ҒОЛИБИЯТИ ДОНИШҶӮИ ДОНИШГОҲ ДАР 25-УМИН ОЗМУНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ «ПУЛИ ЧИНӢ»

14 майи соли 2026 дар Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Россия 25-умин озмуни байналмилалии «Пули чинӣ» («Chinese Bridge») бо иштироки донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар баргузор гардид.

Боиси ифтихор аст, ки донишҷӯи курси сеюми факултети омӯзгории забонҳои Шарқи Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода Аминҷон Шаропов миёни иштирокчиёни даври ниҳоии озмун сазовори ҷойи аввал гардид.

Ёдовар мешавем, ки озмуни байналмилалии «Пули чинӣ» ҳамасола бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази Конфутсийи назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон баргузор шуда, яке аз бонуфузтарин майдонҳои озмоиши дониш, маҳорати забондонӣ ва муаррифии фарҳанги чинӣ ба шумор меравад.

Баргузории 25-умин даври озмун имсол ба даврае рост омад, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари давлатӣ дар Ҷумҳурии Мардумии Чин қарор дошта, ҷиҳати таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба ва тавсеаи муносибатҳои иқтисодию фарҳангӣ ва илмӣ як қатор мулоқоту созишномаҳои муҳим анҷом доданд. Чунин корнома барои ҷавонони кишвар, бахусус, донишҷӯёну муҳассилин, имкониятҳои нави таҳсил ва ҳамкориҳои байналмилалиро фароҳам месозад.

Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода айни ҳол бо 12 донишгоҳи Ҷумҳурии Мардумии Чин ҳамкории мустақим дошта, танҳо дар панҷ соли охир 31 нафар донишҷӯи Донишгоҳ барои таҳсил ба донишгоҳҳои бонуфузи Чин сафарбар гардидаанд.

Тибқи иттилоъ, дар давраи соҳибистиқлолии кишвар беш аз 10 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Мардумии Чинро хатм намудаанд, ки ин нишондиҳанда бозгӯи густариши ҳамкориҳои илмию таълимии ду кишвар мебошад.