Имрӯз бахшида ба 115 – солагии Сотим Улуғзода хонандагони гимназияи назди Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода бо роҳбарии директори муассиса Леммара Джамирова аз осорхонаи Донишгоҳ дидан намуданд.
Хонандагон дар осорхона бо зиндагинома ва осори Сотим Улуғзода, аксу китобҳо, дастхат ва ашёву ҷоизаҳои нависанда дидан намуданд.


