Дар паси 35 соли Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон роҳи бузургу пуршарафи таърихӣ, сангин, вале барои ҳар як сокини кишвар ниҳоят амиқу пурмуҳтаво ниҳон аст.
Вақте ба роҳи тайкардаамон назар меандозӣ, бо тамоми ҳастӣ эҳсос мекунӣ, ки истиқлолият танҳо як санаи ҷашнӣ дар тақвим нест. Ин пеш аз ҳама паси сар кардани санҷишҳои тақдирсози солҳои аввал, оташи ҷанги шаҳрвандиест, ки ҳастии давлатро зери хатар гузошта буд, ва раванди ниҳоят мураккаби расидан ба сулҳу ваҳдат аст.
Дар таърих ва хотираи таърихии миллати мо нақши Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ ва хизматҳои бузурги Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ба ваъдаи таърихии худ оид ба овардани сулҳу сафо содиқ монданд, ҷовидона боқӣ хоҳад монд.
Ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ давлатдории моро аз вартаи нестӣ наҷот дод. Маҳз дар ҳамин ваҳдати бо баҳои гарон бадастомада моҳияти аслии истиқлолияти мо ниҳон аст.
Дар тУли 35 сол Тоҷикистон ба таври назаррас дигаргун гашт. Инро на танҳо аз ҳисоботи расмӣ, балки дар ҳар қадам метавон мушоҳида кард. Бунёд ва ба кор даровардани агрегатҳои НБО-и «Роғун», таҷдиду навсозии НБО-ҳои «Норак», «Сарбанд» ва «Қайроқум» Тоҷикистонро ба қатори кишварҳои пешсаф дар самти истифодаи энергияи сабз ворид намуд. Сохтмони нақбҳои «Истиқлол», «Шаҳристон», «Хатлон» ва «Озодӣ» кишварро аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо бахшид. Ҳамзамон соҳаи кишоварзӣ рушд ёфта, барои таъмини амнияти озуқаворӣ заминаҳои мусоид фароҳам омадаанд ва раванди саноаткунонӣ вусъат мегирад.
Симои имрӯзаи Душанбе ва дигар шаҳру деҳоти кишвар, ки бо мактабҳо, беморхонаҳо, боғҳо ва марказҳои фарҳангӣ обод шудаанд, гувоҳи ин созандагиҳост. Имрӯз пешниҳодҳои Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ, аз ҷумла дар Созмони Милали Муттаҳид, Созмони ҳамкории Шанхай ва Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, ҳангоми пешниҳоди иқдомҳои глобалӣ оид ба ҳифзи об ва пиряхҳо, таҳкими сулҳу субот боэътимод садо медиҳад.
Пешрафти давлат танҳо танҳо бунёди иншооти нав ва биноҳои баланд нест, балки, самтҳои аҳамияти ҳаётан муҳим дошта, чун, маориф, илм, забони мо ва тарбияи насли ояндасози кишвар аст. Забони давлатӣ бечунучаро асоси худшиносӣ ва асолати миллии мо мебошад. Дар айни замон, забони русӣ низ мақоми муҳими худро дар фазои таълимиву илмӣ нигоҳ дошта, ҳамчун воситаи дастрасӣ ба донишҳои муосир ва муколамаи илмиву фарҳангӣ хидмат мекунад. Ин ду самт ҳаргиз ба якдигар зид нестанд. Баръакс, ҳамоҳангии онҳо фазои маънавии ҷавононро бойтар мегардонад.
Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода ин раванд ҳамарӯза ҷараён дорад. Олимону устодони донишгоҳ, аз ҷумла устодони факултети забон ва адабиёти рус, анъанаҳои беҳтарини мактаби филологии ватаниро идома дода, дар тарбияи мутахассисони наву босалоҳият, рушди илму маориф ва таҳкими иқтидори зеҳнии кишвар саҳми арзанда мегузоранд.
Дар ин миён сухан дар бораи ҷавонон махсусан муҳим аст. Барои насли давраи истиқлол тасаввур кардани он ҳама мушкилоту санҷишҳои солҳои аввали соҳибихтиёрӣ шояд осон набошад. Аммо маҳз ба ҳамин хотир донистани таърих барои онҳо зарур аст. Ин донистан на танҳо ба хотири санаҳову воқеаҳо, балки барои фаҳмидани тақдири одамон ва дарки арзиши сулҳу оромӣ мебошад.
Истиқлолият танҳо ифтихор нест, он заҳмати ҳаррӯзаро талаб мекунад. Дониши амиқ, касбият, эҳтиром ба забону фарҳанг ва тафаккури созанда саҳме мебошанд, ки ҳар як нафар метавонад ба ояндаи Ватанаш гузорад. Роҳи 35-солаи Тоҷикистон бори дигар собит намуд, ки ҳаёти осоишта ва ояндаи дурахшон аз сулҳу ваҳдат ва меҳнати содиқона вобаста аст. Бигзор ин арзишҳои олӣ ҳамеша поянда бошанд ва ба наслҳои оянда мерос монанд.
Ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак бод! Ба Ватани маҳбубамон сулҳу оромӣ, шукуфоӣ ва ояндаи дурахшон орзумандем.
Тутиниссо Ҳомидова, н.и.ф.. дотсент, мудири кафедраи адабиёти руси факултети забон ва адабиёти рус.