ХУШХАБАР! ДОНИШҶӮИ ДОНИШГОҲ СОҲИБИ СТИПЕНДИЯИ САФИРИ ЧИН ДАР СОЛИ 2026 ГАРДИД

Дар Донишкадаи Конфутсийи назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон маросими ботантанаи супоридани мукофотҳои “Стипендияи Сафири Чин” барои соли 2026 баргузор гардид.

Боиси хушнудист, ки дар ин маросим донишҷӯи курси дуюми факултети тарҷумонии забонҳои Шарқи Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода Меҳрона Мирзоева сазовори “Стипендияи Сафири Чин” дар соли 2026 гардид.