ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛИИ ҶАВОНОН ДАР ПАРТАВИ ҒАМХОРӢ ВА ДАСТГИРИҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

Неруи ҷавонон яке аз муҳимтарин манбаи тараққӣ дар раванди рушди ҳар як кишвар ба ҳисоб меравад. Аз ин лиҳоз, ҷавонон сармояи бузурги ҷомеаи тамоми кишварҳо маҳсуб меёбанд. Муваффақият ва пешрафти ҳар кишвар ба саъйу талоши ҷавонони он кишвар зич алоқаманд аст. Аз ин рӯ, имрӯз дар дунё барои таълиму тарбияи ҷавонон сармояи зиёде ҷудо мешавад, зеро ташкили ҷомеаи муваффақ вобаста ба иштироки ҷавонон дар шохаҳои мухталиф мебошад.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин табақаи ояндасози миллат таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамоянд. Боиси ёд кардан аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз соли 1994, ҳангоми суханронӣ дар Анҷумани якуми ҷавонони Тоҷикистон бо итминони қавӣ ва эътимодбахш ба ин қишри пурқуввати ҷомеа такя намуда, чунин таъкид карда буданд: “Мо бояд дар ҷавонон ҳисси ватандӯстиро парвариш намоем. Онҳо дар чунин руҳия ба воя расанд, ки барояшон ҳар пора хоки Тоҷикистон азизу муқаддас бошад. Ҳифз кардани онро барои худ шарафи бузург донанд.”

Ба масъалаи парвариши ҳисси ифтихори миллӣ пеш аз ҳама, ба хотири тақвияти ватандӯстии шаҳрвандон, таъмини ҳастӣ ва бақои ободии миллат ва Ватан мебошад. Бидуни тардид, таваҷҷуҳ ба ин масъалаи ҳаётан муҳим ғамхорӣ нисбат ба парвариши рӯҳӣ ва маънавии насли ҷавон аст, ки хушбахтона ин раванд дар ҷомеаи кунунии мо бо рангу шеваҳои судбахш рӯйи кор меояд. Насли тозараси ҷомеа маҳз дар ҳамин рӯҳия ва муҳит камол меёбанд ва баҳри расидан ба ормонҳои ниҳоии худ ҷаҳду талош менамоянд.

Сиёсати давлатии ҷавонон ба ҳайси падидаи афзалиятнок шинохта шуда, аз сиёсати дурандешона ва оянданигари Пешвои миллат шаҳодат медиҳад. Дар ин ҳама гирудорҳои пуршебу ҷаҳонишавии замони муосир, ки бо гунаҳои мухталиф ҷомеаи ҷаҳониро ба худ машғул медорад, аз ҳар яки мо, бахусус ҷавонон зиракии сиёсӣ ва бедории комилро хоҳон аст. Ҷавҳари асосии сиёсати давлатии ҷавонон муқаддамтар аз ҳама дар он зуҳур меёбад, ки ҷавонҳоро дар руҳияи ватандӯстӣ ва ғурури миллӣ тарбият намуда, дар тайёр кардани мутахассисони соҳибкасбу ҷавобгӯи талаботи бозори меҳнат фаъолияти босамар ва натиҷаоварро анҷом диҳем. Чуноне, ки Пешвои муаззами миллат қайд намуда буд: “Сифати таҳсилот калиди ояндаи муваффақият аст. Маориф дар сиёсати давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон самти асоси ва стратегӣ мебошад”. Аз ин рӯ ҷавонон сараввал бояд масъулияти баландро эҳсос намуда, ҳар чи бештар шароитҳои мусоиди замони истиқлолро истифода намоянд ва мутахасиссони баланди ҷавобгӯйи стандартҳои байналмилалӣ шуда, дар пешрафти ватан, некуаҳволии миллат ва ҳифзи манфиатҳои он саҳми босазо гузоранд.

Моҳияти аслӣ ва равишманди ин сиёсат, ки мақсад ва вазифаи бунёдии онро омода намудани ҷавонони корсозу бунёдкор ва мусаллаҳ бо дониши фароху фарогир ташкил медиҳад, аз се ниҳод: оила, муассисаи таълимӣ ва ҷомеа тақозои онро дорад, ки дар парвариши мустақими насли тозараси ҷомеа боэҳтиёт бошанд. Зеро андаке беэътиноӣ ва каммасъулиятӣ зоҳир намудан дар ҷодаи тарбият ва таълим ҷавононро метавонад, ки дар пайроҳаи пурпечутоби рӯзгор раҳгум гардонад. Ба таъбири пурмуҳтавон Пешвои миллат фақат “одамони бомаърифат, мутахассисони варзидаву обрӯманд, хушахлоқ ва дорои тафаккури созанда масъулияти имрӯзу ояндаи Ватанро ба уҳда гирифта метавонанд”.

