ОҒОЗИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ “ТОҶИКИСТОН ВАТАНИ АЗИЗИ МАН” ДАР ДОНИШГОҲ

Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» соли ҳафтум аст, ки зери таваҷҷуҳ ва сарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади муаррифии фарҳанги волои миллати тоҷик, эҳёи санъати миллӣ ва тарғиби он, арҷгузорӣ ба санъату ҳунари аҷдодӣ, баланд бардоштани сатҳи касбии санъати мусиқӣ, маҳорати касбии ҳунари мусаввирӣ, ҳайкалтарошӣ, ороишгарӣ ва либосдӯзӣ, интихоби намунаҳои беҳтарини оҳангу суруд ва асарҳои рассомӣ баргузор мешавад.
Бо мақсади кашфи истеъдодҳои нав ва иштирок дар озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон Ватани азизи ман” дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода даври донишгоҳии озмун баргузор гардид, ки дар он 80 нафар донишҷӯ ва хонандагони гимназияи назди Донишгоҳ аз рӯи наминаҳои рассомӣ, сарояндагӣ, навозандагӣ, тарроҳӣ ширкат доштанд.
Ҳакамон аз ҳисоби омӯзгорони Донишгоҳ муайян шудаанд ва беҳтаринҳоро аз миёни иштирокчиён интихоб ва ба даври ноҳиявӣ пешниҳод менамоянд.
Иштирок дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ агар аз як ҷиҳат кашфи чеҳраҳои санъати баланди миллии тоҷикӣ бошад, аз ҷониби дигар дастгирии наврасону ҷавонон дар роҳи интихобкардаашон мебошад.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *