ИФТИТОҲИ КАФЕДРАИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА ПЕДАГОГИКАИ РАҚАМӢ ДАР ДОНИШГОҲ

4 ноябри соли 2026 дар партави Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода кафедраи зеҳни сунъӣ ва педагогикаи рақамӣ ифтитоҳ ёфт.

Дар маросими ифтитоҳии кафедра ректори Донишгоҳ профессор Жило Гулназарзода, сардори Раёсати тарбияи ватандӯстии Дастгоҳи марказии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмудзода Нусратулло ва омӯзгорон иштирок намуданд.

Ректор аз кафедраи навтаъсис боздид карда, инчунин иброз дошт, ки рушди технологияи рақамӣ ва зеҳни сунъӣ дар саросари ҷаҳон масъалаи муҳим арзёбӣ гардидааст. Бо иқдому роҳнамоиҳои Пешвои миллат барои вусъат додани технологияи муосир дар раванди таълим ва илму фарҳанг ташаббусҳои созанда анҷом ёфта истодааст. Ифтитоҳи кафедраи зеҳни сунъӣ ва педагогикаи рақамӣ маҳз дар партави сиёсати устуворонаи давлату Ҳукумати кишвар дар самти рақамикунонӣ роҳандозӣ гардидааст.

Дар рафти боздид аз кафедраи навтаъсис се робот – бехатар (Дианелла), ҳифзшуда (сагчаи роботӣ) ва боэътимод (ёрдамчӣ) намоиш дода шуда, бо забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ меҳмононро шодбош гуфт.

Дар фарҷом роҳбари муассиса ба мудири кафедра, ҳайати профессорону омӯзгорон таъсиси кафедраи зеҳни сунъӣ ва педагогикаи рақамиро шодбош гуфта, барои фаъолияти минбаъдаи омӯзгорон барору комёбӣ нисор дошт.