АЗ ДИРАФШИ БОСТОНӢ ТО МУҚАДДАСОТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

Дар таърихи тамаддуни башарӣ, бахусус дар фарҳанги куҳанбунёди халқҳои ориёӣ ва тоҷику форс, дирафш ва парчам ҳамеша на танҳо як аломати ҳарбӣ, балки рамзи давлатдорӣ, ифтихори миллӣ, ваҳдат ва ҳувияти таърихӣ ба шумор мерафтанд. Аз замонҳои қадим аҷдодони мо барои ҳифзи марзу бум, Истиқлол ва номуси ватандорӣ зери як ливо муттаҳид мешуданд. Оини дирафшдорӣ дар «Шоҳнома»-и безаволи ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ бо тамоми ҷузъиёт, рамзҳо ва фалсафаи амиқи худ тасвир ёфтааст.

Таҳқиқу омӯзиши ин мавзуъ имрӯз низ аҳаммияти бузурги илмӣ ва тарбиявӣ дорад. Зеро Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар муқаддасоти миллии мо решаҳои амиқи таърихӣ дошта, идомаи мантиқии ҳамон суннатҳои волои дирафшдории ниёгонамон мебошанд.

Дар «Шоҳнома» дирафш мақоми муқаддас дорад. Афтодани дирафш ба дасти душман баробари шикасти сипоҳ ва беобрӯии миллат дониста мешуд, ва баръакс, барафрошта мондани он нишонаи пирӯзӣ, устуворӣ ва зинда будани рӯҳияи размандагон буд. Ҳар як паҳлавони номвар ва сипаҳсолор дорои дирафши хоси худ буд, ки тавассути ранг ва нақшу нигори он мавқеи ӯ дар майдони набард шинохта мешуд.

Баландтарин ва муқаддастарин парчам дар «Шоҳнома» Дирафши Ковиёнӣ аст. Ин дирафш аз пешдомани чармии Коваи оҳангар ибтидо гирифта, ба рамзи мубориза бар зидди зулму истибдод (Заҳҳоки мордӯш) ва пирӯзии адолату озодӣ (Фаридуншоҳ) табдил ёфт. Подшоҳони баъдӣ онро бо зару гавҳар ва дебои заррин оро дода, ҳамчун парчами асосии давлатӣ ҳифз мекарданд.

Шоёни зикр аст, ки нигаҳбонӣ ва бардоштани Дирафши Ковиёнӣ ба ҳар кас бовар карда намешуд. Ин вазифаи пуршараф бар дӯши яке аз бузургтарин ва боэътимодтарин паҳлавонони Эрон – Тӯси Навзар вогузор шуда буд. Фирдавсӣ ин ҳолатро чунин ба тасвир кашидааст:

Бишуд Тӯс бо ковиёнӣ дирафш,

Зи лашкар чиҳил марди зарринакафш.

Биёвард Тӯс он гиромӣ дирафш,

Або кӯсу пилону заррина кафш.

Чиҳил паҳлавони зарринакафш, ки ҳамроҳи Тӯс буданд, посбонони вижаи ин ливои муқаддас маҳсуб мешуданд.

Дар сохтори ҳарбии бостон, ки дар «Шоҳнома» инъикос ёфтааст, лашкар ба чанд қисм (қалб, маймана, майсара, муқаддама ва соқа) тақсим мешуд. Макони Дирафши Ковиёнӣ ҳамеша дар қалби лашкар (маркази сипоҳ), яъне дар маҳалли қароргирии подшоҳ ё сипаҳсолори кулл буд. Ин амр нишон медиҳад, ки дирафш меҳвари ваҳдат ва идоракунии сипоҳ будааст:

Ту дар қалб бо ковиёнӣ дирафш,

Ҳамедор дар чанг теғи бунафш.

Миёни сипоҳ ковиёнӣ дирафш,

Ба пеш андарун теғҳои бунафш.

