Асри XXI инсониятро дар рӯ ба рӯи як ҳақиқати талх қарор додааст, ки пешрафти моддӣ бе камолоти ахлоқӣ метавонад наҷотбахш набуда, баръакс хатарзо бошад. Ҷаҳон силоҳи бештар, технологияҳои пурқудраттар, шабакаҳои иттилоотии фарогиртар ва имкониятҳои иқтисодии васеътар ба даст овардааст, аммо ҳамзамон нотавон монд, ки инсонро аз тарси ҷанг, нафрат, ифротгароӣ, фақр, бегонагӣ ва нобоварӣ комилан раҳо бисозад. Ин ҷо фоҷиаи тамаддуни муосир ошкор мешавад, ки инсон кайҳонро меомӯзад, вале ҳанӯз ҳам роҳи сулҳро дар замини худ пурра наёфтааст. Аҷиб аст, вале ҳамин махлуқ бо интернети баландсуръат ҳанӯз ҳам бояд ёд бигирад, ки ҳамдигарро нобуд накунад.
Масъалаи сулҳ аз қадимтарин масъалаҳои фалсафа, дин, ахлоқ ва сиёсат мебошад. Аммо дар замони мо сулҳ дигар танҳо маънои хомӯш шудани силоҳро надорад. Сулҳ ба маънои васеъ низоми одилонаи муносибатҳои инсоният, эҳтироми ҳуқуқ, ҳифзи ҳаёт, рушди фарҳанг, баробарии имкониятҳо, амнияти маънавӣ ва масъулият дар назди оянда аст. Аз ҳамин ҷиҳат, масъалаи «сулҳ барои наслҳои оянда» аз доираи дипломатияи расмӣ берун рафта, ба масъалаи фалсафӣ табдил меёбад.
Дар Сарсухани Оинномаи СММ яке аз мақсадҳои асосӣ «наҷот додани наслҳои оянда аз офати ҷанг» эълон шудааст. Ин ибора худ як формулаи бузурги ахлоқии асри XX мебошад. Имрӯз барои онҳое низ ҷавобгар аст, ки ҳанӯз ба дунё наомадаанд.
Дар ҳамин замина, ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027-2036 аҳаммияти махсус дорад. Ин ташаббус сулҳро ба масъулияти тамаддунӣ мебардорад. Агар сулҳи миллӣ таҷрибаи таърихии Тоҷикистон бошад, пас сулҳи байнинаслӣ метавонад нақши Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тафаккури ҷаҳонии асри XXI гардад.
Дар ин маъно, наслшиносии сулҳ танҳо омӯзиши муносибати падару фарзанд, гузаштаву имрӯз ё анъана ва навоварӣ набуда, ки чӣ гуна қарорҳои имрӯзаи инсон сарнавишти ояндаро месозанд ё месӯзонанд.
Наслшиносии сулҳ аз ду мафҳуми асосӣ таркиб меёбад: «насл» ва «сулҳ». Аммо пайвастани ин ду мафҳум маънои одии «сулҳ барои фарзандон» надорад. Ин мафҳум масъалаи дақиқтарро ба миён мегузорад. Оё инсони имрӯза ҳақ дорад бо қарорҳои кӯтоҳандешонаи худ имконияти ҳаёти осоиштаи наслҳои ояндаро маҳдуд бисозад?
Насл як воҳиди таърихие, ки дар он хотира, арзиш, таҷриба, забон, фарҳанг, давлатдорӣ ва ормонҳои ҷамъӣ интиқол меёбанд. Ҳар насл аз насли пешин мерос мегирад ва ба насли баъдӣ мерос мегузорад. Аммо ин мерос метавонад ду навъ бошад: мероси сулҳ ё мероси низоъ; мероси давлатдорӣ ё мероси фурӯпошӣ; мероси фарҳанг ё мероси фаромӯшӣ; мероси виҷдон ё мероси беэҳсосӣ мебошад.
Аз ин рӯ, наслшиносии сулҳ чунин савол мегузорад. Мо ба оянда чӣ мегузорем? Танҳо биноҳо, роҳҳо, китобҳо ва муассисаҳо? Ё муҳимтар аз ҳама, фарҳанги ҳамзистӣ, хотираи сулҳ, забони муколама, низоми адолат ва виҷдони масъул?
