Шахсияти Ҷалолуддини Балхӣ (1207–1273) дар таърихи афкори фалсафӣ ва ирфонӣ мақоми хос дорад. Ӯ мафҳумҳои динӣ, ахлоқӣ ва маърифатиро танҳо дар доираи маънои зоҳирӣ шарҳ намедиҳад, балки ба ботин, рамз ва имкониятҳои маърифатии ақли инсон рӯ меорад. Аз ин ҷиҳат, андешаи Мавлоно пайванди ирфон бо таҳлили фалсафӣ буда, ба масъалаи камолоти маънавии инсон мазмуни амиқ мебахшад.
Ақл ҳамчун пояи маърифат ва худсозии инсон
Дар таълимоти Мавлоно ақл яке аз пояҳои муҳими маърифат аст. Ақл ба инсон имкон медиҳад, ки аз ғалабаи шаҳват ва ғазаб раҳо гардад, низоми ботинии худро ба танзим дарорад ва ба камолоти маънавӣ наздик шавад. Аз ин рӯ, ақл дар «Маснавӣ» танҳо усули маърифат нест, балки қувваи роҳнамоест, ки инсонро аз гумроҳӣ бозмедорад ва ба сӯи ҳақиқат раҳнамун месозад.
Таваҷҷуҳи Мавлоно ба маънои ботинии қоидаҳои динӣ бо ақлгароии ӯ пайванди устувор дорад. Ӯ дар рукнҳои динӣ маънои ахлоқӣ ва рамзиро меҷӯяд ва инсонро ба андеша кардан дар бораи ҷаҳони офаридашуда фаро мехонад. Ба ин маънӣ, Мавлоно низ, монанди Носири Хусрав, ба ҳадиси Паёмбар такя мекунад: «Андар офариниш андеша кунед ва андар Офаридагор андеша накунед».
З-ин васият кард моро Мустафо:
«Баҳс кам ҷӯед дар зоти Худо».
Дар аҷабҳояш ба фикр андарравед,
Аз азимӣ в-аз маҳобат гум шавед
Раванди маърифати ирфонӣ дар андешаи Мавлоно аз ақл ҷудо нест: ақл на монеаи муҳаббат, балки воситаи дарки маъно ва ҳидояти инсон аст. Аз ҳамин ҷиҳат, ӯ мегӯяд: «Ин муҳаббат ҳам натиҷаи дониш аст». Солик роҳи маърифати худро аз мушоҳидаи мавҷудот оғоз мекунад, шинохти ҷаҳон тавассути таҳлили ақлонӣ сурат гирифта, инсонро аз маърифати махлуқот ба маърифати Холиқ мерасонад. Мавлоно ин андешаро ба таври рамзӣ баён мекунад: сайёд, ки аз пайи изи пои ғизол меравад, аз вуҷуди он огоҳ мегардад. Аммо ин танҳо оғози роҳ аст, зеро изи по ӯро ба чизи арзишмандтар – нофаи ғизол, мерасонад ва ӯ ба марҳилаи болотари шинохт мегузарад. Дарёфти нофа сайёдро ба мақсад наздик месозад. Ба ҳамин маъно, вуҷуди махлуқот аз вуҷуди Холиқ шаҳодат медиҳад.
Тавсиф ва дифоъ аз ақл
Ақли ту нагзорадат, ки каж равӣ
Аз диди Мавлоно, ақл неруи меъёргузор ва роҳнамоест, ки инсонро аз каҷравӣ нигоҳ медорад. Ақл кирдорро месанҷад, неку бад ва дурустро аз нодуруст ҷудо мекунад. Дар ин байт Мавлоно ба мақоми идоракунандаи ақл ишора менамояд, ки барои ҳаёти маънавӣ аҳамияти бунёдӣ дорад.
Ақл бар нафс аст банди оҳанин
Мавлоно ақлро воситаи назорат бар қувваҳои ғаризӣ мешуморад. Агар нафс бидуни назорати ақл амал кунад, инсон ба бесарусомонии ботинӣ гирифтор мешавад. Ақл ҳамчун «банди оҳанин» иродаи устуворест, ки шаҳват ва ғазабро маҳдуд карда, ҳаёти инсонро ба низом меорад.
Ақли ҷузвӣ ақлро бадном кард
Мавлоно ба тафовути миёни ақли маҳдуд ва ақли ҳақиқӣ таваҷҷуҳ мекунад. Вақте ки ақл танҳо ба манфиатҳои хурд, ҳавасҳои гузаранда ё масъалаҳои ҷузъӣ хидмат менамояд, мақоми худро аз даст медиҳад. Аммо ақли комил арзиш ва мақоми аслии маърифатро ҳифз мекунад.
Пас накӯ гуфт он расули хушҷавоз,
Зарраи ақлат беҳ аз савму намоз.
