши воқеӣ ва арзиши зоҳирӣ фарқ гузорад.

Самаранокии пайвандгарӣ дар тамаддун аз чанд омили муҳим вобаста мебошад: сатҳи омодагии касбии омӯзгор, муҳити ахлоқии муассисаи таълимӣ, ҳамкории мактаб ва оила, мазмуни барномаҳои таълимӣ, сифати муносибати омӯзгор бо хонанда ва истифодаи усулҳои фаъоли таълим. Аз ҳамин сабаб, тарбияи арзишӣ бояд фаъолияти ҷудогона фаҳмида нашавад, балки дар тамоми сохтори раванди таълим ҷой дода шавад.

Омӯзгор яке аз муҳимтарин интиқолдиҳандагони арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ мебошад. Вазифаи ӯ ташаккули инсоне мебошад, ки ҳам ҳувияти миллии худро мешиносад ва ҳам ба арзишҳои умумии башарӣ эҳтиром мегузорад. Омӯзгор тавассути дониш, фарҳанги муошират, намунаи ахлоқӣ ва муносибати одилона метавонад дар ташаккули чунин шахсият саҳми муассир гузорад.

Аз ин рӯ, баланд бардоштани мақоми омӯзгор, рушди фарҳанги касбӣ ва ахлоқии ӯ, такмили муҳтавои тарбиявии таҳсилот ва таҳкими ҳамкории мактаб, оила ва ҷомеа бояд аз самтҳои муҳими сиёсати маориф ба ҳисоб равад. Зеро сифати ояндаи ҷомеа дар бисёр маврид аз он вобаста аст, ки омӯзгори имрӯз ба шогирди худ на танҳо чӣ дониш медиҳад, балки чӣ гуна арзишҳоро дар вуҷуди ӯ устувор месозад.

ЛАЙЛОИ САФАР, ассистенти кафедари таърих ва робитаҳои байнифарҳангии факултети забонҳои Аврупо.