ДАРСИ ЖУРНАЛИСТОНИ ҶАВОН БО ШИРКАТИ НАТТОҚИ ВАРЗИДАИ ТЕЛЕВИЗИОН

Бо ташаббуси Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода дарси кушоди таълимӣ дар мавзуи “Журналисти замони муосир ва саҳми ӯ дар рушди ҷомеа” бо ширкати журналистони шинохта ва муваффақи кишвар ба роҳ монда шудааст.

Имрӯз барои донишҷӯёни Донишгоҳ журналист, наттоқи варзида, муаллифи барномаи “Ҳуқуқи Шумо” – и телевизиони Ҷаҳоннамо, сардори бахши наттоқони Муассисаи давлатии телевизиони Ҷаҳоннамо Муҳаммадмусои Идрис бо донишҷӯёни факултети филология ва рӯзноманигорӣ, ихтисосҳои рӯзноманигорӣ дарс гуфт.

Муҳаммадмусои Идрис давоми беш аз як соат аз оғози кору фаъолияти хеш, таҷрибаву бозомӯзӣ ва дӯст доштани касб, роҳҳои омода кардани барномаву гузоришҳо, имкониятҳои журналисти забондон ва нақши рӯзноманигор дар ҷомеа сухан кард.

Барои ҷолиб, хотирмон ва таъсирнок гузаштани ҳар лаҳзаи дарс бозиҳо ва суолу ҷавобҳои ҷолиб ташкил намуд, ки барои донишҷӯён ҷолиб буд.

Бояд зикр кард, ки тибқи нақша – чорабиниҳои шуъбаи таҳлил ва иттилооти Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода ҳамин гуна дарсҳои ибратбахш моҳе ду маротиба бо иштироки беҳтарин журналистони ҷумҳурӣ баргузор карда мешаванд.