Сулҳ дар ин ҷо шарти дохилии ҳастии инсон фаҳмида мешавад. Ҷомеае, ки сулҳ надорад, танҳо аз ҷиҳати сиёсӣ ноором набуда, ки он аз ҷиҳати маънавӣ низ захмӣ аст. Дар чунин ҷомеа тарс ба ҷои эътимод, гумон ба ҷои муколама, нафрат ба ҷои ҳамдигарфаҳмӣ ва қувва ба ҷои ақл менишинад. Сулҳ, баръакс, фазое месозад, ки дар он инсон метавонад фикр кунад, омӯзад, эҷод намояд, фарзанд тарбия кунад ва худро ҳамчун мавҷуди маънавӣ эҳсос намояд.
Аз ҳамин ҷиҳат, сулҳ асос аст. Сулҳ пас аз рушди ҷомеа намеояд, худи рушди ҷомеа аз сулҳ оғоз мешавад. Ҳеҷ илму маориф, ҳеҷ иқтисодиёт, ҳеҷ фарҳанг ва ҳеҷ давлатдории пойдор дар фазои доимии тарс ва зӯроварӣ ташаккул ёфта наметавонад.
Яке аз масъалаҳои мураккаби фалсафӣ ин аст, ки оё инсон дар назди касоне, ки ҳанӯз вуҷуд надоранд, масъулият дорад? Аз нуқтаи назарияи фалсафаи ахлоқ, оянда майдони эҳтимолии ҳаёти инсонҳост.
Наслҳои оянда имрӯз овоз надоранд, ба интихобот намераванд, дар парлумон намоянда надоранд, дар шартномаҳои байналмилалӣ имзо намегузоранд ва аз зарари қарорҳои имрӯза шикоят карда наметавонанд. Аммо маҳз ҳамин хомӯшии онҳо масъулияти моро бештар мекунад. Онҳое, ки сухан гуфта наметавонанд, бештар ба виҷдони мо вобастаанд. Ин ҷо виҷдон ба мақоми як «додгоҳи байнинаслӣ» табдил меёбад.
Файласуфи олмонӣ Ҳанс Йонас дар таълимоти худ таъкид мекунад, ки қудрати нави техникии инсон ахлоқи навро талаб мекунад. Зеро амалҳои инсон дигар танҳо ба муҳити наздик ва замони кӯтоҳ таъсир намерасонанд; онҳо метавонанд сарнавишти дарозмуддати табиат, инсон ва наслҳои ояндаро тағйир диҳанд. Аз ин нуқтаи назар, ҳар қадар қудрати инсон зиёд шавад, ҳамон қадар масъулияти ӯ низ бояд дақиқтар мегардад.
Ин андеша барои наслшиносии сулҳ хеле муҳим аст. Агар наслҳои оянда ҳанӯз вуҷуд надоранд, онҳо наметавонанд худро ҳимоя кунанд. Пас, ҳимояи онҳо вазифаи виҷдон, ақл ва сиёсатҳои масъули имрӯза аст. Яъне, ояндаи ҳанӯз таваллуднашуда аз он ҷиҳат муқаддас аст, ки имконияти ҳузури инсоният дар он нуҳуфтааст.
Дар ҳамин ҷо фарқи байни сиёсати кӯтоҳандеш ва фалсафаи масъулият ошкор мешавад. Сиёсати кӯтоҳандеш танҳо имрӯзро мебинад, фалсафаи масъулият паёмади имрӯзро дар фардо мебинад. Сиёсати кӯтоҳандеш бо натиҷаи зуд қаноат мекунад, фалсафаи масъулият мепурсад: баъди мо чӣ мемонад?
Дар фаҳмиши маъмулӣ сулҳ бештар ҳамчун ҳолати набудани ҷанг тасаввур мешавад. Аммо ин фаҳмиш нокифоя аст. Набудани ҷанг ҳанӯз маънои будани сулҳи комилро надорад. Ҷомеа метавонад ҷанг надошта бошад, вале дар он беадолатӣ, тарс, фақр, таҳқир, нобаробарӣ, нафрат ва бегонагии иҷтимоӣ ҳукмфармо бошад. Чунин ҳолат оромии зоҳирӣ дорад, аммо сулҳи ботинӣ надорад.
