ЗИНАИ МАГИСТРАТУРА
Магистратура зинаи мустақили Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода буда, мақсади таъсиси он таъмини соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ ва системаи илму маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мутахассисони баландихтисос ва кадрҳои илмию педагогӣ мебошад. Магистратура сатҳи таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба стандарти байналхалқии таҳсилот наздик намуда, барои мувофиқати дипломҳо шароити зарурӣ муҳайё месозад.
Муҳлати таҳсил дар шакли рӯзона ду сол муқаррар гардидааст.
Шахсони дорои таҳсилоти олии касбӣ, метавонанд дар равия ва ихтисоси мувофиқ ба дипломашон дар магистратураи донишгоҳ таҳсил намоянд.
Ба магистратураи донишгоҳ донишҷӯёне, ки бо қарори Комиссияи давлатии аттестатсионӣ тавсия шудаанд ва аз рӯйи равияи интихобнамудаашон дипломи бакалавр ва ё мутахассис доранд, қабул карда мешаванд. Довталабони мазкур аз рӯйи ихтисоси интихобнамудаашон реферат таълиф намуда, ба тариқи суҳбат аз озмун мегузаранд.
Дар Донишгоҳ барои шахсоне, ки дипломҳои онҳо ба равияи интихобнамудаашон мувофиқат намекунад, аз рӯйи талаботи муайяннамудаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таҳсил дар магистратураи Донишгоҳ имтиҳони ҳатмӣ месупоранд.
Агар дохилшавӣ ба магистратураи Донишгоҳ дар соли хатмкунии довталаб ба вуқуъ пайвандад, ба сифати имтиҳони дохилшавӣ натиҷаи имтиҳони ҷамъбастии байнифаннӣ аз рӯйи ихтисос ба ҳисоб гирифта мешавад (ба шарте, ки баҳои имтиҳони ҷамъбастии ихтисос аз «хуб» паст набошад). Дар мавриди «қаноатбахш» будани баҳои ҷамъбастии байнифаннӣ довталаб имтиҳони дохилшавӣ месупорад.
Агар дохилшавӣ ба магистратураи Донишгоҳ пас аз як соли хатм сурат гирад, новобаста аз доштани дипломи “аълочӣ” довталабон имтиҳон месупоранд.
Ба магистратураи Донишгоҳ то 20%-и хатмкунандагони муассиса ва хатмкунандагони дигар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда мешаванд. Дар ҳолати аз 20% зиёд будани довталабон, дар магистратураи Донишгоҳ дохилшавӣ дар шакли озмун ба тариқи шартномавӣ сурат мегирад.
Айни замон дар зинаи магистратураи Донишгоҳ таҳсил аз рӯйи ихтисосҳои зерин ба роҳ монда шудааст:
№ |
Рамз |
Номи ихтисос |
1. |
1- 020301 |
Забон ва адабиёти тоҷик (омӯзгор) |
2. |
1- 020302 |
Забон ва адабиёти рус (омӯзгор) |
3. |
1-020307 |
Забони олмонӣ. Минтақашиносӣ (омӯзгор) |
4. |
1-020306 |
Забони англисӣ (омӯзгор) |
5. |
1-210601-02 |
Забонҳои муосири хориҷӣ (тарҷума, забони хитойӣ) |
6. |
1-210601-02 |
Забонҳои муосири хориҷӣ (тарҷума, забони англисӣ) |
7. |
1-210502-08 |
Забони хориҷӣ (забони куриёӣ) |
8. |
1-230101 |
Муносибатҳои байналмилалӣ |
9. |
1-210502-08 |
Забони хориҷӣ (забони хитойӣ) |
10. |
1-020307 |
Забони фаронсавӣ. Минтақашиносӣ |
11. |
1-210502-08 |
Забони хориҷӣ (забони ҷопонӣ) |
12. |
1-020306-04 |
Забони олмонӣ. Забони англисӣ |
13. |
1-210601-0215 |
Забони арабӣ. Забони англисӣ |
14. |
1-210601-0602 |
Забони форсӣ. Забони англисӣ |
15. |
1-010102-03 |
Таҳсилоти томактабӣ. Забони тоҷикӣ |
Шахсоне, ки ба магистратураи Донишгоҳ дохил мешаванд, ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод менамоянд:
·
ариза ба номи ректор бо нишон додани
ихтисоси магистратура;
· дипломи хатми муассисаи таҳсилоти олии
касбӣ (нусхаи аслӣ), барои қабул ба магистратура мавҷудияти дипломи зинаи бакалавр ва мутахассис ҳатмист;
·
замимаи дипломи таҳсилоти олии касбӣ
(варақаи баҳо, нусхаи аслӣ);
·
маълумотномаи тиббӣ (шакли 038);
·
6 дона сурат (андозаи 4/3);
·
нусхаи шиносномаи шахсӣ;
·
ҷувздон (скоросшиватель) – 1 дона
·
реферат (дар дилхоҳ мавзуъ вобаста ба ихтисоси интихобнамуда).
Қабули ҳуҷҷатҳо дар моҳи июл сурат мегирад. Ҳуҷҷатҳоро довталабон ба Комиссияи қабул аз рӯйи равия ва ихтисос месупоранд.