Санаи 25 то 28 июни соли 2026 дар варзишгоҳи Ниной Акино дар Манила пойтахти Филиппин мусобиқаи варзишӣ миёни ҷавонону наврасон баргузор гардид. Дар ин мусобиқаи бонуфуз донишҷӯи курси дуюми факултети Забонҳои Аврупои Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода Бобоҷон Қодиров ширкат намуд. Ин мусобиқа 500 нафар варзишгарро аз 31 давлати дунё ба ҳам овард. Ҳамчунин роҳхат ба мусобиқаи ҷаҳонро, ки моҳи сентябри соли 2026 дар Тоҷикистон баргузор мегардад соҳиб гардид.
Бобоҷон Қодиров дар вазни 58 кг самбочиёни мамлакатро намояндагӣ намуда, сазовори медали нуқра гардид.
Бояд гуфт, ки Филиппин бори аввал аст, ки ин гуна мусобиқаро мизбонӣ мекунад.
ИН ДАСТОВАРДИ ВАРЗИШИИ ДОНИШҶӮИ ДОНИШГОҲ ТӮҲФАИ АРЗИШМАНДЕСТ БАРОИ ҶАШНИ БУЗУРГИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ.