Дар таҳқиқоти сулҳшиносӣ, махсусан дар осори Йохан Галтунг, фарқ миёни сулҳи манфӣ ва сулҳи мусбат таъкид мегардад. Сулҳи манфӣ набудани ҷанг ё хушунати мустақим аст. Сулҳи мусбат бошад, мавҷудияти адолат, ҳамкорӣ, муносибатҳои солим ва сохторҳои иҷтимоии инсонмеҳварро дар назар дорад. Энсиклопедияи фалсафии интернетӣ низ ин тафовутро чунин шарҳ медиҳад: сулҳи манфӣ набудани хушунат ва ҷанг аст, сулҳи мусбат бошад, ҳузури адолат ва муносибатҳои ҳамоҳангро фаро мегирад.
Аз ин нуқтаи назар, сулҳ категорияи ҳастишиносӣ мебошад. Зеро он тарзи будани инсонро муайян мекунад. Инсон дар сулҳ маъно пайдо мекунад. Дар фазои сулҳ, инсон метавонад худшинос, донишҷӯ, омӯзгор, олим, падар, модар, шаҳрванд, эҷодкор ва созанда бошад. Дар фазои ҷанг, баръакс, инсон пеш аз ҳама ба мавҷуди тарсзада, гуреза, қурбонӣ ё муҳофиз табдил меёбад.
Сулҳ, ба маънои ҳастишиносӣ, фазои имкон аст. Сулҳ имкон медиҳад, ки ҳастии инсон аз сатҳи наҷот ба сатҳи камолот мегузарад. Ҷанг инсонро ба масъалаи зинда мондан маҳдуд мекунад; сулҳ инсонро ба масъалаи маъно, маърифат ва эҷод мерасонад.
Аз ин ҷо чунин хулоса бармеояд: масъулият дар назди наслҳои оянда, пеш аз ҳама, масъулият барои нигоҳ доштани фазои имкон аст. Наслҳои оянда аз мо танҳо замин, об, ҳаво ва сарват намехоҳанд, онҳо аз мо фазои осоишта, маънавӣ ва одилона мехоҳанд, ки дар он тавонанд инсон бошанд.
Сулҳ қабл аз ҳама масъалаи ахлоқ аст. Ҷомеае, ки дар он ахлоқи муколама, таҳаммул, эҳтиром, адолат ва виҷдон заиф аст, ҳатто бо санадҳои зиёд низ сулҳи пойдор сохта наметавонад. Қонун метавонад рафторро танзим кунад, аммо виҷдон муносибатро инсонӣ мегардонад.
Аз ин рӯ, сулҳ бояд ҳамчун қонуни ботинии виҷдон фаҳмида шавад. Виҷдон инсонро водор месозад, ки аз беэҳсосӣ низ дурӣ ҷӯяд, аз нафрат парҳез кунад, аз забон, фикр ва сиёсате, ки ҷангро омода месозад, худдорӣ намояд.
Ҷанг ҳамеша аз тир оғоз намешавад. Ҷанг аввал дар забон, дар таҳқир, дар душмансозӣ, дар паст задани гурӯҳе, дар аз байн бурдани эътимод, дар ба мо ва онҳо тақсим кардани ҷомеа оғоз мешавад. Пеш аз он ки инсон силоҳ ба даст бигирад, одатан маънои инсонии дигареро аз зеҳни худ хориҷ мекунад. Аз ин ҷиҳат, фарҳанги сулҳ пеш аз ҳама фарҳанги нигоҳ доштани инсон дар инсон аст.
Қатъномаи СММ оид ба Фарҳанги сулҳ соли 1999 ҳамчун A/RES/53/243 қабул гардида, дар худ Эъломия ва Барномаи амал оид ба фарҳанги сулҳро дар бар мегирад. Дар маълумоти Китобхонаи рақамии СММ ин санад ҳамчун ҳуҷҷате муаррифӣ шудааст, ки ба «фарҳанги сулҳ», «маориф барои сулҳ» ва «барномаҳои амал» иртибот дорад.
