Бахшида ба рӯзи омӯзгорон аз эҷодиёти устоди бузургвор Абдураҳмони Ҷомӣ ёдрас шудан хеле ба маврид аст, ки аз мақому манзалати омӯзгор шаҳодат медиҳад:
Агар дар ҷаҳон набвад омӯзгор,
Шавад тира аз бехирад рӯзгор.
Албатта, ин гуфтаҳо нишон медиҳанд, ки пешрафти ҷомеа бе нақши созандаи омӯзгор ғайриимкон аст. Омӯзгор бо тарбияи насли ҷавон руҳияи маънавии миллатро баланд бардошта, роҳи ҳар як инсонро ба сӯйи камолот равшан месозад. Бо боварии комил метавон гуфт, ки фардои илму маориф, фарҳанг ва дар умум ояндаи дурахшони ҷомеаи мо аз заҳмату мавҷудияти ин касби бошараф сахт вобаста аст.
Бешубҳа дар ҳама давру замон мутаффакирони бузурги форсу тоҷик ва намояндагони дигар забону миллат мақоми омӯзгорро дар ҳаёти ҷамъиятӣ хеле баланд арзёбӣ кардаанд. Дар ин ҷо овардани ибрози андеша ва гуфторҳои шахсони бузург бамаврид ҳисобида мешаванд. Чуноне дар яке аз баромадҳояшон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҷеъ ба мақому манзалати омӯзгор қайд намуда буданд, ки “Муаллим ақл, шарафу виҷдони ҷомеа ва симои асосии он мебошад. Вай донишу заковат, гармии худро бедареғ ба фарзандон медиҳад ва хешро хушбахт меҳисобад”.
Дар шароити муосири рушди илму техника ва таҳаввулоти иҷтимоӣ, меъёрҳои ҷомеа нисбат ба касби омӯзгор ба куллӣ боло рафтаанд. Ҳамзамон, нақши созандаи устодон дар таҳкими ин пешрафт пайваста меафзояд. Рисолати иҷтимоӣ ва вазифаҳои касбии омӯзгор дар ҳамоҳангӣ бо тағйироти глобалии ҷомеа шакли нав мегиранд, зеро устод ҳамчун узви фаъоли ҷомеа тамоми равандҳои замони муосирро дар фаъолияти худ инъикос менамояд.
Ҳар як омӯзгор на танҳо фанни таълимии худро меомӯзад, балки инчунин фаъолияти омӯзгории худро амалӣ месозад. Ин маънои онро дорад, ки омӯзгор ҳамеша дар ҳамкории мутақобила бо таълимгирандагон, волидайн, ҳамкасбон ва бо дигар шахсон қарор дорад ва функсияҳои муайяни заруриро, яъне функсияҳои фаъолияти педагогии худро иҷро мекунад.
Омӯзгорон бо чунин сифатҳои нотакрори худ дар рафти фаъолияти касбии хеш маҳсулеро ба даст меоранд, ки аз он дар мамлакат тамоми соҳаҳо, махсусан иқтисодиёт, соҳаи иҷтимоӣ, сиёсат ва маданият, дар умум пешрафти ҷамъият вобаста аст.
Фаъолияти касбии омӯзгор пеш аз ҳама бояд ба худи ӯ писанд бошад, баъдан раванди таълиму тарбия ба хонандагон низ қобили қабул мегардад ва аз ин ҷо натиҷаи баланди фаъолияти касбӣ назаррас мегардад. Баъдан омӯзгор низ ба шубҳа дода намешавад.
Баланд бардоштани қадри заҳмати омӯзгорон бо сабаби ҳаҷми зиёди кори онҳо ҳамеша муҳим аст. Шарофати сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати кишвар аст, ки маоши устодон ҳамасола афзоиш меёбад. Ин иқдом кафолат медиҳад, ки дар оянда нуфузи омӯзгор ва сатҳи зиндагии онҳо боз ҳам баландтар хоҳад шуд.
Ҳарчанд агар ба даҳ соли қабл назар афканем ҳангоми гузаронидани пурсишнома бо омӯзгорон онҳо бештар аз маош, робитаи сусти мактаб бо оила, мавқеъи пасти иҷтимоии омӯзгор, аз мактаб рафтани кадрҳои баландихтисос норозигӣ баён мекарданд, акнун аз нарасидани мутахасисони ба талабот ҷавобгӯбуда сухан меравад. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки мавқеи омӯзгор дар ҷамъият хеле баланд гашта, зарурияти тайёр намудани омӯзгорони касбӣ ба амал омадааст.
Бинобар ин, эҳтиром ва муносибати хуб ба омӯзгор бояд вазифаи ҳар як фарди башар бошад, зеро ба ҷо овардани ин талабот қарзи ҳар яке аз мову шумо мебошад.
Ман мехоҳам изҳор намоям, ки дар ин кори пуршарафу муқаддас – тарбияи насли ояндасози миллат маҳз заҳмату меҳнати омӯзгорон назаррас ва беҳамто ҳисобида мешавад. Дар охир, ба ҳамаи омӯзгорони кишвар саломатии бардавом, саодати рӯзгор ва комёбиҳои беназир хоҳонам. Иди касбӣ муборак, устодони гиромӣ!
Холиқзода Холмаҳмад Холиқ, н.и.п, муаллими калони кафедраи психологияи факултети муносибатҳои байналмилалӣ