Афзун ба ин, ҷомеа ҳамон вақт бунёди мустаҳкам дошта метавонад, ки боварҳои олӣ асоси ҳастии онро ташкил диҳанд. Ин боварҳо ва ормонҳо сарчашмаи пешрафтҳои бузург шуда метавонанд. Боварҳо ормонҳоро дар худ ҳифз мекунанд. Танҳо аз тариқи интишор ва такмили боварҳо ҷомеа пеш меравад. Дар сурате мо ба ҳадаф мерасем, ки агар боварҳо андеша ва имони насли ҷавонро ба ҳаракат дароварда тавонанд. Дар роҳи амалӣ сохтани ин ҳадаф такя ба ақлу заковати фарогир намудан ва дар иҷрои кулли корҳои ба уҳдагирифта заҳмати содиқона кашидаи зарур меояд. Танҳо дар ҳамин сурат ормонҳои инсон воқеӣ мешаванд. Зикри ин нуқтаи муҳим дар ҳидоятҳову роҳнамоиҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифода ёфтаанд.

Вобаста ба ин, барои камол бахшидан ба тасаввуроти маънавии ҷавонон парваришу хислатҳои поквиҷдонӣ, некхоҳӣ, хоксорӣ, меҳрубонӣ ва адолатнокӣ нақши муҳим доранд. Ин хислатҳо барои покии руҳ ва камоли маънавии насли ҷавон муҳим буда, заминасози камолоти инсонӣ ва ватандории онҳост. Ҷавонон бояд шиори аҷдодони моро, ки ававалин қоидаи тиллоии ахлоқ ва маърифатро барои нсоният аз қабили “Пиндори нек, гуфтори нек ва рафтори нек” изҳор карда буданд, сармашқи кори ва фаъолитя худ намуда, масъулияти дучандро чи аз барои амали шудани армонҳои аҷдодони гузашта ва чи барои ояндаи миллат ва ватани хеш зоҳир намоянд.

Мусалламан, ҳадафҳои миллии таълим ва тарбият дар замони мустақилият шакл ва моҳияти хос пайдо кард. Масъалаҳои бозгашт ба асли хештан, ба асолати фарҳангӣ ва суннатӣ, эҳё ва таблиғи маънавиёт дар ҷомеа, забономӯзи, тақвияти илмҳои дақиқ, аз худ намудани техника ва технологияи замонавӣ бахусус дар байни ҷавонон аз тариқи истифодаи шеваҳои суннати омӯзишӣ ва таваҷҷуҳ ба улуми инсонӣ дар низоми омӯзишу парвариш, истифодаи технологияи рақами ва идораи зеҳни сунъи аз муҳимтарин равишҳое ҳастанд, ки мо бояд аз онҳо пурсамар истифода бурда, ҳамқадами замон ва рақаобатпазир бошем.

Мазмун ва моҳияти мафкураи нави масъулиятшиносиро бояд ҳисси ифтихори миллӣ, давлатдорӣ, ватандӯстиву инсонпарварӣ, умуман арзишҳои миллию умуми башарӣ ташкил диҳад. Аз ин таъқиди пурмазмун метавон чунин хулоса бардошт, ки дар зеҳну шуури насли тозараси ҷомеа тарбият намудани эҳсоси гарми худогоҳӣ ва худшиносии таърихӣ, илмомӯзӣ таҳти таваҷҷуҳи ҳамешагии давлат қарор доранд.

Пешвои миллат истиқлоли воқеӣ ва босамари кишварро дар таъйини ҳадафҳои ватанхоҳӣ, миллатдӯстӣ, ормонҳои таърихсози иҷтимоиву маънавӣ дида, мувофиқи талаботи замони нав, замони ба истилоҳ ҷаҳонишавӣ ҳадафҳову идеалҳо ва равишҳои дарёфт ва таҳкими ин арзишҳоро ба дурустӣ муайян намуданд.

Дар масири таърихи инсоният ҷавонон ба мисоли қувваи пештоз ва нерӯи тавонманди ҷомеа муаррифӣ гардида, ояндаи давлату миллат аз онҳо бастагӣ дорад. Зеро ҷавонон насли давронсози замон, соҳибони имрӯзу фардои миллат ва такягоҳи боэътимоди давлати соҳибистиқлоламон мебошанд.

Барои баланд бардоштани маърифат, илм ва фарҳангии ҷавонон давлат таваҷҷӯҳ зоҳир намуда, дар ин самт барномаву дастурҳои ҷолиб пешорӯи онҳо гузошта шудааст, то ки ба ин васила ҷавонон бо дасту дилу гарм дар ободонии кишвар саҳмгузор бошанд.

Пешвои миллат пайваста таъкид ба он мекунанд, ки ҳар миллате ба василаи таълим ва тарбият фарҳанг, мероси фикрӣ ва ақлии худро ба наслҳои ҷадид интиқол медиҳад ва идеалҳою ормонҳои ҳаётиро ба онҳо талқин менамояд. Ин ба он маъност, ки дар тарбияти ҷавонони хушахлоқ ва донишманд ҳар нафаре аз мо худро масъул донем, то он ки ҳар кадоме шоистагии анҷом додани вазифа ва рисолаташонро ба тавре ки дархӯри мақом ва мутобиқи шаъни инсон аст, доро бошанд. Бошад, ки ба ин равиши парвариш ҷавонон битавонанд ормонҳояшонро воқеӣ созанд.Дар ҳақиқат имрӯз шоҳиди он гардида истодаем, ки ҳамасола шумораи мутахассисони ҷавону лаёқатманд ва роҳбарикунанда дар кишвар меафзояд ва ибораи “Ояндаи давлат дар дасти ҷавонон аст” ба воқеият табдил меёбад.

