Дар пайравӣ ба сиёсати забонгустарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омӯзгорони Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода панҷ сол аст, ки ба тарҷума ва нашри асарҳои мондагори миллати тоҷик камар бастаанд. Омӯзгорони Донишгоҳ шаҳодатномаи миллат, китоби мондагору безаволи Пешвои миллат “Забони миллат – ҳастии миллат” – ро бо 7 забони хориҷӣ тарҷума ва нашр намудаанду айни замон, тарҷумаи он бо забонҳои дигари тадрисшавандаи Донишгоҳ идома дорад.
Бо ташаббусу ибтикороти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бузургдошти Робиаи Балхӣ дар Тоҷикистони офтобӣ таҷлил мегардад ва ҳамчунин 1050 – солагии ин модари шеъри форсӣ ба Феҳрисити бузургдоштҳои байналмилалии ЮНЕСКО барои солҳои 2026-2027 дохил гардид.
Вобаста ба санаҳои муҳимми таърихӣ Раёсати Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода ҷиҳати сазовор истиқбол гирифтан аз 1050 – солагии аввалин бонуи порсигӯ осори боқимондаи ӯро бо 10 забони тадрисшавандаи Донишгоҳ: забонҳои русӣ, англисӣ, чинӣ, куриёӣ, ҷопонӣ, фаронсавӣ, олмонӣ, арабӣ, хатти ниёгон ва забони ӯзбекӣ тарҷума ва бо номи “КАРОНАНОПАДИД” интишор намуданд.
Ин китоб бо мақсади муаррифии мероси адабии Робиаи Балхӣ дар фазои байналмилалӣ ва густариши шинохти адабиёти классикии тоҷик таҳия шудааст.

