Имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллии Тоҷикистонро, ки ҷашни Ваҳдати миллӣ меномем, 29 сол пур мешавад. Бо шарофати ба имзо расидани ин Созишномаи тақдирсоз мардуми тоҷик тавонист, ки ба муноқишаҳои дохилӣ ва муқовимати мусаллаҳона хотима бахшида, ба марҳалаи навини Тоҷикистон – гузоштани пойдевори сулҳ, таъмини амнияти шаҳрвандон ва дар ин асос ба эътидол овардани фаъолияти соҳаҳои хоҷагии халқи Тоҷикистон ва рушди он оғоз намояд.
Ваҳдати миллӣ ҳамчун омили муттаҳидсозандаи тамоми мардуми Тоҷикистон шароит фароҳам овард, ки бо истифодаи арзишҳои аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътирофшуда дар кишвар таҳкурсии ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ гузошта шавад ва барои беҳтар гардидани сатҳи зиндагии мардум, ободӣ ва ояндаи давлати соҳибистиқлол заминаи мусоид муҳайё гардад.
Аз таърихи сипаригардидаи инсоният бармеояд, ки дар марҳалаҳои гуногуни зиндагӣ бо сабабҳо ва омилҳои гуногун унсурҳои таъминкунандаи ваҳдат халалдор шуда, боиси парокандагӣ ва ҳатто нобудшавии қавму миллатҳо ва давлатҳо гардидааст. Ба миллати тоҷик борҳо хатари парокандагию нобудӣ таҳдид карда, давлатҳои эҷодкардааш рӯ ба завол оварданд, вале дар тӯли бештар аз ҳазор сол худро аз маҳвшавӣ наҷот дода, то ба истиқлолияти миллию давлатӣ расид.
Пас аз соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон ин омилҳо хеле авҷ гирифтанд. Аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ гурӯҳҳои алоҳидаи сустиродаи кишвар таҳти таъсири андешаҳои тундгароёнаи доираву неруҳои бадхоҳи дохиливу хориҷӣ қарор гирифта, ҷумҳуриро ба гирдоби низоъҳои дохилӣ ва баъдан ба кашмакашиҳои мусаллаҳона кашиданд. Чӣ тавре, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар асараш «Тоҷикон дар оинаи таърих» нигоштааст: «Баъди ҳазор соли бедавлатӣ ва эҳёи давлатдории миллӣ … низои байнихудии тоҷикон ба амал омад, ки рушди ҷумҳуриро даҳсолаҳо қафо партофт. Қариб як миллион нафар шаҳрвандон гуреза шуданд”.
Майдоннишиниҳои дар Тоҷикистон ба вуҷуд омада нақшаи фалаҷ кардани ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва маънавиро доштанд ва оқибат он ба фоҷиа оварда расонид. “Иллати ин бадбахтӣ он буд, ки кашокашиҳои вазифахоҳӣ, талабҳои ғайриконститутсионии дастгоҳҳои идоракунии давлат, хусусан дастгоҳҳои ҳифзи ҳуқуқро фалаҷ карданд. Қонуншиканиҳо меъёри зиндагии баъзе одамони соҳибвазифа гардид”- қайд намудааст Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар асари худ. Албатта, ҳар давлату ҷомеа ба душворию буҳрон дучор мешавад ва бо роҳҳои гуногун ин мушкилиҳоро паси сар менамояд.
