Имрӯз, 8 – уми апрел бо мақсади тақвият ва рушди ҳамкориҳои дуҷониба, ректори Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода, профессор Жило Гулназарзода бо муовини директори Донишгоҳи Декёни Ҷумҳурии Куриёи Ҷанубӣ оид ба ҳамкории байналмилалӣ ҷаноби Ким Вон Сик, директори Маркази фарҳангии Тоҷикистон дар Куриё хонум Ким Гви-хав ва муовини директори Маркази фарҳангии Тоҷикистон дар Куриё Фарзона Қурбонова мулоқот намуд.
Дар вохӯрӣ ҷонибҳо дурнамои ҳамкориҳои минбаъдаро ҷиҳати вусъат бахшидани робитаҳои илмию таҳқиқотӣ ва таълимию забономӯзӣ байни ду макотиби олӣ, ифтитоҳи марказҳои фарҳангии ду кишвар дар ҳар ду Донишгоҳ, таъсиси ихтисосҳои нав ва дигар масъалаҳои марбут ба маорифро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Зимни мулоқот ректори муассиса профессор Жило Гулназарзода иброз дошт, ки муносибатҳои дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Куриёи Ҷанубӣ дар самти илму маориф хеле хуб ба роҳ монда шуда аст ва то имрӯз шумораи хеле зиёди донишҷӯёни тоҷик дар Донишгоҳҳои олии Ҷумҳурии Куриёи Ҷанубӣ таҳсил менамоянд.
Пас аз мулоқоти судманд ҷонибҳо бо мақсади мустаҳкам намудани равобити дуҷониба созишномаҳои нави ҳамкориро ба имзо расониданд.
Дар интиҳо, профессор Жило Гулназарзода ба муовини ректори Донишгоҳи Декёни Ҷумҳурии Куриёи Ҷанубӣ нусхаҳои тарҷумаи китоби мондагори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Забони миллат-ҳастии миллат” -ро бо забони куриёӣ тақдим намуданд.
Ҳамчунин барои ифтитоҳи Маркази фарҳангии Тоҷикистон дар Донишгоҳи Декёни Ҷумҳурии Куриёи Ҷанубӣ туҳфаҳои хотиравӣ, китобҳои мондагор ва рамзу намунаи ҳунарҳои миллиро туҳфа карданд.





