Имрӯз, 23 майи соли 2026, ҳайати кормандону омӯзгорони Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода бо роҳбарии ректор, доктори илмҳои филологӣ, профессор Жило Гулназарзода бо мақсади гиромидошти хотираи фарзандони содиқи миллат аз Оромгоҳи Лучоби шаҳри Душанбе боздид намуданд.
Дар ҷараёни боздид иштирокдорон оромгоҳи Қаҳрамонони Тоҷикистон Нусратулло Махсум ва Шириншо Шотемур, инчунин, фарзанди баруманди миллат Нисор Муҳаммадро зиёрат намуда, ба пояи оромгоҳи онҳо гулчанбар гузошта, дуои хайр карданд.
Зимни маросим таъкид гардид, ки маҳз бо сиёсати хирадмандона ва ташаббусҳои ватансозонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мушти хоки ин фарзандони фарзонаи миллат ба Ватан оварда шуда, имрӯз номи онҳо ҳамчун муборизони роҳи озодӣ, истиқлол ва давлатдории миллӣ бо эҳтироми хос гиромӣ дошта мешавад.
Иштирокдорони чорабинӣ чунин иқдомҳои маънавию тарбиявиро дар таҳкими ҳисси худшиносии миллӣ, арҷгузорӣ ба таърихи давлатдорӣ ва тарбияи насли ҷавон дар руҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ муҳим арзёбӣ намуданд.
Ҳамчунин, дар ҷараёни боздид хотираи неки дигар намояндагони маъруфи илму адаб ва фарҳанги тоҷик низ пос дошта шуд.