Дар кишварҳои мухталифи ҷаҳон низ задухӯрдҳо ва муноқишаҳои дохилии ба хунрезӣ оварда кам набуданд. Ҷанги шаҳрвандие, ки шуруъ гардид, натиҷаи тараққиёти ноҷури иктисодӣ дар минтақаҳои кишвар аз як тараф, омезиши омилҳои манфитарини маҳалгароӣ, мансабхоҳӣ, динӣ ва зиддикоммунистӣ аз тарафи дигар буд. Вале табиати сулҳҷӯёна ва характери миллии тоҷикон, ки ҳамеша ба гузашт ва созиш моил аст, агарчи дар таърихи гузашта боиси аз даст додани манфиатҳои ҳаётӣ шуда буд, ин дафъа барои дарки манфиатҳои умумимиллӣ мусоидат кард. Воқеан ин як навъ афкори дурандешона ва хирадмандиро ифода мекунад ва баъди шикасти давлати Сомониён ҳаёт ба тоҷикон имконияти нодиру беназирро пешкаш кард, ки давлати ягонаи миллии хешро бунёд кунанд.
Муаррихону муҳақиқони гузаштаву муосир собит менамоянд, ки тоҷикон ҳанӯз аз замонҳои дури таърихӣ бо ваҳдатсолориву фарҳангпарварӣ, бунёдкориву созандагӣ мақоми махсус доранд ва насли наврасу ҷавононро зарур аст, ки аз мероси гаронбаҳои гузаштагону имрӯзиён бархурдор бошанд. Воқеан ҳақ ба ҷониби Пешвои миллат аст, ки дар асари «Тоҷикон дар оинаи таърих» гуфтаанд: «Афроде, ки аз сарнавишти миллат, таърихи гузаштаи сарзамини аҷдодӣ ва марзу бум, расму ойини ниёгон … огаҳӣ надоранд, ҳеҷ гоҳ инсони комил ва фарзанди барӯманди замони худ шуда наметавонанд».
Дар таърих воқеаҳое ба амал омадаанд, ки бо падидоии худ дар раванди чомеа тағйироти куллиро ба миён овардаанд. Имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар таърихи мардуми тоҷик низ аз қиболи чунин воқеаҳо ба шумор меравад. Маҳз ҳамин Ваҳдати миллӣ ҳазорҳо фирориёни ҳамватани бегуноҳи моро, ки иҷборан тарки хоки ин ватани муқаддас карда буданд, сарҷамъ намуда аз нав ба зиндагии шоиста раҳнамун сохт. Ваҳдати миллӣ бо вуқуъаш гардиши куллиро дар ҷомеаи Тоҷикистони навин роҳандозӣ сохт. Сулҳу суботи бадастомада, натиҷаи заҳматҳои сулҳофарини миллати тоҷик ва иродаи хирадмандонаи ҷонибҳои мухолиф ва пеш аз ҳама сарвари кишвар буд. Раванди минбаъдаи зиндагӣ нишон дод, ки истиқрори сулҳу субот ва Ваҳдати миллӣ бузургтарин дастовард дар таърихи сокинони Тоҷикистон мебошад, ки дар натиҷаи сарҷамъии мардуми он ва фарзандони фарзонаи кишвар, бо дастгирии давлатҳои ба мо хайрхоҳ ба вуқуъ омадааст. Аз ҳамин лиҳоз ҳифзу эҳтиёт намудани ин неъмати бебаҳо ва муқаддас, вазифаи ҷонии ҳар як афроди ватандӯсту меҳанпарвар ва худогоҳу хештаншинос ба шумор меравад.
Ваҳдати миллӣ ягонагии тамоми қишрҳо, ниҳодҳо ва неруҳои дар ҷомеа сукунат дошта мебошад, ки баҳри рушду нумӯи он фаъолият менамоянд. Мафҳуми Ваҳдати «миллат» танҳо мансуби этникии ягона набуда, балки ваҳдати тамоми сокинони он новобаста аз мансубияти миллию динӣ ба шумор меравад. Дар дарки истилоҳи “Ваҳдати миллӣ” афзал донистани манфиатҳои миллат аз манфиатҳои фардӣ ва гуруҳӣ ба шумор меравад. Чунки вуҷуд доштани ҳеҷ яке аз манфиатҳои шахсӣ ва ё гуруҳӣ дар ҷудоӣ, яъне берун аз ҳадафи манфиатҳои миллӣ аз имкон берун аст. Дар масъалаи афзалияти манфиатҳо бояд қайд намуд, ки нақши сарвари сиёсӣ назаррас аст. Сарвари сиёсӣ манфиатҳои кулли чомеаро аз манфиатҳои шахсию гуруҳӣ ва қавмӣ боло мегузорад ва ин ақидаи комилан дуруст ба сарвари сиёсии кишвари мо тавъан мебошад.
