ОҒОЗИ ЧОРАБИНИҲОИ АДАБӢ-ФАРҲАНГӢ ДАР ДОИРАИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Бо ташаббуси Раёсати Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода нақшаи чорабиниҳои фарҳангӣ – адабӣ бахшида ба 35 солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон зери унвони “ПАЙВАНДГАРИ ҶАҲОНИ МО – ИСТИҚЛОЛ” ба тасвиб расид, ки мувофиқи ин нақша силсилачорабиниҳои адабию фарҳангӣ бо ширкати омӯзгорони факултетҳои Донишгоҳ ва шоирону нависандагон ва сарояндагони кишвар дар назар дошта шудааст.

Санаи 10-уми апрел силсилачорабинии фарҳангӣ-адабии “ПАЙВАНДГАРИ ҶАҲОНИ МО ИСТИҚЛОЛ” бо ширкати ректори Донишгоҳ профессор Жило Гулназарзода, шоирон Зиё Абдулло, Салими Хатлонӣ, Шаҳрия Аҳтамзод, Нурмуҳаммад Сироҷӣ, Нуруллои Ориф, сарояндагон Давлат Назрӣ, Иззат Шарифӣ, Сафар Раҳмон, Нозимҷон Шарипов ва омӯзгорон Донишгоҳ доир гардид.

Дар оғози чорабинӣ роҳбари муассиса профессор Жило Гулназарзода нахуст меҳмононро ба Донишгоҳ хайрамақдам гуфта, ташкил ва баргузор намудани ин гуна чорабиниҳои адабӣ, фарҳангӣ ва маърифатиро самараи Истиқлолияти сар то сарӣ унвон кард. Миллати соҳибкитобу соҳибмактаб ва маърифатомӯзу маърифатпарвар ва созандаи тоҷик бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давоми 35 соли Истиқлолият тавонистанд, ки мардуми тоҷик ва Тоҷикистони биҳиштосоро ба ҷаҳониён чун миллату давлати озода ва сулҳхоҳу сулҳдӯст ошно намоянд.

Дар рафти чорабинӣ шуаро беҳтарин чакомаҳои худро барои иштирокдорони чорабинӣ қироат намуданд. Сарояндагон и маъруфи кишварбо суруду таронаҳи худ маҳфилро ҳусни дигар бахшиданд. Чорабинии омодакардаи омӯзгорони Донишгоҳ, ки иборат аз рақсу таронаҳои ватандӯстӣ буд манзурӣ ширкаткунандагон гардонида шуд.