Яке аз ҷолибтарин бахшҳои «Шоҳнома» тасвири дирафшҳои инфиродии паҳлавонон аст, ки дар достонҳои гуногун, бахусус дар достони «Рустам ва Суҳроб» (ҳангоми пурсидани Суҳроб аз Ҳаҷир дар бораи хаймаҳо ва дирафшҳои паҳлавонон) бо маҳорати баланди шоирона баён шудааст. Ҳар як рамз дар ин дирафшҳо хусусияти ботинӣ, нерӯи ҷисмонӣ, нажод ва мақоми соҳибашро ифода мекард.

Дирафши Рустами Достон. Рустами Достон – паҳлавони ҷаҳонпаҳлавон ва пуштибони тахту тоҷи Эрон, дорои дирафши бисёр пурҳайбат буд. Ҳангоме ки душманон дирафши ӯро аз дур медиданд, ларза бар андомашон меафтод:

Дирафши маро чун бубинад зи дур,

Дилаш мотам орад ба ҳангоми сур.

Дар дирафши Рустам чанд унсури муҳимми рамзӣ ҷой дода шуда буданд, ки ҳар кадом маънии амиқ доштанд:

  • Ранги замина: Заминаи ин дирафш ранги бунафш ва ё сурх дошт, ки дар фарҳанги бостон нишонаи шукӯҳ, қудрати шоҳӣ ва ҷасорат буд.
  • Тасвири Шер: Шер дар маркази дирафш нишонаи тавоноӣ, покӣ, далерии бемисл ва рамзи давлатдорӣ ба шумор мерафт.
  • Ҳилол (Моҳи нав): Дар болои шер тасвири ҳилол ҷой дошт, ки рамзи ҳукумат, бахту иқболи баланд ва қуввати эзадӣ дониста мешуд.
  • Мори сесар (ё аждаҳо): Дар қисмати дигари парчам тасвири мори сесар нақш ёфта буд, ки нишонаи қувват, тавоноӣ ва даҳшатафканӣ бар душманон буд.
  • Ҷанбаи нуҷумӣ (астрологӣ): Ба андешаи муҳаққиқон, маҷмуи ин унсурҳо (шер, ҳилол, мор) ҳамзамон рамзҳои астрологӣ ва кайҳониро низ ифода мекарданд, ки ба бурҷҳои осмонӣ (бахусус бурҷи Асад (шер) иртибот доштанд.

Қобили зикр аст, ки тасвири Шер ва Хуршед дар парчамҳои сулолаҳои баъдии таърихӣ (аз ҷумла Ғазнавиён, Ғуриён, Темуриён, Сафавиён ва дигар давлатҳои минтақа) идомаи ҳамон анъанаи бостонии тасвири шер дар дирафши паҳлавонон мебошад.

Дирафши Тӯс (Пилпайкар)

Илова бар ин ки Тӯс масъули нигаҳбонии Дирафши Ковиёнӣ буд, ӯ худ низ дирафши шахсии пилпайкар дошт. Пил дар фарҳанги ориёӣ рамзи бузургҷуссагӣ, устуворӣ, нерӯи шикастнопазир ва вазнинии сипоҳ аст:

Бишуд Тӯс бо ковиёнӣ дирафш,

Ба пой андарун заррина кафш.

Яке пилпайкар дирафш аз бараш,

Ба абр андар оварда тобон сараш.

Дирафши Фарибурз (Хуршедпайкар)

Фарибурз – писари шоҳ Кайковус, ки аз хонадони шоҳӣ буд, дирафши хуршедпайкар дошт. Хуршед дар тамаддуни ориёӣ муқаддастарин ҷирми осмонӣ, рамзи рӯшноӣ, ҳаёт, ростӣ ва фарри каёнӣ (шукуҳи подшоҳӣ) мебошад:

Або гурзу бо тоҷу заррина кафш,

Паси пушт хуршедпайкар дирафш.

Дирафши Густаҳм (Моҳпайкар)

Густаҳм яке аз паҳлавонони номвари эронӣ, дирафши моҳпайкар дошт. Моҳ рамзи зебоӣ, нур дар торикӣ, оромиш ва тағйирнопазирии чархи гардун аст:

Яке моҳпайкар дирафш аз бараш,

Ба абр андар оварда тобон сараш.