Омилҳое вуҷуд доранд, ки Ваҳдати миллиро ба хусус барои сокинони кишвар дучанд муҳим сохта, онро арзиши мутлақ мегардонанд. Метавон онҳоро ба ду қисм ҷудо намуд. Омилҳои дохилӣ ва омилҳои хориҷӣ. Ба омили дохилӣ пеш аз ҳама ҷанги шаҳрвандиро метавон шомил намуд, ки зарари моддию маънавии он барои миллати тоҷик ҳамчун бори гарон то ҳол эҳсос мешавад. Илова бар ин ба ҷумлаи омилҳои дохилӣ, инчунин яксон набудани сатҳи рушди шуур ва тафаккури сиёсии мардумро низ дохил намудан мумкин аст. Омили мазкур ба ҷумлаи омилҳои ҳалкунанда ворид шуда метавонад. Зеро масъалае, чун дарки зарурати Ваҳдати миллӣ, аз он вобаста будани тақдир ва ояндаи миллат ва амсоли онҳо худ сатҳи баланди рушди шуур ва фарҳанги сиёсиро тақозо менамоянд.
Ҳодисаҳои охири ҷаҳони имрӯза, бахусус «кишварҳои араб» ба омили хориҷӣ метавон дохил намуд. Заиф будани ваҳдати миллӣ дар ин кишварҳо ба давлатҳои абарқудрат имкон дод, ки бо баҳонаи ҳимояи арзишҳои демократӣ ба қаламрави ин мамлакатҳо ворид гардида бетартибию бенизомиро дар минтақа боис гарданд. Бинобар ин, эҷод сохтани чунин шароитро аз тарафи кишварҳои абарқудрат дар дигар минтақаҳои дунё набояд истисно намуд. Муносибати на он қадар дӯстона ва нооромӣ ҳамсоякишварҳои ҳамҷавори Тоҷикистон омили дигари хориҷӣ буда метавонад. Тақдири талхи мардуми афғон ва то кунун кашол ёфтани кашмакашу низоъ дар ин кишвар ҳамсоягонашро беташвиш намемонад.
Воқеан вуҷуд доштани чунин вазъ бо кишварҳои ҳамчавор ҳар як шахси соҳибақлу соҳибфазлро ҳушдор медиҳад, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, ҳамеша баҳри тақвият бахшидани Ваҳдати миллӣ саъю кӯшиш намояд. Дар ин хусус Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон иброз дошта буданд, ки: «Хушбахтона, мо дар кишвари худ барои сулҳи пойдор ва ҳаёти осоиштаи ҷомеа заминаи боэътимод гузошта тавонистем, вале агар мо хоҳем, ки мамлакати мо ҳамвора тараққӣ карда, ба сафи давлатҳои пешқадами дунё ворид гардад, наслҳои ояндаамон зиндагии сазовор дошта бошанд ва аз падару модарони худ ба некӣ ёд кунанд, бояд ҳаргиз ба халалдор шудани сулҳу субот роҳ надиҳем ва бақову пойдории давлати миллиро пайваста таъмин намоем. Ин, пеш аз ҳама, аз дилу нияти нек, азму талоши гарм ва меҳнати фидокоронаи тамоми шаҳрвандони Тоҷикистон вобаста аст. …Танҳо ваҳдату муттаҳидӣ моро аз буҳрони амиқи сиёсию иқтисодӣ бароварда метавонад».
