Фарҳанг маҷмуи одатҳо, анъанаҳо, забон, санъат, дониш ва тарзи зиндагии як халқ ё ҷомеа мебошад. Ба ибораи дигар, фарҳанг ҳама чизест, ки тарзи фикр кардан, рафтор кардан, ва зиндагии одамонро муайян мекунад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳо ва сиёсати давлатии худ пайваста ба аҳаммияти сулҳ, ваҳдати миллӣ, суботи ҷомеа ва ҳамзистии осоишта таъкид мекунанд. Дар ин замина, фарҳанги сулҳофарона ҳамчун тарғиби таҳаммулпазирӣ, эҳтироми ҳамдигар, ҳалли мусолиматомези ихтилофҳо, ваҳдати миллӣ ва ҳамкории созанда маънидод мешавад.
Фарҳанги сулҳ дар Тоҷикистон маҷмуи арзишҳо, рафтор ва анъанаҳоест, ки ба таҳкими ҳамдигарфаҳмӣ, эҳтироми ҳуқуқи инсон, таҳаммулпазирӣ, ҳамзистии осоишта ва пешгирии низоъҳо мусоидат мекунад.
Сулҳ арзишмандтарин неъмати зиндагии инсон ва асоси пешрафти ҳар як давлату ҷомеа ба ҳисоб меравад. Таърих нишон медиҳад, ки бе сулҳу субот пешрафти иқтисодӣ, рушди илм, маориф, фарҳанг ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ғайриимкон аст. Дар асри ХХI инсоният бо мушкилоти нав, аз ҷумла низоъҳои мусаллаҳона, терроризм, ифротгароӣ, муҳоҷирати иҷборӣ, камбудии захираҳои табиӣ, тағйирёбии иқлим ва таҳдидҳои киберамният рӯ ба рӯ гардидааст. Ҳамаи ин омилҳо зарурати таҳкими сулҳро дар сатҳи миллӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ боз ҳам муҳимтар мегардонанд.
Дар илми муносибатҳои байналмилалӣ сулҳ танҳо набудани ҷанг нест, балки ҳолатест, ки дар он адолати иҷтимоӣ, волоияти қонун, ҳуқуқи инсон, рушди иқтисодӣ ва баробарии имкониятҳо таъмин мегардад. Муҳаққиқон сулҳро ба ду навъ ҷудо мекунанд:
1. Сулҳи манфӣ – набудани ҷанг ва зӯроварии мустақим;
2. Сулҳи мусбат – мавҷудияти адолат, ҳамдигарфаҳмӣ, ҳамкорӣ, рушди иҷтимоӣ ва иқтисодӣ.
Аз ин рӯ, таҳкими сулҳ маънои фароҳам овардани чунин шароитеро дорад, ки ҷомеа тавонад низоъҳоро бо роҳи муколама, ҳамдигарфаҳмӣ ва воситаҳои ҳуқуқӣ ҳал намояд.
Дар ин замина, 25 июни соли 2026 дар Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қатъномаеро қабул намуд, ки тибқи он солҳои 2027-2036 ҳамчун “Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда” ба тасвиб расид. Ин ташаббус идомаи саҳми фаъоли Тоҷикистон дар пешбурди масъалаҳои сулҳ ва ҳамкории байналмилалӣ арзёбӣ мешавад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон баъд аз барқарор намудани сулҳу ваҳдати миллӣ таҷрибаи арзишмандро дар самти оштии миллӣ ба даст овардааст. Ин таҷриба имрӯз ҳамчун намунаи муваффақи ҳалли мусолиматомези низоъҳо дар сатҳи байналмилалӣ арзёбӣ мегардад.
Қабули қатъномаи мазкур бори дигар нишон медиҳад, ки Тоҷикистон ҳамчун кишвари ташаббускор дар масъалаҳои сулҳ, об, рушди устувор ва ҳамкории байналмилалӣ мавқеи фаъол дорад. Ҳадафи асосии “Даҳсолаи таҳкими фарҳанги сулҳ, рушди муколама, мусолиҳа ва ҳамбастагии байни наслҳо мебошад”.
