Пажуҳишгоҳи забоншиносӣ ва тарҷумаи назди Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода”
Пажуҳишгоҳи забоншиносӣ ва тарҷумаи бо қарори Шурои олимони Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода аз 27.09.2023, №2/3-2 таъсис дода шудааст.
Мақсади Пажуҳишгоҳ:
Мақсади Пажуҳишгоҳ ба таври мутамарказ таъмин намудани тарҷумаи осори гаронбаҳои бадеӣ, таърихӣ, илмӣ, илмӣ-оммавӣ дар самти забоншиносӣ ва тарҷума аз забони давлатӣ ба забонҳои хориҷӣ ва баръакс мебошад.
Вазифаҳои асосии Пажуҳишгоҳ:
– ба роҳ мондани таҳқиқоти бунёдӣ ва амалӣ дар Донишгоҳ оид ба мавзуъҳои забоншиносӣ ва тарҷума мутобиқи дастовардҳо ва тамоюлоти рушди илми ҷаҳонӣ;
– ҳамоҳангсозии корҳои илмӣ-таҳқиқотии сохторҳои Донишгоҳ дар самти забоншиносӣ ва тарҷума;
– мусоидат дар таъмини ҷанбаҳои илмӣ-назариявӣ ва методологии раванди тайёркунии касбӣ, бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси мутахассисони забоншинос ва тарҷумонҳо;
– таҳияи махзани маълумот ва таъминоти илмӣ-иттилоотӣ барои анҷоми корҳои илмӣ-таҳқиқотии самти забоншиносӣ ва тарҷума;
– омӯзиши таҷрибаи пешқадами ҷаҳонӣ оид ба корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ дар соҳаи забоншиносӣ ва тарҷума;
– таҳияи маводи таълимию методӣ ва воситаҳои аёнӣ ҷиҳати такмили раванди таҳсилот дар зинаҳои бакалавриат, магистратура, бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси мутахассисони забоншинос ва тарҷумонҳо;
– баргузории ҳамоишҳои илмии сатҳи мухталиф оид ба забоншиносӣ ва тарҷума;
– тарҷума ва муаррифии осори гаронарзиши илмиву адабии тоҷикон ва ҷаҳониён бо забонҳои гуногун.
– ҳамоҳангсозии фаъолияти илмӣ-таҳқиқотии Донишгоҳ бо муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, муассисаҳои таълимии олии касбӣ ва иловагии касбӣ, ки ба бозомӯзии мутахассисони забоншинос ва тарҷумонӣ машғул мебошанд;
– иштирок дар раванди банақшагирии таҳқиқотии назариявӣ ва амалӣ оид ба масъалаҳои забоншиносӣ ва тарҷума;
– ҷалби донишҷӯён, магистрантҳо, унвонҷӯён, аспирантҳо ва докторантҳо ба фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ дар самти забоншиносӣ ва тарҷума;
– иштирок дар таҳияи созишномаҳо, барномаҳо ва лоиҳаҳои байниидоравӣ ва байналмилалӣ доир ба ҳамкориҳои илмӣ дар соҳаи забоншиносӣ ва тарҷума;
– таҳияи маълумотномаҳои таҳлилӣ доир ба масъалаҳои гуногуни забоншиносӣ ва тарҷума.