Ин санад нишон медиҳад, ки сулҳ вазифаи мактаб, донишгоҳ, хонавода, расона, фарҳанг, дин, илм ва ҷомеаи шаҳрвандӣ низ мебошад. Агар сулҳ дар шуури кӯдак, дар ахлоқи ҷавонон, дар сухани омӯзгор, дар адолати ниҳодҳо ва дар муколамаи ҷомеа ҷой нагирад, он дар сатҳи санад мемонад. Санад бе фарҳанг мисли чароғи бе барқ аст, шакл дорад, аммо равшанӣ надорад.
Масъулияти байнинаслӣ маънои онро дорад, ки ҳар насл нисбат ба насли баъдӣ уҳдадории ахлоқӣ, иҷтимоӣ ва таърихӣ дорад. Ин уҳдадорӣ танҳо дар он нест, ки молу мулк ё муассисаҳо боқӣ гузошта шаванд. Муҳимтар аз ҳама, бояд имконияти зиндагии шоиста, сулҳи пойдор, муҳити солим, фарҳанги зинда ва давлатдории устувор ба мерос гузошта шавад.
Дар фалсафаи сиёсӣ Ҷон Ролз масъалаи адолати байнинаслӣ ва «принсипи пасандози одилона»-ро матраҳ менамояд. Бар асоси ин андеша, ҳар насл бояд барои наслҳои баъдӣ ниҳодҳои одилона ва шароити идомаи ҷомеаи одилро нигоҳ дорад. Тафсирҳои муосири назарияи Ҷон Ролз низ таъкид мекунанд, ки принсипи пасандози одилона ба ҳифзи сармояи воқеӣ ва идомаи ниҳодҳои одил барои оянда равона шудааст.
Дар партави наслшиносии сулҳ, ин андеша чунин маъно мегирад: ҳар насл бояд захираи сулҳ гузорад. Захираи сулҳ чист? Ин маҷмӯи арзишҳо, ниҳодҳо, хотираҳо, таҷрибаҳо ва механизмҳоест, ки ҷомеаро аз бозгашт ба хушунат, ифрот, ҷанг ва фурӯпошӣ ҳифз мекунад.
Захираи сулҳ аз унсурҳои зерин иборат аст:
– хотираи таърихии сулҳ;
– таҷрибаи миллӣ ва ҷамъиятии оштӣ;
– фарҳанги муколама;
– адолати иҷтимоӣ;
– эътимод ба ниҳодҳо;
– тарбияи шаҳрвандӣ;
– эҳтиром ба ҳуқуқ ва шаъни инсон;
– рушди маориф ва маърифат;
– ҳифзи арзишҳои миллӣ дар ҳамоҳангӣ бо арзишҳои башарӣ.
Агар наслҳои имрӯз ин захираро вайрон кунанд, наслҳои оянда мушкилоти маънавӣ ва амниятӣ мерос мегиранд. Ин ҷо масъалаи масъулият шакли хеле ҷиддӣ мегирад: мо ҳақ надорем ба оянда низоъ, нафрат ва беэътимодиро ҳамчун мероси таърихӣ супорем.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи навини давлатдории худ арзиши сулҳро ҳақиқати сарнавиштсоз таҷриба кардааст. Ҷомеае, ки талхии ҷанги шаҳрвандӣ, ранҷи муҳоҷират, фоҷиаи ҷудоӣ ва зарурати оштиро гузаштааст, сулҳро аз китоб не, аз дарди таърих мефаҳмад. Аз ҳамин рӯ, ташаббуси Тоҷикистон дар сатҳи СММ танҳо иқдоми дипломатӣ набуда, ки он ифодаи хотираи миллӣ ва масъулияти таърихист.
Ташаббуси эълон гардидани солҳои 20272036 ҳамчун Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда маҳз аз ҳамин замина неру мегирад. Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи Маҷмаи Умумии СММ таъкид намуд, ки лоиҳа ба ҳадафҳо ва принсипҳои Оинномаи СММ, ҳалли мусолиматомези баҳсҳо, фарҳанги сулҳ, Паймони оянда ва Эъломия оид ба наслҳои оянда такя мекунад. Ҳамчунин, ҳадафҳои даҳсола ҳамчун пешбурди сулҳ, муколама, оштӣ ва ҷалби байнинаслӣ, аз ҷумла кӯдакон, ҷавонон ва калонсолон, ба равандҳои сиёсатгузорӣ зикр шудаанд.
