ТАШРИФИ САФИРИ ФАРОНСА ВА ИФТИТОҲИ МАРКАЗИ ОМӮЗИШИИ ЗАБОНИ ФАРОНСАВӢ ДАР ДОНИШГОҲ

25 июни соли 2026 дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода бо иштироки ректори Донишгоҳ, доктори илмҳои филологӣ, профессор Жило Гулназарзода ва Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Элза Пинёл Маркази омӯзиши забони фаронсавӣ дар назди факултети забонҳои Аврупо мавриди истифода қарор дода шуд.

Ректори Донишгоҳ зимни суханронӣ меҳмононро самимона хайрамақдам гуфта, ифтитоҳи марказро рӯйдоди муҳим дар роҳи таҳкими ҳамкориҳои илмиву фарҳангии Тоҷикистону Фаронса арзёбӣ намуд. Ӯ таъкид кард, ки ба фаъолият оғоз намудани чунин марказ дар арафаи таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ рамзи дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва густариши робитаҳои байналмилалӣ мебошад.

Дар навбати худ, сафири Ҷумҳурии Фаронса хонум Элза Пинёл барои истиқболи гарму самимии роҳбарияти Донишгоҳ изҳори сипос намуда, саҳми муассисаро дар омодасозии мутахассисони соҳибкасбу забондон ва рушди ҳамкориҳои таълимӣ байни ду кишвари дӯст баланд арзёбӣ кард. Ӯ, инчунин, омодагии ҷониби Фаронсаро барои тавсеаи ҳамкориҳо дар самти омӯзиши забони фаронсавӣ ва татбиқи барномаҳои муштараки таълимӣ иброз намуд.

Дар фарҷоми маросим чун рамзи дӯстӣ ва эҳтироми мутақобил, роҳбарияти Донишгоҳ ба сафири Ҷумҳурии Фаронса хонум Элза Пинёл туҳфаи хотиравӣ тақдим намуд.