Дирафши Исфандиёр (Бабр ва Ҳумой)

Исфандиёр – шоҳзодаи рӯйинтан ва паҳлавони бузург, дирафши бисёр зебо ва пурмаъно дошт, ки дар он тасвири бабр ва парандаи афсонавии Ҳумой ҷой дода шуда буданд:

Дирафши дурафшон ба сар бар ба пой,

Яке пайкараш бабру дигар ҳумой.

Бабр рамзи чолокиву ҷасорат ва Ҳумой рамзи саодат, бахту иқболи баланд ва давлатдории одилона мебошад. Ҷолиб аст, ки ин рамзи бостонии ниёгони мо то имрӯз зинда аст: чунончи, тасвири парандаи Ҳумой дар маркази Нишони давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҳамчун рамзи сулҳ, саодат ва озодӣ ҷой гирифтааст.

Дар «Шоҳнома» номгӯи дирафшҳои дигар паҳлавонон низ омадааст, ки гуногунии олами ҳайвонот ва табиатро дар рамзшиносии ҳарбии ниёгон нишон медиҳад:

Дирафши Гударз (Гургпайкар): Гударз- пири хирадманд ва сарлашкари пуртаҷриба, дирафши гургпайкар дошт. Гург рамзи зиракӣ, гурӯҳсолорӣ, сабр ва ҳамлаи ногаҳонӣ ба душман аст:

Пасаш гургпайкар дирафши дароз,

Ба гирдаш басе мардуми размсоз.

Дирафши Гурозаи Гевгон (Гурозпайкар): Гуроза дирафше бо пайкараи гуроз (хуки ваҳшии нар) дошт, ки дар болои он моҳи заррин нақш баста буд. Гуроз рамзи бебокӣ, ҳамлаи сахт ва ақиб нанишастан дар набард аст:

Дирафше паси пушт пайкар – гуроз,

Сараш моҳи заррину боло дароз.

Дирафши Шедуш (Бабрпайкар): Шедуш бародари Гударз, дирафше бо нақши бабр дошт.

Дирафши Фарҳод (Говмешпайкар): Фарҳод дирафше бо тасвири говмеш дошт, ки рамзи қудрати ҷисмонӣ, сабру таҳаммул ва устуворист.

Дирафши Баҳроми Гударз (Ғурмпайкар): Баҳром дирафши ғурмпайкар (қӯчқори кӯҳӣ) дошт, ки рамзи чобукӣ ва сарбаландӣ дар кӯҳистон мебошад.

Дирафши Уқобпайкар: Уқоб рамзи тезбинӣ, баландпарвозӣ, озодӣ ва ғолибият дар осмонҳост, ки дар дирафши бархе аз паҳлавонон ва лашкаргоҳҳо ба кор мерафт.

Анъанаи дирафшдории дар «Шоҳнома» тасвиршуда пас аз густариши ислом низ дар давлатҳои тоҷикию форсӣ қатъ нагардид, балки шаклҳои нав ба худ гирифт. Масалан, дар давраи Ғазнавиён ва Ғуриён дирафшҳои сиёҳу сурх бо нақши моҳу офтоб, шер ва панҷаи рамзӣ дар болои чӯби парчам истифода мешуданд.

Илова бар ин, дар дастхатҳои нодири «Шоҳнома», ки бо миниатюраҳои ҳунармандонаи мактабҳои рассомии Ҳирот, Шероз, Табрез ва Бухоро оро ёфтаанд, саҳнаҳои разм бо дирафшҳои рангоранг (сурх, сабз, зард, бунафш) тасвир шудаанд. Дар ин миниатюраҳо дирафшҳо дар болои сари сарбозон мавҷ мезананд ва бо карнайву кӯсҳои ҳарбӣ якҷоя фазои пуршукӯҳи набардро инъикос мекунанд. Ин нигораҳо гувоҳи он аст, ки дирафш дар шуури эстетикӣ ва таърихии миллати мо ҳамчун ҷузъи ҷудонашавандаи ҳувият нақш бастааст.

