РУШДИ ЗЕҲНИИ ҶАВОНОН ДАР ШАРОИТИ ТАБДИЛИ РАҚАМИИ ТАЪЛИМ

Бо ибтикори кафедраи информатика 12 майи соли 2026 таҳти унвони «Баланд бардоштани сатҳ ва сифати омода намудани мутахассисони соҳаи гуманитарӣ дар шароити табдили рақамии таълим» мизи мудаввар баргузор гардид.

Дар ҳамоиш масъалаҳои марбут ба рушди технологияҳои рақамӣ, истифодаи зеҳни сунъӣ дар раванди таълим, такмили сифати омодасозии мутахассисон ва рушди малакаҳои зеҳнии донишҷӯён мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар оғози ҷамъомад мудири кафедраи информатика Бахтовар Шамсов оид ба рушди босуръати технологияҳои муосир, аҳаммияти истифодаи самараноки онҳо дар низоми таҳсилот ва нақши воситаҳои рақамӣ дар омӯзиши забонҳои хориҷӣ ибрози назар намуд.

Сипас, мудири кафедраи омӯзгории забонҳои Шарқ Нуриддин Султонҳайдаров доир ба таҳияи барномаҳои муосири таълимӣ, мутобиқсозии онҳо ба талаботи замон ва рушди қобилияти зеҳнии донишҷӯён суханронӣ кард.

Дар идомаи ҳамоиш омӯзгорони кафедраи информатика Қаландарзода Абдукарим, Маърупов Абдуқаҳҳор, Дилшод Яҳёев ва Раҳмонова Моҳина доир ба роҳҳои баланд бардоштани сифати таълим, ташаккули малакаҳои рақамии донишҷӯён ва истифодаи имкониятҳои зеҳни сунъӣ дар раванди омӯзиш маъруза намуданд.

Иштирокчиён баргузории чунин чорабиниҳои илмӣ-методиро барои мутобиқ намудани низоми таҳсилот ба талаботи ҷомеаи рақамӣ муҳим арзёбӣ намуда, ба кори мизи мудаввар баҳои баланд доданд.