ҶАВОНОН ОЯНДАГОНИ МИЛЛАТИ ПУРИФТИХОРАНД

Ҳамасола рӯзи 23 – юми май ҳамчун Рӯзи ҷавонон дар Тоҷикистон таҷлил мегардад. Бояд қайд намоем, ки ҷавонон як қишри асосии ҷомеаи ҷаҳонии имрӯзаро ташкил медиҳанд. Ҳамчунин нерӯи пешбарандаи ҳар як миллату давлат буда, пешрафти ҷомеаи орому осуда бевосита ба ҷавонон вобастагии амиқ дорад. Аз ин рӯ месазад, ки ҷавонон бомасъулият, соҳибилм, бофарҳанг ва соҳиби фарҳанги воло бошанд.

Саҳми ҷавононро дар ҳамаи соҳаҳои гуногун, аз ҷумла, самти илм, фарҳанг, варзиш ва дигарҳо мебинем, ки назаррас аст. Маҳз ҷавонон ба пешрафти илму технология таваҷҷуҳ менамоянд ва барои ояндаи давлату миллат саҳм мегузоранд. Беҳуда нест, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи беандозаи худро ба ҷавонон равона намуда, барои онҳо на танҳо оромиву осудагӣ, инчунин ҳамаи шароитҳои хубро барои илм омӯхтан, таҷриба гирифтан ва дар давлатҳои хориҷа таҳсил намудан, фароҳам овардаанд. Пайваста дар пайёмҳои худ қайд менамоянд, ки “Ҷавонон созандаи миллат ва ҷомеаи обод ҳастанд ва ояндаи Тоҷикистон дар дасти онҳо мебошад”.

Рӯзи ҷавонон танҳо як ҷашн нест, балки нишондиҳандаи он аст, ҷавонон як қишри муҳимми ҷомеа буда, ҳамаи заҳмат ва талошҳо барои касбомӯзӣ ва забономӯзии онҳо равона шудааст. “Ҷавонон, ки ҳафтод дар сади аҳолии ҷумҳурианд, нерӯи такондиҳанда ва пешбарандаи ҳаёти ҷамъият буда, ҳама чиз вобаста ба он аст, аз ин нерӯи азим чи тавр истифода бурда мешавад.

Оре, дар ҳақиқат ин суханҳо маънои амиқу таъсирбахш доранд. Зеро, ҷавонон дорандаи нерӯ ва қуватти хуби дарккунӣ, ва азхудкунии илм мебошанд. Сиёсати пешгирифтаи Сарвари давлат бевосита ба пешрафт ва дастгирии ҷавонон равона шудааст. Ба ҳама маълум аст, ки ҳамасола озмунҳои гуногун барои ҳавасмандии ҷавонон баргузор мегардад. Инчунин стипендияҳо, Квотаҳои президентӣ ва дигар озмунҳо маҳз барои таҳсил ва донишандӯзии ҷавонон равона карда шудааст.

Боиси хушнудист, ки дар арафаи 35 – умин солагарди истиқлоли давлатӣ қарор дорем. Ҳамаи ин шароитҳои хуб барои пешрафти як ҷавони муваффақ хеле мусоид аст. Ҳамаи имкониятҳо аз ҷониби Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фароҳам оварда шудааст. Аз ҷавонон танҳо хондан ва аз худ кардани илмҳои замонавӣ талаб карда мешавад.

Масъулияти тарбия намудани насли наврас низ ба онҳо вобаста аст, зеро насли наврас ба роҳи пешгирифтаи онҳо қадам менамоянд. Пас, аз ин бармеояд, ки ҷавонон на танҳо созандаи миллат инчунин созандаи насли бофарҳангу бомаданият саҳмгузоранд. Яъне масъулияти ҷавонон дар назди давлат ва ҷомеа бузург мебошад.

Ҷавонон ба насли наврас бештар таъсири худро мерасонанд. Аз ин рӯ кушиш намоем, ки таъсири хуби худро расонем то насли наврас ватандӯстдору созанда ба воя расанд. Зеро, ҷавонон қисми асосӣ ва пешбарандаи миллат ва давлат мебошанд. Ояндаи пурифтихор низ дар дасти ҷавонони кишвар буда, умед бар он мебандем, ки ҷавонон ин вазифаи асосии худро фаромӯш намекунанд.

Арбобова Мисқолой, ассистенти кафедраи филологияи англиси факултети равияи омӯзгории забони англисӣ.