Дар доираи чорабиниҳои ҷашни бошукуҳи 35 солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади арҷгузорӣ ба хизматҳои шоистаи омӯзгорону собиқадорони Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода, бо ташаббуси раёсати Донишгоҳ як қатор омӯзгорон аёдат карда шуда, бо (кӯмаки якдаъфаинаи молиявӣ) таъмин карда шуданд.
Намояндагони раёсати Донишгоҳ, зимни аёдат омӯзгорону собиқадороне, ки солҳои тулони дар Донишгоҳ кор ва фаъолияти пуршараф кардаанд, ба муносибати ҷашни фархундаи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ аз номи роҳбарияти Донишгоҳ самимона табрик намуданд.
Зимни суҳбат бо собиқадорон таъкид гардид, ки саҳми онҳо дар рушду пешрафти соҳаи маориф, омода кардани мутахассисони назаррас буда, фаъолияти пурмасъулияти онҳо барои насли имрӯзаи кишвар мактаби ибрат ва сабақи зиндагӣ мебошад.


