Раёсати Донишгоҳ ва ҳайати омӯзгорони Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода тасдиқи рисолаи номзадии омӯзгори кафедраи муносибатҳои байналмилалӣ ва ҳуқуқ Шарифзода Мирзо Сангимуродро аз ҷониби КОА-и назди Президенти ҶТ табрик гуфта, таманнои онро дорад, ки қуллаҳои баланди илмро фатҳ намояд. Бояд ёдовар шуд, ки Шарифзода Мирзо Сангимурод диссертатсияи худро таҳти унвони “Асосҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии таъмини қонуният ва интизоми хизматӣ дар мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон” зери роҳбарии доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент Можаева Ирина Павловна 5-уми марти соли 2026 дар Шурои диссертатсионии 6D.КОА-043-и назди Академияи ВКД ҶумҳурииТоҷикистон ҳимоя карда буд.
Ҳамеша муваффақ бошед устоди азиз!

