ИШТИРОКИ ҲАЙАТИ ДОНИШГОҲ ДАР ДАВИ МИЛЛӢ ВА МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ

Субҳи имрӯз, 17 майи соли 2026, дар саросари мамлакат бо иштироки васеи сокинон, намояндагони касбу кори гуногун, кормандони вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар ин чорабинии оммавии варзишӣ роҳбарият, кормандон, омӯзгорон ва донишҷӯёни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода низ фаъолона ширкат варзида, аз сиёсати давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти рушди варзиш ва тарғиби тарзи ҳаёти солим ҷонибдорӣ намуданд.

Дави миллӣ дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2007 «Дар бораи Рӯзи дави миллӣ» ҳамасола якшанбеи сеюми моҳи май баргузор гардида, ҳадафи он таҳкими тарзи ҳаёти солим, рушди фарҳанги варзишӣ ва ҷалби ҳарчи бештари аҳолӣ ба машқу тамрини ҷисмонӣ ба шумор меравад.

Иштироки фаъоли ҳайати Донишгоҳ дар чунин чорабиниҳои оммавӣ бозгӯи таваҷҷуҳи хоса ба солимии ҷомеа, тарбияи ҷисмонӣ ва таҳкими руҳияи ватандӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ миёни ҷавонон мебошад.