ЗАБОНОМӮЗӢ — ОМИЛИ ТАҲКИМИ ФАРҲАНГИ СУЛҲ ВА РУШДИ ҶАҲОНБИНИИ ҶАВОНОН

(Дар партави суханронии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Дарси сулҳ ва Рӯзи дониш).

31 августи соли 2026 дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №105-и шаҳри Душанбе ба муносибати Дарси сулҳ ва Рӯзи дониш суханронии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид. Дар ин суханронӣ масъалаҳои марбут ба илму дониш, маърифат, тарбияи насли ҷавон ва нақши ҷавонон дар рушди минбаъдаи ҷомеа мавқеи муҳим доштанд. Яке аз нуктаҳои муҳим ва ҷолиби таваҷҷуҳ андешаи Пешвои миллат дар бораи зарурати омӯзиши забонҳои хориҷӣ мебошад: “Ҷавонон бояд на кам аз панҷ забони хориҷиро донанд…”

Ин таъкидро набояд танҳо ҳамчун даъват ба азхуд намудани забонҳои бештар маънидод кард. Он ҳадафи васеътар — тарбияи насли донишманд, ҷаҳонбин, рақобатпазир, муошираткунанда ва дар айни замон сулҳпарварро дар назар дорад.

Забон танҳо воситаи баён кардани фикр нест. Он як падидаи бузурги фарҳангӣ ва иҷтимоӣ буда, таърих, ҷаҳонбинӣ, хотираи миллӣ ва арзишҳои маънавии халқро дар худ таҷассум мекунад. Вақте инсон забони дигарро меомӯзад, ӯ на танҳо калимаю қоидаҳои грамматикиро аз худ мекунад, балки бо фарҳанг, таърих, адабиёт ва тарзи тафаккури мардуми дигар низ шинос мешавад. Аз ҳамин нуқтаи назар, забономӯзӣ метавонад яке аз воситаҳои муассири наздикшавии халқҳо бошад.

Ҷавоне, ки чанд забон медонад, имкони бештар дорад, ки бо намояндагони миллатҳои гуногун муошират карда, андешаи онҳоро дуруст дарк намояд ва фарҳанги онҳоро эҳтиром кунад. Маҳз дар ҳамин ҷо робитаи мустақими забономӯзӣ бо фарҳанги сулҳ зоҳир мегардад. Сулҳ аз ҳамдигарфаҳмӣ оғоз мешавад, ва ҳамдигарфаҳмӣ бе муошират душвор аст.

Масъулияти насли ҷавон худшиносӣ, эҳтиром ба инсон, таҳаммулпазирӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ бошад. Дар ҷаҳони имрӯза, ки равандҳои ҷаҳонишавӣ муносибатҳои байни кишварҳо ва миллатҳоро рӯз ба рӯз бештар ба ҳам мепайванданд, ҷавонон бояд тавонанд на танҳо дар муҳити маҳаллӣ, балки дар фазои байналмилалӣ низ озодона муошират ва рақобат намоянд.

Дар ин замина омӯзиши забонҳои хориҷӣ аҳамияти махсус пайдо мекунад. Ҷавоне, ки бо чанд забон ҳарф мезанад, метавонад дониш ва фарҳанги миллии худро ба дигарон муаррифӣ кунад ва ҳамзамон аз дастовардҳои илмӣ, фарҳангӣ ва технологӣ, ки ба забонҳои гуногун дастрасанд, истифода барад.

Аз ин рӯ, забондонӣ метавонад ҳам воситаи рушди шахсият ва ҳам воситаи таҳкими сулҳу дӯстӣ бошад.

Сайфиддинова Гулчеҳра, номзади илмҳои филология, муаллими калони кафедраи журналистика ва иттилооти рақамии факултети филология ва рӯзноманигорӣ.