ИФТИТОҲИ ГАНҶИНАИ ҲУНАРИСТОНИ МАЪРИФАТ ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ БА ИСТИҚБОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ

Бахшида ба 35 – солагии Истиқлоли ҶумҳурииТоҷикистон дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номиСотим Улуғзода бо иштироки ректори Донишгоҳ профессор Жило Гулназарзода ва мудири бахши маориф ва илми раёсати маориф, фарҳанг ва иттилооти Дастгоҳииҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои сиёсӣ, профессорСайдулло Зувайд Қувватзода маркази фарҳангва маърифати миллӣ зери унвони “Истиқбол аз Истиқлол: Ганҷинаи ҳунаристони маърифат ва фарҳанги миллӣ” дар себахш ифтитоҳ гардид.Бахши а
ввал,“Дасторо” ном гирифта, дар он беҳтарин ҳунарҳои дастӣ, аз ҷумла, гулдӯзию зардӯзӣ, бофандагию қуроқдӯзӣ, зару зевари сирф миллӣ ва намунаибеҳтарин либосҳои миллии занона, тоқиҳои се минтақаи Тоҷикистони мавриди намоишқарор гирифтааст. Бахши дуюм “Китобнамо” ном дошта, дар он беҳтарин дастовардҳои омӯзгорони Донишгоҳ, махсусан тарҷумаи китоби мондагори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвоимиллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маърази тамошо гузошта шудааст, Бахши суюм “Ширинсаро” буда, дар он беҳтарин шириниҳо, нӯшокию хӯришҳои тезтайёр, ки аз ҷониби таълимгириандагони Парки техникии Донишгоҳ омода шудааст, ба намоиш гузошта шуд.

Ифтитоҳи ин ҳунаристон туҳфаи арзанда, ба пешвози ҷашни мубораки 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри кормандону омӯзгорон ва донишҷӯёни Донишгоҳ маҳсуб меёбад.