24 – уми апрели соли 2026 омӯзгори кафедраи назария ва таърихи адабиёти Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода Ифтихори Амонқул рисолаи номзадияшро дар мавзуи “Ҷанбаҳои ҳунарӣ ва вижагиҳои жанрии ашъори Мастон Шералӣ” бо роҳбарии доктори илмҳои филология, профессор Салими Хатлорнӣ дар шурои диссертатсионии 6D.КОА-099–и назди Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ҳимоя намуд.
Раёсати Донишгоҳ ва ҳайати омӯзгорони кафедраи назария ва таърихи адабиёт ба Ифтихори Амонқул барои дарёфти қуллаҳои баланди илм ва дар амал татбиқ намудани он комёбӣ таманно менамоянд.