Ин ташаббус аз назари мо се маънои муҳим дорад.
Якум, Тоҷикистон сулҳро аз сатҳи таҷрибаи миллӣ ба сатҳи арзиши ҷаҳонӣ мебардорад. Яъне, он чи барои мардуми тоҷик таҷрибаи таърихӣ буд, имрӯз метавонад барои ҷомеаи байналмилалӣ модели андеша ва амал гардад.
Дуввум, ташаббус сулҳро бо масъалаи наслҳои оянда пайванд медиҳад. Ин пайванд сулҳро аз сиёсатҳои кӯтоҳмуддат берун оварда, ба масъалаи дарозмуддати тамаддунӣ табдил медиҳад.
Севвум, ин иқдом ба фалсафаи нави дипломатия ишора мекунад: дипломатия ҳифзи имкониятҳои оянда низ мебошад.
Дар ҳамин ҷо метавон мафҳуми дипломатияи байнинаслиро пешниҳод кард. Дипломатияи байнинаслӣ он шакли сиёсати хориҷист, ки дар он қарорҳои байналмилалӣ аз ҳуқуқ, ниёз ва амнияти наслҳои оянда низ баррасӣ мешаванд. Ин навъи дипломатия аз ҷаҳониён мепурсад. Оё мо ҳақ дорем бо ихтилофҳои имрӯзаи худ фардои фарзандони ҳанӯз таваллуднашударо гаравгон гирем?
Соли 2024 Маҷмаи Умумии СММ Паймони ояндаро ҳамчун қатъномаи A/RES/79/1 қабул кард. Ин санад дар худ Паймони оянда, Эъломия оид ба наслҳои оянда ва Паймони ҷаҳонии рақамиро дар бар мегирад. Китобхонаи рақамии СММ ин қатъномаро ҳамчун санаде сабт кардааст, ки 22 сентябри соли 2024 бидуни овоздиҳӣ қабул шудааст ва ба масъалаҳои рушди устувор, амнияти байналмилалӣ, ҷавонон, технологияҳои рақамӣ, идоракунӣ ва зеҳни сунъӣ иртибот дорад.
Паймони оянда ва Эъломия оид ба наслҳои оянда барои наслшиносии сулҳ заминаи муҳим мебошанд. Зеро онҳо ба як асли асосӣ такя мекунанд. Қарорҳои имрӯз таъсири байнинаслӣ доранд. Яъне, ҳар амали сиёсӣ, иқтисодӣ, экологӣ, технологӣ ва фарҳангии имрӯз метавонад ба имкониятҳои ҳаёти инсонҳои оянда таъсир расонад.
Ин андеша бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқат дорад. Агар Паймони оянда чаҳорчӯбаи умумии масъулияти ҷаҳонӣ дар назди ояндаро ба миён гузорад, Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда ин масъулиятро ба меҳвари сулҳ равона месозад.
Ҳамин тавр, наслшиносии сулҳ метавонад идомаи се санади муҳим фаҳмида мешавад:
Оинномаи СММ, ки наҷоти наслҳои оянда аз ҷангро ҳадаф мегузорад;
Эъломия ва Барномаи амал оид ба фарҳанги сулҳ, ки сулҳро ба низоми тарбиявӣ ва фарҳангӣ табдил медиҳад;
Паймони оянда ва Эъломия оид ба наслҳои оянда, ки масъулияти байнинаслиро ба сатҳи сиёсати ҷаҳонӣ мебароранд.
Дар меҳвари наслшиносии сулҳ мафҳуми виҷдони башарӣ қарор дорад. Виҷдон танҳо неруи маънавиест, ки инсонро ба масъулият дар назди дигарон, ҷомеа, таърих ва оянда водор месозад.