Далели ин ҳама гуфтаҳо иқдомҳои пайвастаи Пешвои миллат баҳри ҳавасманд гардонидани наврасону ҷавонон ва умуман мардуми кишвар ба китобхонию сухангӯӣ ва рӯ овардани ҷавонон ба илмҳои дақиқ ва табиатшиносӣ роҳандози мегардад. Гузашта аз ин, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста ба аҳли зиё ва кормандони соҳаи илму маориф вохуриҳо анҷом дода, бурду бохт, дастовардҳо ва роҳҳои рушди бештари соҳаи илму маорифро ҳамаҷониба мавриди таҳлилу баррасӣ қарор медиҳанд. Пешвои муаззами миллат низ бо иқдоми созандаи худ ҷавонон ва умуман ҷомеаи Тоҷикистонро талқин менамояд, ки роҳи илм, созандагию бунёдкорӣ ва ихтироъкориро аз китобҳо ҷӯё бошанд. Донишҳои муосирро аз худ намуда, дар пешрафти Тоҷикистони азиз саҳмгузор бошанд.

Бинобар ин, бо мақсади баланд бардоштани тафаккури техникӣ ва аз илмҳои бунёдӣ огоҳ будани ҷавонону наврасон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои 2020-2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” эълон карда шуд. Ҳамчунин бо мақсади дарёфти истеъдодҳои ҷавонон ва ҳавасманд намудани олимону муҳақиқон ба омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ ва риёзӣ озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат” таъсис дода шуд”. Озмунҳои дигар ба монанди “Фурӯғи субҳи донои китоб аст”, “Тоҷикон-оинаи таърихи миллат”, ки дар рушди илм, тарбияи олимони ҷавон заминаи боэътимод аст, роҳандозӣ намудаанд.

Хамчунин бо мақсади ҳавасмандгардонии олимон ва пешрафти илму маориф дар кишвар ва муаррифии дастовардҳои олимони ҷавон дар сатҳи байналмилалӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон унвонҳои фахрии Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон ва Корманди шоистаи Тоҷикистон, Ҷоизаи Президенти Тоҷикистон дар соҳаи маориф, Ҷоизаҳои давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаҳои илм ва техника, Ҷоизаи давлатӣ барои олимону омӯзгорони фанҳои табиӣ ва риёзӣ, ҷоизаҳои давлатии ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон таъсис дода шудаанд. Инчунин, даҳҳо ҳазор хонандагону донишҷӯёни кишвар намудҳои гуногуни стипендия, аз стипендияи президентӣ то стипендияҳои раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳоро мегиранд. Ҳамаи ин тадбирҳои андешидаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикситон бо мақсади дастгирии олимони ҷавону ихтирирокор буда, мақсади асосӣ аз илмҳои замони муосир бархудор будани олимони ҷавон мебошад.

Ҳамин тариқ, корҳои то имрӯз амалигардида гувоҳанд, ки аз рӯзҳои аввали ташкили давлати соҳибистиқлол илму маориф дар сиёсати Ҳукумати кишвар ва Пешвои миллат мавқеи меҳварӣ дошта, олимону муҳаққиқон ва омӯзгорону зиёиён неруи созанда ва пешбарандаи ҳамаи соҳаҳои ҳаёти кишвар мебошанд.

Дар партави ғамхорӣ ва дастигириҳои ҳамешагӣ мо ҷавононро зарур аст, ки бо шукургузорӣ аз фазои сулҳу оромӣ, Истиқоли давлатӣ ва ваҳдати миллиро ҳифз намуда, баҳри рушди илму саноати ватанӣ ва баланд бардоштани мақоми он дар арсаи байналмилалӣ, ба стандартҳои байналмиалӣ ҳамчун мутахассис ҷавобгу будан, ҳамқадами замон ва хештаншинос будан, рақобатпазир дар ҷомеаи иттилооти ва техники будан, талош варзем. Масъулияти худро дар назди давлатамон, миллатамаон насли имрузу оянда ба субот расонида, ҷиҳати татбиқшавии манфиатҳои миллӣ дар илм ва созандагӣ ҷаҳду кӯшиши даркориро анҷом диҳем, чунки яке аз вазифаҳои асосии олимони ҷавон – ин ташаккули ҷомеаи мутамаддини аз нигоҳи ахлоқию маърифатӣ, иқтисодию-технологӣ, ва маънавию-фарҳангӣ рушдкарда мебошад.

Қобилов МУҲАББАТШО, номзади илмҳои сиёсатшиносӣ, декани факултети муносибатҳои байналмилалӣ,

Қаюмов ШАҲЗОД, докторант (PhD) – и курси дуюми Донишгоҳ.