МОНОГРАФИЯИ МУДИРИ КАФЕДРАИ ЖУРНАЛИСТИКА ВА ИТТИЛООТИ РАҚАМӢ ИНТИШОР ГАРДИД

Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон монографияи ҷавони пуркори Донишгоҳ, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Доро Наврӯззода бо номи “Мавзуъ ва мундариҷаи ғоявии ашъори сиёсию иҷтимоии Низом Қосим”, зери назари номзади илмҳои филологӣ, дотсент Бахтиёр Абдурраҳимзода интишор гардид.

Дар монография бори аввал истифодаи мавзуъҳои сиёсию иҷтимоӣ дар ашъори даврони бозсозӣ ва солҳои аввали Истиқлоли кишвар дар мисоли эҷодиёти яке аз шоирони навгаро – Низом Қосим мавриди таҳқиқ қарор гирифтааст.

Монография ҳамчун манбаи мукаммали илмию таҳлилӣ ба доираи васеи хонандагон тавсия дода мешавад.