Ҳадафҳои асосии Даҳсолаи байналмилалӣ таҳкими сулҳ ва амнияти он, пешгирии низоъҳо тавассути муколама ва дипломатия, густариши фарҳанги сулҳ ва таҳаммулпазирӣ, баланд бардоштани манфиатҳои наслҳои оянда ҳангоми қабули қарорҳои сиёсӣ ва рушди ҳамкории байни давлатҳо ва созмонҳои байналмилалӣ мебошанд.
Даҳсолаи мазкур кишварҳоро бо ҳамкории васеъ барои ҳалли мушкилоти ҷаҳонӣ, рушди фарҳанги сулҳ ва таҳкими эътимод байни халқҳо даъват мекунад. Дар доираи ин даҳсола баргузории ҳамоишҳои байналмилалӣ, барномаҳои илмӣ, маърифатӣ ва фарҳангӣ пешбинӣ гардида, нақши ҷавонон дар таҳкими сулҳ ва рушди устувор махсус таъкид мешавад.
Аҳаммияти ҳуқуқӣ ва сиёсии қабли ин ин қатънома аз ҷониби Маҷмааи умумии Созмони Милали Муттаҳид нишон медиҳад, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ зарурати таҳкими фарҳанги сулҳ ва ҳамкории байналмилалиро эътироф менамояд. Ин ташаббус раванди асосии Оинномаи СММ, аз ҷумла ҳалли осоиштаи баҳсҳо, эҳтироми соҳибихтиёрии давлатҳо, ҳуқуқи инсон ва рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ такя мекунад.
Тоҷикистон ҳамчун кишвари ташаббускор дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ як қатор ташаббусҳои байналмилалиро дар самти масъалаҳои об, иқлим ва сулҳ пешниҳод намудааст. Пешниҳоди даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ идомаи мантиқии сиёсати хориҷии сулҳҷӯёна ва таҷрибаи беназири кишвар дар роҳи барқарорсозии сулҳу ваҳдати миллӣ мебошад.
Қабули ин ташаббус мавқеи Тоҷикистонро ҳамчун иштирокчии фаъоли муносибатҳои байналмилалӣ таҳким бахшида, эътимоди ҷомеаи ҷаҳонро ба иқдомҳои созандаи он боз ҳам бештар намояд.
Нақши маориф ва илм доир ба ин қатъномаи сулҳ дар муассисаҳои таълимӣ ва илмӣ ташаккули фарҳанги сулҳ нақши калидӣ дорад. Ворид намудани мавзуъҳои марбут ба сулҳ, таҳаммулпазирӣ, ҳуқуқи инсон ва муколама ба барномаҳои таълимӣ метавонад ҷаҳонбинии ҷавононро ғанӣ гардонад. Ҳамчунин рушди тадқиқоти илмӣ дар саҳаи сулҳшиносӣ ва муносибатҳои байналмилалӣ барои пешниҳоди роҳҳои нави пешгирии низоъҳо мусоидат мекунад.
Таҳкими сулҳ барои ҳалли масъалаҳои пешгирии ҷанг ва низоъҳои мусаллаҳона, мубориза бар зиди терраризм ва ифротгароӣ, ҳифзи ҳуқуқи инсон, рушди иқтисодиёти ҷаҳонӣ, коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ, ҳифзи муҳити зист, густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ ахаммияти калон дорад. Имрӯз давлатҳо дарк мекунанд, ки ҳеҷ як кишвар наметавонад танҳо амният ва сулҳи худро таъмин намояд. Барои ҳамин ҳамкории байналмилалӣ омили муҳими таҳкими сулҳмебошад.
