ШОИР ХАЙРАНДЕШ МЕҲМОНИ МАҲФИЛИ “ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ” ДАР ДОНИШГОҲ

Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода 22-юми май бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон маҳфили маърифатӣ ва фарҳангии “Пайравони Пешвои миллат” бо иштироки муассиси маҳфили “Ҳамешабаҳор” Хайрандеш баргузор гардид.

Дар чорабинӣ ректори Донишгоҳ, доктори илмҳои филологӣ, профессор Жило Гулназарзода, мудири шуъбаи таблиғот ва ташвиқоти дастгоҳи марказии ҲХДТ Ширинбекзода Садриддин, муовини директори Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо”-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саломзода Хуршед Абдуманон, намояндаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Розиқзода Дилошуб, Инчунин, ҳайати омӯзгорону донишҷӯён иштирок намуданд.

Ректори Донишгоҳ, профессор Жило Гулназарзода зимни ифтитоҳи маҳфил аз дастовардҳои ҷавонон дар даврони соҳибистиқлолӣ ёдовар шуда, таъкид намуд, ки ҷавонон ҳамчун неруи пешбаранда ва созандаи ҷомеа дар таҳкими давлатдорӣ, ҳифзи марзу буми кишвар, таъмини амнияти миллӣ, рушди ҷомеа ва муаррифии дастовардҳои Тоҷикистон саҳми арзишманд доранд.

Зимни суханронӣ меҳмонон низ нақши ҷавононро дар татбиқи сиёсати давлат, таҳкими ваҳдати миллӣ ва рушди устувори ҷомеа муҳим арзёбӣ карданд. Таъкид гардид, ки ҷавонони соҳибмаърифат ва ватандӯст бо ҳисси баланди худшиносиву садоқат ба Ватан яке аз сутунҳои асосии пойдории давлат ба ҳисоб мераванд.

Дар идомаи чорабинӣ маҳфили адабӣ ва фарҳангии “Ҳамешабаҳор” бо иштироки фаъоли омӯзгорону донишҷӯён баргузор шуда, фазои гарму илҳомбахши фарҳангӣ ба маҳфил ҳусни тоза бахшид.

Дар фарҷоми чорабинӣ ба як қатор омӯзгорону донишҷӯён барои фаъолияти пурсамар, иштироки фаъолона дар корҳои ҷамъиятӣ ва саҳмгузорӣ дар ҳаёти фарҳангиву маърифатии Донишгоҳ ифтихорнома ва сипосномаҳои раёсати Донишгоҳ ва Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим карда шуданд.