З-он ки ақлат ҷавҳар аст, ин ду араз,
Ин ду дар такмили он шуд муфтараз.
Аз диди Мавлоно, ибодат бе шуур ва дарки маънавӣ арзиши комил пайдо намекунад. Ақл ҷавҳарест, ки ибодат барои такмил ва парвариши он хидмат мекунад. Бе иштироки ақл ибодат аз мазмуни амиқи маънавии худ дур мешавад.
Ақли имонӣ чу шаҳнаи одил аст,
Посбону ҳокими шаҳри дил аст.
Мавлоно ақлро неруи назоратгар ва ҳокими ботини инсон медонад. Ақл адолатро дар «шаҳри дил» таъмин намуда, аз ғалабаи нафс пешгирӣ мекунад ва сохтори маънавии инсонро ба тартиб медарорад.
Ақл зидди шаҳват аст, эй паҳлавон,
Он ки шаҳват метанад, ақлаш махон.
Аз диди Мавлоно, шахсе, ки тобеи шаҳват аст, наметавонад ба маънои аслӣ оқил шумурда шавад, зеро ақл бар зидди шањват қарор дорад. Ақл неруи худидоракунӣ ва ахлоқист, ки инсонро аз ҳолати ҳайвонӣ болотар мебарад.
Аз ин рӯ, Мавлоно ба ақл ҳамчун ҷавҳар ва пояи ҳаёти маънавӣ менигарад. Бе ақл маърифат, ахлоқ ва дарки амиқи дин ба камол намерасад.
Рамзшиносӣ, ахлоқ ва камолоти маънавӣ
Яке аз хусусиятҳои муҳими тафаккури Мавлоно тафсири рамзӣ ва ахлоқии мафҳумҳои динӣ мебошад. Дар чунин тафсир «биҳишт» ва «дӯзах» ҳолатҳои равонӣ ва ахлоқии инсонро низ ифода мекунанд: андешаи нек ба биҳишт ва андешаи бад ба дӯзах монанд аст. «Фаришта» рамзи фикри пок, «дев» нишони одатҳои зишт ва «пули сирот» гузариши доимӣ аз ҳолати ҳайвонӣ ба ҷаҳони маънавӣ мебошад. Ин гуна таъвилҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки Мавлоно динро на танҳо маҷмӯи муқаррароти зоҳирӣ, балки низоми маъноҳо ва рамзҳо медонад.
Мафҳуми «қиёмат» низ дар таълимоти ӯ маънои ботинӣ пайдо мекунад. Он метавонад эҳёи маънавии инсон дар ҳамин ҷаҳон бошад: вақте ки инсон аз андешаҳои торик ва хислатҳои нописанд рӯй мегардонад ва ба фикри равшан ва рафтори нек мерасад, дар вуҷуди ӯ қиёмат ё эҳёи маънавӣ рух медиҳад. Аз ин дидгоҳ, инсон пеш аз ҳама мавҷуди соҳибандеша аст, мазмун ва самти андешаҳои ӯ сатҳи зиндагӣ ва рафторашро муайян мекунанд.
Мавлоно бадиро ҷавҳар намедонад, балки онро аз ҷумлаи аразҳо мешуморад. Инсон табиатан бад нест, дур шудан аз некӣ ва ташаккули одатҳои нописанд боиси падид омадани бадӣ мегардад. Бинобар ин, роҳи ислоҳ ва бозгашт ба некӣ ҳамеша кушода аст. Мубориза бо нафс дар ҳамин замина маъно пайдо мекунад: инсон бояд бо ҳушёрии ахлоқӣ нафсро, ки Мавлоно ба аждаҳои зинда ташбеҳ мекунад, маҳдуд созад. Арзиши амал низ танҳо бо мутобиқати зоҳирии он ба қоидаҳо муайян намешавад, балки бо пайомади он барои камолоти маънавӣ ва ахлоқии инсон вобаста аст.
Таҳлил нишон медиҳад, ки дар низоми фалсафӣ ва ирфонии Ҷалолуддини Балхӣ ақл мақоми бунёдии маърифатӣ ва ахлоқӣ дорад. Ӯ мафҳумҳои динӣ ва эсхатологиро дар иртибот бо маънои рамзӣ ва ботинии онҳо шарҳ дода, камолоти инсонро ба парвариши ақл, покии андеша, худидоракунӣ ва мубориза бо нафс пайванд медиҳад. Аз ин рӯ, мероси Мавлоно инсонро ба зиндагии огоҳона ва рушди неруҳои маънавӣ дар роҳи камолот раҳнамун месозад.
Карамхудоев Шукрат, доктори илмҳои фалсафа, профессори кафедраи фалсафа ва сиёсатшиносӣ.