Дар факултети филология ва рӯзноманигории Донишгоҳ 24-уми апрели соли 2025 дар асоси нақша – чорабиниҳои кафедраи журналистика ва иттилооти рақамӣ бахшида ҳафтаи илм семинари илмӣ таҳти унвони “Нақши рӯзноманигор дар муаррифии дастовардҳои соҳибистиқлолӣ” баргузор гардид.
Дар семинар сардори раёсати илм ва инноватсия Шамсиддин Ҳайбуллоев, декани факултет Сайёра Азимова, профессори кафедраи назария ва таърихи адабиёт Салими Хатлонӣ, мудири кафедра Доро Наврӯззода ва ҳайати кормандону омӯзгорони факултет ширкат доштанд.
Декани факултет Сайёра Азимова аз нақши созандаи рӯзноманигор дар муаррифии дастовардҳои соҳибистиқлолӣ ва ҳимояи манфиатҳои миллӣ сухан гуфта, ҷавононро ба донишандӯзию забономӯзӣ ва худошиносию ватандӯстӣ ҳидоят кард.
Дар идома, сардори раёсати илм ва инноватсия Шамсиддин Ҳайбуллоев мавзуи баррасишаванда дар семинари илмиро муҳим номида, дар бораи вазифаҳои хабарнигор дар ҷомеа изҳори назар кард.
Мавриди зикр аст, ки аз ҷониби омӯзгорони кафедра ва донишҷӯёни ихтисосҳои равияи рӯзноманигорӣ маърузаҳои илмӣ – оммавӣ, далелҳои ҷолиб дар бораи рӯзномаҳои ҷаҳон ва журналист пешниҳод карда шуданд.