Виҷдони башарӣ аз виҷдони инфиродӣ васеътар аст. Он қобилияти инсоният аст, ки ранҷи дигаронро ранҷи худ, хатари ояндаро хатари имрӯз ва сулҳи наслҳои баъдиро вазифаи насли ҳозир бидонад. Агар виҷдони инфиродӣ инсонро аз гуноҳи шахсӣ нигоҳ дорад, виҷдони башарӣ тамаддунро аз худкушии таърихӣ нигоҳ медорад.
Мушкил дар он аст, ки ҷаҳони муосир аксар вақт технологияи пешрафта дорад, аммо виҷдони ақибмонда. Инсон метавонад бо як пахши тугма шаҳрҳоро хароб кунад, аммо барои бахшидан, шунидан ва муколама кардан ҳанӯз ҳам омӯзиш мехоҳад. Ин ҷо фалсафа зарур мешавад. Фалсафа ба инсон ёд медиҳад, ки қудрат бе маъно хатар аст, дониш бе ахлоқ кӯр аст, сиёсат бе адолат зӯроварӣ аст ва сулҳ бе виҷдон устувор нест.
Виҷдони башарӣ бояд аз се самт гузарад:
-аввал, худшиносӣ: инсон бояд бифаҳмад, ки амали ӯ танҳо кори шахсии ӯ нест;
– дуввум, дигаршиносӣ: инсон бояд дигаронро на ҳамчун рақиб, балки ҳамчун соҳибони шаъну ҳуқуқ бубинад;
– севвум, ояндашиносӣ: инсон бояд наслҳои ояндаро ҳамчун иштирокдорони хомӯши қарорҳои имрӯзӣ эҳтиром кунад.
Ҳамин самти севвум асоси наслшиносии сулҳ аст. Зеро сулҳи ҳақиқӣ на танҳо бо ҳамзистии одамони имрӯз, балки бо эҳтиром ба ҳаёти одамони фардо муайян мегардад.
Наслшиносии сулҳ бе маориф ва тарбия амалӣ шуда наметавонад. Агар сулҳ дар низоми таълимӣ ҷой нагирад, он дар ҷомеа реша намедавонад. Тарбияи сулҳ бояд қобилияти тафаккури интиқодӣ, муколама, таҳаммул, ҳамдардӣ, эҳтироми гуногунандешӣ ва масъулияти шаҳрвандиро ташаккул диҳад.
Дар ин замина, маориф бояд се вазифаи асосӣ дошта бошад:
– якум, омӯзонидани хотираи сулҳ. Насли ҷавон бояд бидонад, ки сулҳ арзиши тасодуфӣ нест, баръакс он бо заҳмат, қурбонӣ, хирад ва иродаи сиёсӣ ба даст меояд.
– дуввум, ташаккули тафаккури зидди хушунат. Ҷавонон бояд фаҳманд, ки хушунат танҳо дар ҷанг нест; он дар забони таҳқиромез, дар нафрати маҷозӣ, дар рад кардани дигарӣ ва дар беадолатии иҷтимоӣ низ зоҳир мешавад.
– севвум, тарбияи масъулияти байнинаслӣ. Фарзанди имрӯз бояд бифаҳмад, ки ӯ фардо на танҳо соҳиби ҳуқуқ, балки соҳиби масъулият мешавад. Насле, ки танҳо ҳуқуқи худро медонад, аммо вазифаи худро намешиносад, ҷомеаи устувор сохта наметавонад.
Дар ҳамин маъно, Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда метавонад барои низоми маориф, илм, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон як барномаи нави маънавӣ мегардад, ки метавонад асоси таҳияи китобҳои дарсӣ, курсҳои донишгоҳӣ, барномаҳои тарбиявӣ, конфронсҳои илмӣ, лоиҳаҳои ҷавонон ва фаъолияти фарҳангии сулҳмеҳвар бошад.
Яке аз масъалаҳои наслшиносии сулҳ масъалаи қарзи оянда мебошад. Ҳар насл метавонад ба наслҳои баъдӣ ду чиз гузорад. Сармоя ё қарз. Сармоя танҳо пул нест; сулҳ, забон, фарҳанг, маориф, давлат, адолат ва муҳити солим низ сармояанд. Қарз низ танҳо қарзи иқтисодӣ нест; низоъ, ифротгароӣ, бесаводӣ, беадолатӣ, заҳролудшавии муҳит, нафрати ҷамъӣ ва фурӯпошии эътимод низ қарзанд.