Дар тули биступанҷ сол, ки аз Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти милӣ мегузарад, Ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон реша давонд ва боровар гардид. Вазифаи муқаддаси ватандории кулли ҷомеаи Тоҷикистон ҳифзи ҳамешагии Ваҳдати миллӣ буда тарбия намудани мутахассисони баландпояи соҳаҳои гуногун, махсусан ҷавонон дар руҳияи ватандӯстӣ ва дарки манфиатҳои умумимиллӣ дур сохтан аз зарарҳои ифротгароӣ, маҳалгароӣ, мансабпарастӣ, террористӣ маҳсуб меёбад. Имрӯз Тоҷикистон он Тоҷикистони аввали солҳои 90-уми қарни XX набуда дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, илмӣ ва фарҳангӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардида дар ҷаҳони муосир ҷойгоҳи худро пайдо кардааст. Пояҳои истиқлолияти давлатӣ сол ба сол қавитар мегарданд. Дар бораи аҳамияти Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллии Тоҷикистон Пешвои миллат гуфтаанд: «Созишномаи умумӣ аз лиҳози аҳамияти фавқулодаи худ бо Эъломияи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як радиф меистад. Агар Эъломия ба Тоҷикистон ба таври расмӣ истиқлол ва соҳибихтиёрӣ ато карда бошад, пас Созишнома сулҳу суботро дар сарзамини мо таъмин сохт».
Имрӯз аксарияти кулли кишварҳои ҷаҳон таҷрибаи сулҳи тоҷиконро меомӯзанд ва онро ҳамчун падидаи беҳамто ва арзишманд дар таърихи сулҳофарини байналмилалӣ донистаанд. Ваҳдати миллӣ сабақҳои зеринро ба мерос гузошт:
- ба туфайли сулҳ хатари азбайнравии ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон бартараф гардид;
- оштии миллӣ исбот намуд, ки халқи тоҷик тамаддуни бой ва фарҳанги қадима дошта, мардуми сулҳдӯст буд ва боқӣ мемонад;
- сулҳ ягонагии тоҷикону тоҷикистониёнро таъмин карда, сарзамини хешро ҳамчун муқаддасот нигоҳ дошта тавонист;
- ҳаёт исбот намуд, ки ҳизбу созмонҳо ва дигар ҷабҳаҳои сиёсӣ, сарфи назар аз ақида ва роҳҳои гуногуни созандагиашон метавонанд аҳл шуда, барои миллат, Ватани худ хизмати босазо намоянд.
Бояд қайд кард, ки дар давраи ҷаҳонишавӣ дар тамоми ҷаҳон раванди хатарноки муқобилгузории тамаддунҳо авҷ гирифта истодааст, ки инсониятро ба гирдоби таҳлука тела медиҳад. Тамоми кишварҳои сайёра аз ин раванд дар ташвишанд. Амалиётҳои террористӣ дар кишварҳои мухталиф ва ҳаводисе бо номи «инқилобҳои рангин ё худ махмалӣ» кулли мардуми дунёро ба таҳлука овардааст. Сохтор ва василаҳои амалисозии ин ҳаводиси муосир ба воқеаҳои Тоҷикистон шабоҳат доранд. Воқеаҳои авохири сардии муносибот байни Украина ва Русия, ҷанги бесарусомон дар кишварҳои Ирону Фаластин, Исроил ва хушунадҳо байни Покистону Афғонистон бархурдҳои сиёсиву муборизаҳои гурӯҳи далолат бар он доранд, ки мо бояд ба қадри сулҳу суботи кишварамон бирасем ва ҳамчунин дар ҳифзи истиқлолият саҳми муносиб гузошта, арзишҳои сулҳу ваҳдати миллиро ҳифз намоем.
Муҳсин ШАРИФОВ, номзади илмҳои педагогӣ, дотсенти кафедраи педагогикаи умумидонишгоҳӣ.