Дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ бо ташаббуси раёсати Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ бахшида ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар чорабинӣ устодон, кормандон ва донишҷӯёни Донишгоҳ фаъолона иштирок намуда, бо пешниҳоди барномаи рангини фарҳангӣ, суруду таронаҳои ватандӯстона, рақсҳои миллӣ фазои идонаро боз ҳам шукуҳманд гардониданд.
Тибқи Нақша- чорабиниҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар ҳафта дар боғҳои фарҳангию фароғатии пойтахт чунин чорабинии фарҳангӣ дар назар аст.
Ҳадафи баргузории чорабинӣ таҳкими ҳисси ватандӯстӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ, тарғиби фарҳанги волои тоҷикон ва таҷлили дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар мебошад.