Боиси ифтихору ёдоварист, ки имрӯз Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон идомаи рамзии ҳамин суннати пурифтихори таърихӣ мебошад. Он дар фазои Истиқлоли давлатӣ ҳамчун нишони соҳибихтиёрӣ, сарҷамъӣ, субот ва худшиносии миллии мардуми тоҷик парафшон аст. 24 ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Парчами давлатии Тоҷикистон қабул гардид. Ин рӯйдод дар таърихи давлатдории навини тоҷикон саҳифаи муҳим ва хотирмон ба шумор меравад.

Парчами миллии мо аз се рахи уфуқии ранга иборат аст, ки ҳар яки он маънии амиқи таърихӣ ва фалсафӣ дорад:

  • Ранги сурх – рамзи озодӣ, истиқлол, муборизаи фидокоронаи ниёгон барои ҳифзи Ватан (ҳамрадиф бо ранги сурху бунафши Дирафши Ковиёнӣ ва дирафши Рустам) ва гармии офтоб;
  • Ранги сафед – рамзи покизагӣ, сулҳу оромӣ, нияти нек, роҳи сафеди оянда, кӯҳҳои барфпӯши Тоҷикистон ва боигарии «тиллои сафед» (пахта);
  • Ранги сабз- рамзи сарсабзиву хуррамӣ, табиати биҳиштосо, кишоварзӣ, ҷавонӣ ва шукуфоии кишвар.

Дар маркази рахи сафед тоҷи заррин ва болои он ҳафт ситораи дурахшон дар шакли нимдоира тасвир ёфтаанд. Тоҷ рамзи соҳибдавлатӣ, тамаддуни куҳан ва номи худи миллати «тоҷик» (тоҷдор) аст. Ҳафт ситора бошад, рамзи ҳафт иқлим, ҳафт табақаи осмон, ҳафт фазилати нек (пиндори нек, гуфтори нек, кирдори нек…) ва ҳафт минтақаи таърихию фарҳангии Тоҷикистон мебошад.

Барафрохта шудани яке аз баландтарин парчамҳои ҷаҳон дар пойтахти азизамон – шаҳри Душанбе (бо баландии 165 метр) нишонаи эҳтироми бепоёни мардуми тоҷик ба ливои миллӣ ва идомаи суннати барафрошта нигоҳ доштани дирафш дар «қалби лашкар» ва қалби Ватан аст.

Дар ин раванд, нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ, эҳёи арзишҳои таърихӣ ва боло бурдани мақоми рамзҳои давлатӣ дар ҳаёти ҷомеа мавриди таваҷҷуҳи хос қарор дорад. Дар даврони соҳибистиқлолӣ бо ташаббусҳои давлат ва роҳбарияти кишвар Парчами миллӣ ҳамчун рамзи ваҳдату сарҷамъӣ ва муаррифгари Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мақоми хосса пайдо кардааст. Боиси сарфарозию бахти баланди мардуми Ватани маҳбубамон, имрӯз Парчами Тоҷикистон дар минбарҳои баланди созмонҳои байналмилалӣ, ҳамоишҳои сиёсиву фарҳангӣ, мусобиқаҳои варзишӣ ва чорабиниҳои сатҳи ҷаҳонӣ парафшон мегардад. Ҳар боре ки парчами кишвари мо дар арсаи байналмилалӣ баланд мешавад, он на танҳо рамзи ҳузури як давлат, балки нишонаи шинохти таърих, фарҳанг ва тамаддуни миллати тоҷик мебошад.

Аз баракати Истиқлол, сулҳу субот ва талошҳои пайгирона дар самти таҳкими давлатдорӣ, имрӯз Парчами Тоҷикистон дар гӯшаҳои гуногуни ҷаҳон парафшон аст. Ин манзара барои ҳар як шаҳрванди кишвар эҳсоси ифтихор, масъулият ва муҳаббат ба Ватанро бедор мекунад. Хусусан, қомат афрохтани Парчами давлатӣ дар баландтарин пояи парчам дар шаҳри Душанбе, ки яке аз рамзҳои муҳимми пойтахти Тоҷикистон ба шумор меравад, ифодаи равшани эҳтиром ба истиқлол ва давлатдории миллӣ мебошад.

