КОНСТИТУТСИЯ –ОМИЛИ ТАҲКИМИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки санаи 6 ноябри соли 1994 бо иродаи озоди мардум тавассути раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид, санади олитарини ҳуқуқӣ ва сиёсӣ дар таърихи давлатдории навини тоҷикон маҳсуб меёбад. Аз ин рӯ, ин санаи муборак ҳамчун Рӯзи Конститутсия дар кишвар мақоми расмӣ гирифта, ҳамасола бо шукуҳ ва гиромидошти хосса ҷашн гирифта мешавад.

Боиси тазаккур аст, ки қабули Конститутсия дар марҳилаи Истиқлоли давлатӣ поягузори низоми ҳуқуқӣ ва сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон гардид ва дар таъмини Истиқлоли давлатӣ, ваҳдати миллӣ ва рушди ҷомеаи демократӣ нақши бузург бозид.

Воқеан, пас аз фурӯпошии Иттиҳоди Шуравӣ ва ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ Тоҷикистон ниёз ба як ҳуҷҷати асосии ҳуқуқӣ дошт, ки пояҳои сохтори навини давлатдориро муайян намояд. Дар ин марҳала, дар шароити душвори сиёсиву иҷтимоии солҳои аввали Истиқлол, таҳия ва қабули Конститутсия яке аз муҳимтарин қадамҳои таърихии миллат дар эъмори давлати ҳуқуқбунёд, демократӣ ва дунявӣ буд, ки дар ин ҷода ҷиҳати таҳияву самтгирии дақиқу мантиқӣ ва дурандешонаву оқилона саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ниҳоят мондагор ва боризу таърихист.

Албатта, дар меҳвари Конститутсия принсипҳои асосии давлатдорӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, асосҳои сохтори давлатӣ ва низоми идораи давлатӣ ба таври возеҳ дарҷ ёфта, аз ҷумла соҳибихтиёрӣ ва истиқлолияти давлатӣ, ҳокимияти халқ, волоияти қонун, тақсимоти ҳокимият ба се шоха (қонунгузор, иҷроия ва судӣ), эътирофи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ҳамчун арзиши олӣ масоили умда ва калидӣ ба ҳисоб мераванд.

Чуноне дар моддаи якуми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тарзи давлатдории миллӣ ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона закр ёфтааст, муқаррароти мазкур самти асосии рушди сиёсӣ ва иҷтимоии кишварро муайян менамояд.

Боиси тазаккур аст, ки қабули Конститутсия на танҳо ба устувор гардидани пояҳои ҳуқуқии давлат мусоидат кард, балки дар таҳкими ваҳдати миллӣ, амнияти ҳуқуқӣ ва рушди иҷтимоӣ нақши калидӣ бозид. Зеро маҳз Конститутсия шароити ҳуқуқиро барои рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар ва роҳандозии ҳамкориҳои байналмилалии Тоҷикистон фароҳам овард. Бо такя ба принсипҳои он, иловаҳо ба Конститутсия дар солҳои 1999, 2003 ва 2016 сурат гирифт, ки онҳо ба мукаммал шудани низоми идоракунии давлатӣ ва баланд бардоштани самаранокии ҳокимият мусоидат намуданд.

Бо назардошти воқеиятҳои таърихӣ ва зарурати замон, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади сарнавиштсоз буда, кафолати пойдории истиқлолият ва рушди давлатдории миллӣ мебошад. Он на танҳо қонуни асосии кишвар, балки таҷассумгари рамзи ваҳдат, адолат ва худшиносии миллии тоҷикон аст. Аз ин рӯ, ҳамасола таҷлили Рӯзи Конститутсия ҳамчун рамзи эҳтиром ба арзишҳои ҳуқуқӣ ва миллӣ моро водор месозад, ки ба иҷрои садоқатмандонаи қонун ва эҳтироми волоияти он дар ҷомеа аҳамияти бештар диҳем, зеро яке аз шартҳои асосии ҷомеаи меърифтмеҳвар ин эҳтироми Конститутсия ва бархурдор будан аз он аст.

Боиси тазаккур аст, ки дар замони муосир ҳамаи кишварҳои мутамаддини ҷаҳон дар асоси эҳтиром ва Конститутсия ва дар ин замина риояи ҳамаҷонибаи ҳуқуқу қонунгузориҳои миллӣ ва давлатиашон рушду такомул пазируфтаанд. Аз ин нигоҳ, эҳтиром ба Конститутсия инъикосгари он аст, ки мардуми Тоҷикистон соҳиби фарҳангу маърифати пешрафтаи ҳуқуқӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ ва масъулияти баланди шаҳрвандӣ мебошанд. Имрӯз бо қаноатмандӣ метавон гуфт, ки ин санади сарнавиштсози таърихӣ манфиатҳои олии миллат ва давлати соҳибистиқлоламонро инъикос намуда, ба омили муҳимтарини кафолати устувории ҳаёти сиёсии ҷомеа мубаддал гардид.

Ҳамин тариқ, Конститутсия аз як тараф, барои рушди давлати демократӣ ва таъсиси низоми самарабахши ҳокимияти давлатӣ заминаи ҳуқуқӣ гузошта, аз ҷониби дигар, барои сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ дар саросари мамлакат шароити мусоид фароҳам овард. Конститутсия ҳамчун муҳимтарин омили таъмини Истиқлоли миллӣ ва якпорчагии кишвар тағйирнопазир будани шакли идораи ҷумҳурӣ, тамомияти арзӣ, моҳияти демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ ва иҷтимоии давлатро кафолат дода, халқи Тоҷикистонро сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ эътироф намуд ва миллати тоҷик дар заминаи маҳсули андешаи миллӣ тавонист ҷомеаи воқеан маърифатмеҳвару ҳуқуқбунёдро барпо намояд.

Ашуров Ардамеҳр, н.и.т., дотсенти кафедраи забонҳои романӣ – германии факултети забонҳои Аврупо.