Дар шаҳри Душанбе мусобиқаи бонуфузи Dushanbe Grand Slam 2026 аз 1 – 3 майи соли 2026 дар Қасри теннис ва маҷмаи варзиши обии Душанбе доир гардида истодааст. Мусобиқаи сайри ҷаҳонии Ҷудо – Dushanbe Grand Slam 2026 бо шукӯҳу тантанаи доир шуда мешавад, ки дар он зиёда аз 250 варзишгар аз 34 кишвари дунё ҷамъ омаданд.
Ҳамзамон дар баргузории ин мусобиқаи бонуфузи ҷаҳонӣ донишҷӯёни забондони Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода ба ҳайси волонтёр – тарҷумон иштироки фаъолона доранд.