Аз ин нуқтаи назар, масъала чунин гузошта мешавад: оё насли имрӯза ҳақ дорад бо қарорҳои нодуруст, бетафовутӣ ё манфиатҷӯии кӯтоҳмуддат наслҳои ояндаро қарздор кунад? Ҷавоби фалсафии наслшиносии сулҳ манфист. Насли имрӯза ҳақ надорад он чиро, ки худ вайрон мекунад, ба гардани оянда гузорад.
Ин масъала дар сатҳи сиёсати ҷаҳонӣ низ аҳамият дорад. Ҷангҳои имрӯз, буҳронҳои экологӣ, рақобатҳои хатарноки технологӣ, паҳншавии нафрат дар фазои рақамӣ ва сустшавии эътимоди байналмилалӣ ҳама метавонанд ба «қарзи сулҳ» табдил ёбанд. Яъне, агар инсоният имрӯз сулҳ насозад, фардо наслҳои оянда маҷбур мешаванд харобаҳои ҷисмонӣ ва маънавии онро таъмир кунанд.
Ҳамин ҷо ташаббуси Тоҷикистон аҳаммияти фалсафии худро нишон медиҳад. Он ҷаҳониёнро даъват мекунад, ки сулҳро вазифаи ҳозир бубинанд. Оянда дер намеояд, ки он ҳар рӯз аз қарорҳои имрӯза сохта мешавад.
Наслшиносии сулҳ мафҳуми фалсафӣ моро ба бозандешии муносибати инсон бо оянда водор месозад. Ин мафҳум таъкид мекунад, ки сулҳ набудани ҷанг нест; сулҳ низоми ҳастишиносӣ, ахлоқӣ, ҳуқуқӣ, тарбиявӣ ва тамаддунист. Сулҳ фазои имкони инсонӣ мебошад, ки дар он наслҳо метавонанд маъно, ҳувият, дониш, фарҳанг ва давлатдорӣ эҷод намоянд.
Масъулияти инсон дар назди ояндаи ҳанӯз таваллуднашуда аз он сарчашма мегирад, ки қарорҳои имрӯзӣ ба зиндагии фардо таъсир мерасонанд. Наслҳои оянда имрӯз хомӯшанд, аммо хомӯшии онҳо набояд сабаби фаромӯшии онҳо гардад. Баръакс, маҳз хомӯшии онҳо бояд виҷдони моро бедортар кунад.
Ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027-2036, дорои аҳаммияти фалсафӣ, сиёсӣ ва тамаддунӣ мебошад. Ин ташаббус таҷрибаи миллии сулҳи тоҷиконро ба сатҳи масъулияти ҷаҳонӣ мебарорад ва сулҳро бо мафҳуми адолати байнинаслӣ пайванд медиҳад.
Дар натиҷа, метавон чунин хулоса кард:
– якум, сулҳ бояд ҳамчун сармояи асосии наслҳо шинохта шавад;
– дуввум, масъулияти байнинаслӣ бояд ба меъёри сиёсати давлатӣ ва байналмилалӣ табдил ёбад;
– севвум, виҷдони башарӣ бояд аз доираи имрӯз берун рафта, ояндаро низ фаро гирад;
– чаҳорум, маориф ва фарҳанг бояд насли сулҳсоз тарбия кунанд;
– панҷум, Тоҷикистон метавонад бо ин ташаббус дар ташаккули фалсафаи нави сулҳшиносии ҷаҳонӣ саҳми арзишманд гузорад.
Наслшиносии сулҳ дар ниҳоят як даъвати фалсафӣ аст. Инсон бояд барои он чи ҳанӯз ба чашм намеояд, масъул бошад. Ояндаи ҳанӯз таваллуднашуда бесадост, аммо ҳаққи зиндагӣ, сулҳ ва умед дорад. Ин садоро бояд виҷдони мо бишнавад.
Комилов Далер, номзади илмҳои фалсафа, дотсент, мудири кафедраи таърих ва робитаҳои байнифарҳангӣ.