БАРРАСИИ НИЗОМИ СИЁСАТИ ДАВЛАТДОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР КОНФЕРЕНСИЯИ ҶУМҲУРИЯВӢ

11 июни соли 2026 дар Донишгоҳ конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ таҳти унвони “Фалсафаи ватандорӣ ва Ваҳдати миллӣ дар низоми сиёсати давлатдории Пешвои миллат” баргузор шуд, ки дар он ректори Донишгоҳ профессор Жило Гулназарзода, муовини якуми раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳимзода Шабнам ва олимону муҳаққиқони варзидаи кишвар иштироку суханронӣ намуданд.

Ҳамоишро ректори Донишгоҳ, доктори илмҳои филологӣ, профессор Жило Гулназарзода ифтитоҳ намуд. Ӯ дар сухани муқаддимавии худ аз сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуда, таъкид намуд, ки маҳз талошу заҳматҳои Пешвои миллат боис шуд, ки дар Тоҷикистон созишномаи сулҳ ба имзо расид ва миллати тоҷик аз парокандагӣ наҷот ёфт. Ҳамзамон, ректор дар хусуси корномаҳои мондагор, сиёсати оқилонаву дурбинона ва ғамхориҳои пайвастаи Пешвои миллатро барои мардуми тоҷик таъкид сохт.

Сипас, муовини якуми раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шабнам Раҳимзода доир ба дастовардҳои замони Истиқлол, саҳми беназири Пешвои миллат дар таҳкими сулҳу субот ва ибтикороту ташаббусҳои мондагору ҷаҳонии Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ маъруза карда, ҷавононро ба дӯст доштани Ватану миллат, эҳтиром гузоштан ба муқаддасоти миллӣ, расидан ба қадри сулҳ ва пайрави асили Пешвои миллат будан, даъват намуд.

Дар идомаи ҳамоиш доктори илмҳои фалсафа, профессор, Директори МД маркази таълимии занон “Сарвар” Содиқӣ Насиба дар мавзуи “Ваҳдат ҳамчун омили асосии давлатдории миллӣ”, доктори илмҳои фалсафа, профессори Донишгоҳи милии Тоҷикистон Саид Аҳмадов дар хусуси бузургии Ваҳдати миллӣ ва саҳми Пешвои миллат, доктори илмҳои фалсафа, профессор, сарходими илми Институти фалсафа ва сиёсатшиносии ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ Муҳиба Маҳмадҷонова дар мавзуи “Нақши Ваҳдати миллӣ дар рушди фарҳанги миллӣ”, доктори илмҳои фалсафа, профессори Донишгоҳи милии Тоҷикистон Меҳрӣ Маҳмадова дар мавзуи “Истиқлол ва ваҳдати миллӣ, доктори илмҳои фалсафа, дотсент, мудири кафедраи фанҳои ҷамъиятшиносии Донишгоҳи давлатии тибии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино Марям Азимзода дар мавзуи “Национальная идентичность и единство народа как факторы общественной стабильности” маъруза намуданд.

Дар анҷоми ҳамоиш аз тарафи раёсати Донишгоҳ ва Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иштирокдорони конференсия сертификат ва сипоснома тақдим карда шуд.