ПАРЧАМАТ БОДО ПАРАФШОН, ТОҶИКИСТОНи АЗИЗ!

Пас аз ба даст овардани Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи муайян намудани рамзҳои давлатӣ ахамияти бузург пайдо карданд. 24 ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Парчами давлаи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. Ин рӯйдоди таърихӣ дар роҳи таҳкими давлатдории миллӣ ва эҳёи арзишҳои миллӣ саҳифаи нав боз намуд.

Имрӯз Парчами Тоҷикистон дар назди биноҳои мақомоти давлатӣ, муассисаҳо ва намояндагиҳои дипломатии кишвар парафшон аст. Он дар чорабиниҳои муҳими байналмилалӣ, мусобиқаҳои варзишӣ ва ҳамоишҳои сиёсиву фарҳангӣ баланд бардошта мешавад. Ин нишона аз фарҳангсолори миллати куҳанбунёди тоҷик дарак медиҳад.

Ҳар боре ки варзишгарони тоҷик дар мусобиқаҳои байналмилалӣ соҳиби ғолибият мегарданд ва Парчами Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ баланд мешавад, қалби миллионҳо ҳамватан аз эҳсоси ифтихору шодӣ лабрез мегардад. Ин лаҳзаҳо ҷовидон нишон медиҳанд, ки Парчам танҳо рамзи давлатӣ нест, балки пайвандгари эҳсосот миллӣ ва ваҳдату ҳамбастагии мардуми ҷаҳон мебошад. Мо тоҷикон аз Парчами худ ифтихор намуда, барои парафшонии он талош намоем.

Барои миллати тоҷик Парчами давлатӣ мақоми хосса дорад, зеро он дар замони соҳибистиқлолӣ ҳамчун рамзи давлатдории навини тоҷикон қабул гардида, имрӯз дар тамоми ҷаҳон нишонаи шинохти ҳастии миллати тоҷик мебошад. Парчам давлатии Тоҷикистон аз се рахи уфуқӣ иборат буда, рахи боло сурх рамзи ҷасорат, мубориза барои озодӣ ва истиқлол, рахи миёна сафед рамзи покӣ, сулҳу осоиштагӣ ва бахту саодат, рахи поён сабз рамзи табиати зебои Тоҷикистон, сарсабзӣ ва шукуфоии кишвари азизамонро ифода мекунад.

Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва таҳаввулоти босуръати ҷомеаи муосир тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи худшиносии миллӣ, ватандӯстӣ ва эҳтиром ба муқаддасоти давлатӣ аҳамияти махсус дорад. Дар ин замина ҷавонон бояд таърихи пайдоиш, мазмун ва аҳамияти Парчами давлатиро хуб омӯзанд ва онро ҳамчун рамзи муқаддаси Ватан эҳтиром намоянд. Насли ҷавон бояд дарк намояд, ки ояндаи миллату давлат аз сатҳи дониш, маърифат, масъулиятшиносӣ ва фаъолияти созандаи онҳо вобастагии калон дорад. Муассисаҳои таълимӣ дар ин самт вазифаи муҳим доранд. Гузаронидани соатҳо тарбиявӣ, маҳфилҳои маърифатӣ ва чорабиниҳои фарҳангӣ метавонад дар баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии донишҷӯён нақши мондагор гузорад.

Таърихи парчамдорӣ дар байни халқҳои ҷаҳон таърихи мубориза барои озодӣ, ҳифзи сарзамин ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ мебошад. Миллати тоҷик низ дорои таърихи куҳан ва фарҳанги ғании давлатдорӣ буда, дар тӯли асрҳо рамзҳои гуногуни давлатдорӣ ва ливоҳои худро истифода кардааст. Ин сарнавишти тақдирсоз то замони мо омада расидааст, ки мардуми сарбаланди кишвари соҳибистиқлоли мо ҳамасола Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бошукуҳу шаҳомат ва арҷгузории бепоён ҷашн мегиранд.

Аз ҷумла, Дирафши Ковиёнӣ дар ривоятҳои таърихию ҳамосии мардуми форсизабон ҳамчун рамзи адолатхоҳӣ, озодӣ ва мубориза бар зидди зулму ситам ёд мешавад. Ин рамзи таърихӣ дар фарҳангӣ миллӣ ҷойгоҳи хос дошта, таҷассумгари ормонҳои деринаи мардум барои зиндагии шоиста ва озоду сарбаландона мебошад. Таърихи парчамдорӣ ҳамчун як воқеаи гузашта набуда, балки мактаби бузурги худшиносӣ ва ватандӯстӣ мебошад. Ин мактаби бузурги хештаншиносӣ миллатро дар руҳияи эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва ҳифзи истиқлолу озодии худ тарбия менамояд.

Мувофиқи моддаи 3 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд. Мақоми ҳуқуқии Парчам дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунгузории кишвар муқаррар гардидааст. Ин меъёри конститутсионӣ аҳамияти бузурги сиёсӣ ва ҳуқуқӣ дошта, нишон медиҳад, ки эҳтиром ба рамзҳои давлатӣ ҷузъи муҳими эҳтиром ба давлат ва истиқлолияи миллӣ мебошад. Ҳифзи Парчами давлати танҳо вазифаи мақомоти давлати нест.

Нодирова Мавзуна, номзади илмҳои филологӣ, дотсент, мудири кафедари методикаи таълими забон ва адабиёти тоҷики факултети филолгия ва рӯзноманигорӣ.