Сулҳ яке аз бузургтарин неъматҳои зиндагии инсон ба шумор меравад. Танҳо дар фазои сулҳу оромӣ ҷомеа метавонад рушд кунад, иқтисод пеш равад ва мардум зиндагии осоишта дошта бошанд. Дар таҳкими сулҳ маориф нақши бисёр муҳимро мебозад. Зеро маҳз тавассути таълиму тарбия инсонҳо босавод, ватандӯст ва масъулиятшинос ба воя мерасанд.
Мактаб нахустин маконе мебошад, ки дар он кӯдакон дониш меомӯзанд ва ҳамзамон эҳтироми якдигар, дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмиро аз худ мекунанд. Омӯзгорон бо сухан ва рафтори намунавии худ дар қалби хонандагон муҳаббат ба Ватан, эҳтиром ба қонун ва масъулияти шаҳрвандиро парвариш медиҳанд. Ин арзишҳо барои нигоҳ доштани сулҳу субот дар ҷомеа заминаи устувор фароҳам меорад.
Маориф инчунин ҷавононро аз хурофот, ифротгароӣ ва дигар андешаҳои нодуруст ҳифз мекунад. Шахси донишманд метавонад воқеаҳоро дуруст таҳлил намояд, қарорҳои оқилона қабул кунад ва барои пешрафти ҷомеа саҳм гузорад. Аз ин рӯ, рушди маориф маънои таҳкими сулҳ ва таъмини ояндаи дурахшони кишварро дорад.
Тарбияи ҷавонон дар руҳияи ватандӯстӣ, эҳтироми ҳуқуқи инсон, таҳаммулпазирӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ метавонад хавфиифротгароӣ ва хушунатро коҳиш диҳад. Муассисаҳои олӣ метавонанд омилҳои пайдоиши низоъҳоро таҳқиқ намояд, роҳҳои пешгирии ихтилофҳоро пешниҳод кунад, фарҳанги муколама ва миёнавиро омӯзанд, таҳқиқи байнисоҳавиро оид ба сулҳшиносӣ рушд диҳанд.
Фарҳанги сулҳ мачмуи арзишҳо, донишҳо, рафтор ва муносибатҳоест, ки инсонҳоро ба ҳамдигарфаҳмӣ, эҳтиром, ҳамкорӣ, аолат, баробарӣ ва ҳаллу фасли осоиштаи баҳсҳо раҳнамоӣ мекунад. Шахсе, ки дорои фарҳанги сулҳ аст, аз зӯроварӣдурӣ ҷуста, мушкилотро тавассути муколама, созиш ва эҳтироми андешаи дигарон ҳал менамояд. Ин фарҳанг дар оила, муассисаҳои таълимӣ, ҷомеа ва воситаҳои ахбори омма ташаккул меёбад.
Маорифи сулҳ қисми муҳимми низоми таълиму тарбия мебошад. Он ба омӯзиши арзишҳои инсонпарварӣ, ҳуқуқи инсон, масъулияти шаҳрвандӣ, таҳаммулпазирӣ, эҳтироми гуногунандешӣ ва ҳамзистии осоишта равона шудааст. Тавассути маорифи сулҳ хонандагон ва донишҷӯён на танҳо донишҳои назариявӣ, балки малакаҳои амалии муошират, ҳамкорӣ, ҳалли низоъҳо ва қабули қарорҳои одилонаро аз худ мекунанд. Омӯзгорон низ дар тарбияи фарҳанги сулҳ нақши муҳим доранд, зеро онҳо намунаи рафтори созанда барои насли наврас ва ҷавонон мебошанд.
Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда имконияти муҳим барои таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ, рушди фарҳанги сулҳ ва таъмини зиндагии осоишта барои ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад. Ҳифзи сулҳ вазифаи танҳо давлатҳо нест, балки масъулияти ҳар як шаҳрванд низ мебошад. Танҳо бо ҳамкорӣ, таҳаммулпазирӣ ва эҳтироми арзишҳои инсонӣ метавон ояндаи амну осуда ва рушди устуворро барои наслҳои оянда таъмин намоем.
Кенҷазода Фарҳод, омӯзгори кафедраи назария ва амалияи забоншиносӣ