ДУ КИТОБИ НАВ ДАР МАСИРИ ХУДШИНОСӢ ВА ВАТАНДӮСТӢ

Дар арафаи таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ду китоби тозанашри мудири кафедраи таърих ва робитаҳои байнифарҳангии Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода, номзади илмҳои таърих, дотсент Далер Комилов бо унвонҳои «Аз ранҷ то нур: фалсафаи виҷдон ва муҳаббат ба Ватан» ва «Айбшиносӣ» ба дасти хонандагон расид.

Китоби «Аз ранҷ то нур: фалсафаи виҷдон ва муҳаббат ба Ватан» фарогири масъалаҳои муҳими худшиносӣ, виҷдоншиносӣ ва ҳастишиносии миллӣ буда, муаллиф дар он ба таҳлили арзишҳои ахлоқӣ, маънавӣ ва нақши муҳаббат ба Ватан дар ташаккули шахсият таваҷҷуҳи махсус зоҳир намудааст.

Китоби «Айбшиносӣ» дар ҳаммуаллифӣ бо ректори Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам Абдуалим Аҳтамзода таълиф гардида, дар он масъалаҳои марбут ба низоми илмии айбшиносӣ аз дидгоҳи фалсафӣ ва байнисоҳавӣ мавриди таҳқиқ қарор гирифтаанд. Муаллифон зимни баррасии мавзуъ аз равишҳои ҳастишиносӣ, герменевтика, арзишшиносӣ ва праксеологӣ истифода намуда, ба таҳлили амиқи масъалаҳои марбут ба шинохти камол ва нуқсонҳои инсонӣ пардохтаанд.

Китобҳои мазкур метавонанд ҳамчун манбаи арзишманди илмӣ ва таълимӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ истифода гардида, дар таҳкими худшиносӣ, эҳсоси ватандӯстӣ, ҳувияти миллӣ ва тарбияи маънавии насли наврасу ҷавон саҳми муассир гузоранд.

Нашри ин осор бозгӯи талошҳои пайвастаи муҳаққиқони Донишгоҳ дар самти рушди афкори илмӣ, таҳкими арзишҳои миллӣ ва ғанӣ гардонидани фазои маънавию фарҳангии ҷомеа мебошад.