СЕМИНАРИ ИЛМӢ ПИРОМУНИ БУЗУРГДОШТИ ПУШКИН ВА МАҚОМИ ЗАБОНИ РУСӢ

8 июн дар факултети забон ва адабиёти руси Донишгоҳ бо ибтикори кафедраи назария ва таърихи адабиёти рус бо ширкати омӯзгорону донишҷӯён дар семинари илмӣ “Рӯзи Пушкин ва забони русӣ” таҷлил карда шуд.

Дар чорабинии мазкур декани факултети забон ва адабиёти рус Шаҳло Ҳасанзода, намояндаи Маркази “Россотрудничество” Р.Т. Дудко ва методистҳои Маркази “Россотрудничество” иштирок карданд.

Омӯзгорону донишҷӯён вобаста ба саҳми Александ Пушкин дар адабиёти классикии рус, муҳиммияти омӯзиши забони русӣ ва таъриху пайдоиши он баромад намуданд.

Мақсад ва ҳадафи баргузории чунин чорабинӣ ва семинарҳо барои рушди омӯзиши забони русӣ имконият фароҳам меоварад.