Имрӯз, 15 сентябри соли 2026 дар доираи силсилаи суҳбату вохӯриҳо ректори Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода, профессор Жило Гулназарзода бо донишҷӯёни курси аввали факултети равияи омӯзгории забони англисӣ мулоқоти озоду самимӣ намуд.
Ректори Донишгоҳ зимни мулоқот бо донишҷӯёни курси аввал аз баргузории ҷашни пуршукуҳи 35 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдовар шуда, таъкид намуд, ки маҳз бо шарофати Истиқлоли давлатӣ имрӯз барои насли навин тамоми шароиту имкониятҳои мусоид фароҳам оварда шудааст.
Бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар саросари Тоҷикистони азиз сулҳу субот ҳукмфармо аст. Мо дар фазои сулҳу субот зиндагӣ мекунем ва имконияти амалӣ кардани мақсаду ҳадафҳои созандаи худро дорем.
Дар рафти мулоқот донишҷӯён суханронӣ карда, минатдории худро ба Пешвои миллат барои фароҳам овардани тамоми шароиту имкони таҳсил баён доштанд. Ҳамзамон андешаҳои худро пиромуни рафти таълиму омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар Донишгоҳ, ҷараёни баргузории дарсҳои амалӣ ва назариявӣ иброз доштанд.
Дар фароварди мулқот, ректори Донишгоҳ профессор Жило Гулназарзода иброз дошт, ки донишҷӯён бояд, аз имкониятҳои фароҳамоварда самаранок истифода бурда, забонҳои хориҷӣ, технологияҳои инноватсионӣ, касбу ҳунарҳои гуногунро омӯзанд, дар озмунҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ фаъолона ширкат намоянд ва бо донистани забонҳои хориҷӣ кишвари азизамонро дар сатҳи байналмилалӣ муаррифӣ намоянд.