Эҳтиром ба Парчами давлатӣ танҳо дар васфи он ё тамошои парафшониаш маҳдуд намешавад. Ин эҳтиром пеш аз ҳама дар рафтору кирдор, садоқат ба Ватан, ҳифзи арзишҳои миллӣ, риояи қонунҳо, саҳмгузорӣ дар ободии кишвар ва тарбияи насли худогоҳу ватандӯст зоҳир мегардад. Яке аз лаҳзаҳои пурмаънои арҷгузорӣ ба Парчами миллӣ маросими савгандёдкунии хизматчиёни ҳарбӣ мебошад. Вақте сарбозону афсарон дар назди Парчами давлатӣ савганди садоқат ёд мекунанд ва онро ҳамчун рамзи муқаддаси Ватан мебӯсанд, ин амал ифодаи рамзии аҳду паймон, масъулият ва омодагӣ барои ҳифзи истиқлолу тамомияти арзии кишвар мебошад.

Бӯсидани Парчам дар маросими савгандёдкунӣ танҳо як амали расмӣ нест. Он лаҳзаест, ки эҳсоси муҳаббат ба Ватан, эҳтиром ба таърихи миллат ва садоқат ба давлат дар як ҳаракати рамзӣ таҷассум меёбад. Сарбоз бо ин амал баён мекунад, ки ҳифзи марзу буми кишвар, оромии мардум ва муқаддасоти миллӣ вазифаи шарафмандонаи ӯст. Чунин лаҳзаҳо дар тарбияи ҳисси ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва эҳтиром ба рамзҳои давлатӣ аҳаммияти бузург доранд.

Ҳамин тавр, Парчами давлатии Тоҷикистон на танҳо мероси рамзии оини дирафшдории ниёгон, балки таҷассумгари роҳи таърихии миллат аз давраҳои бостон то замони истиқлоли давлатӣ мебошад. Он моро ба гузашта мепайвандад, дар замони имрӯз сарҷамъ месозад ва ба сӯи ояндаи ободу осуда раҳнамоӣ мекунад. Эҳтиром ба Парчам эҳтиром ба таърих, забон, фарҳанг, давлат ва ҳастии миллат аст. Зеро ҳар қадаре ки парчами як миллат баланд парафшон бошад, ҳамон қадар эҳсоси худшиносӣ, ифтихор ва масъулияти шаҳрвандии фарзандони он миллат неруманд мегардад.

Парчами миллӣ -китоби кушодаи таърихи мост; дар рангҳои он шуҷоати ниёгон, дар тоҷи он шукӯҳи давлатдорӣ ва дар парафшонии он ормони ҷовидонаи миллати тоҷик таҷассум ёфтааст.

Оини дирафшдорӣ дар «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ як падидаи тасодуфӣ нест, балки инъикоси фарҳанги волои давлатдорӣ, низоми мукаммали ҳарбӣ ва ҷаҳонбинии фалсафию рамзшиносии ниёгони мо мебошад. Аз Дирафши Ковиёнӣ, ки дар қалби лашкар таҳти нигаҳбонии паҳлавон Тӯс парафшон буд, то дирафшҳои пурҳайбати Рустам, Исфандиёр, Фарибурз ва Гударз – ҳамагӣ як ҳадафи ягонаро пайгирӣ мекарданд: ҳифзи Ватан, таъмини адолат ва бақои миллат.

Имрӯз Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон вориси ҳақиқии Дирафши Ковиёнии ниёгони мост. Эҳтиром гузоштан ба Парчам, Нишон, Суруди миллӣ ва дигар муқаддасоти Ватан қарзи шаҳрвандӣ ва виҷдонии ҳар як фарди бедордил аст. Зеро миллате, ки парчами худро баланд ва муқаддас медорад, ҳамеша сарбаланд, муттаҳид ва пирӯз хоҳад буд.

Қамбаров Ниёзалӣ, дотсенти кафедраи филологияи Шарқи Наздики факултети тарҷумонии забонҳои Шарқ