ЧОРАБИНИИ ФАРҲАНГӢ ДАР БОҒИ “ҶАВОНОН”

Омӯзгорону донишҷӯёни факултети равияи омӯзгории забони англисӣ барои сазовор пешвоз гирифтани 35 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи фарҳангӣ- маърифатиро зери унвони “Истиқбол аз Истиқлол” дар боғи “Ҷавонон”- шаҳри Душанбе доир наиуданд.

Дар чорабинӣ ректори Донишгоҳ, профессор Жило Гулназарзода, профессори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Умар Сафар, ҳунарпешаи Ҷумҳурии Тоҷиктстон Қобилҷон Зарипов, омӯзгорон, донишҷӯёни Донишгоҳ ва сокинони пойтахт ширкат доштанд.

Бояд тазаккур дод, ки ин чорабинӣ идомаи силсила чорабиниҳо дар доираи “Моҳвораи ҷавонон” ва истиқбол аз ҷашни бузурги давлатӣ 35 – солагии Итиқлолияти давлатӣ мебошад.

Дар чорабинии тарбиявӣ – фарҳангӣ донишҷӯёни соҳибистеъдоди факултети равияи омӯзгории забони англисӣ барномаи хуби идонаро пешниҳод намуданд, ки саршор аз шеъру тарона, рақсҳои зебои миллию хориҷӣ буд.